Ёдовар мешавем, ки дар дақиқаи 28-ум, дар мавриде, ки ҳисоби бозӣ 1:0 ба фоидаи “Вахш” буд, бенизомиҳову задухӯрди бозигарони ҳарду даста шурӯъ шуд. Сардовар Рустам Абдуллоев ба се бозигари дастаи меҳмону як бозигари дастаи мизбон корти сурх, яъне маҳрум шудан аз ҳаққи идомаи бозиро нишон дод. Ва аммо баъд меҳмонон ба сардовар дарафтода, ӯро сахт лату кӯб карданд. Дар натиҷа Рустам Абдуллоевро бо сару рӯи хунолуда бо мошини “ёрии таъҷилӣ” ба беморхона интиқол доданд ва бозӣ пеш аз мӯҳлат хотима ёфт.
Сафар Каримов, раиси кумитаи назорату интизоми Федератсияи футболи Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт: “Баъди баррасии гузориши ин бозӣ бар асоси низомномаи мусобиқот дастаи “Равшан” барои бетартибиҳо ва авбошӣ, ки боиси пеш аз мӯҳлат қатъ ёфтани бозӣ гардид, бо ҳисоби 0:3 мағлуб дониста, ба тими “Вахш” се имтиёз дода шуд. Комрон Саидов, бозигари “Равшан”, барои лату кӯби сардовар Рустам Абдуллоев ба мӯҳлати як сол ва ҳамдастааш Фирдавс Абдуллоев барои бори дуввум задани доварон ба мӯҳлати ду сол аз ҳаққи бозии футбол маҳрум шуданд. Баҳодур Шарифов, бозигари “Вахш” барои занозанӣ бо рақибаш аз ҳаққи ширкат дар 5 бозӣ маҳрум карда, ба маблағи 500 сомонӣ ҷарима андохта шуд”.
Сафар Каримов, инчунин, хабар дод, ки бояд бозӣ идома дода, то ба охир мерасид. Ба ҷои сардовари маҷрӯҳшуда мебоист довари эҳтиётӣ Комил Қурбонов, аз шаҳри Турсунзода, ба майдон мебаромад. Вале нозири бозӣ Султон Қосимов (аз Душанбе, корманди Федератсияи футболи Тоҷикистон) дар ин кор ташаббус нишон надод, ки хилофи низомномаи мусобиқот аст.
Бинобар ин, бо пешниҳоди кумитаи назорату интизом масъалаи муҷозоти доварон дар кумиссиюни доварону коршиносони Федератсияи футболи Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор хоҳад гирифт, - иброз дошт Сафар Каримов.