Агар мо ин нуктаро дар назар бигирем, ки дар як соли ахир нооромиҳо аз ҷануби Афғонистон то ба марзҳои шимолии ин кишвар омадааст, пас масъалаи амният дар минтақа аҳамияти бештар пайдо мекунад.
Воқеан ҳам вақтҳои ахир фармондеҳони нерӯҳои амниятии Афғонистон дар бораи анҷоми амалиёт дар марзҳои шимолии Афғонистон, яъне дар марз бо Тоҷикистон гузориш доданд.
Ман ҳам бо назардошти чунин равандҳо дар як гуфтугӯ бо Александр Голтс-таҳлилгари умури сиёсиву низомии Русия аз вай пурсидам, чаро Осиёи Марказиро дар густараи Шӯравии собиқ минтақаи муҳими амниятӣ арзёбӣ мекунанд?
Ҷавоб: Таҳдиди аслӣ ба амният, агар мо дар бораи амнияти хориҷӣ сӯҳбат кунем, барои кишварҳои мустақили муштаракулманофеъ маҳз аз минтақаи Осиёи Маказӣ бармехезад. Ба ин қочоқи инсон, интиқоли аслиҳа, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва тиҷорати маводди мухаддир дохил мешавад. Рӯшан аст, ки кормандони хадамоти амният мехоҳанд ба ин омода бошанд. Хатари дигар ҳам ҳаст ва ин хатар он аст, ки раҳбарони баъзе аз кишварҳои муштаракулманофеъ мехоҳанд ин масъалаҳои муҳимро бо масъалаи мубориза бо норозиёни сиёсӣ ё ғайрандешон иваз кунанд.
Суол: Чаро ба назари шумо амният ё мубориза бо терроризми байналмиллалӣ беш аз пеш бо тундгароии исломӣ дар Осиёи Марказӣ иртибот дода мешавад?
Ҷавоб: Бисёр масъалаҳо вуҷуд дорад, баъзеи онҳо воқеист ва баъзе дигари онҳо сохта аст. Дар охири қарни 20 ва дар авоили қарни 21 дар натиҷаи ҷаҳонишавӣ баъзе минтақҳои ҷаҳон худро таҳқирдида ё дар канормонда эҳсос карданд. Масалан, дар кишварҳои Ховари Миёна миллионҳо нафар дар бораи воқеият дар ҷаҳон тасаввуроти комилан дигар доранд. Ба назари онҳо чунин мерасад, ки дар натиҷаи ҷаҳонишавӣ онҳо дар канор мондаанд. Тундгароёне, ки ҳамеша дар миёни миллионҳо нафар вуҷуд доранд, омодаанд муқаддасоти худро аз роҳҳои террористӣ дифоъ кунанд. Фаъолияти Ал-Қоида намунаи рӯшани чунин равиш аст. Вале ҳамзамон равандҳои дигар ҳам ҳаст. Масалан, мубориза бо режимҳои худкома, ки дар кишварҳои Ховари Миёна кам нестанд ва муттаассифона дар кишварҳои Осиёси Марказӣ низ ҳаст. Ва боз ҳам дар аксари вақтҳо мубориза бо ин режимҳои худкома ба худ ранги мазҳабӣ мегирад.
Суол: Дар гузаштаҳо низ чунин мулоқотҳо, мисли мулоқоти Душанбе баргузор шуда буд. Ва ин мулоқоти 29-уми ниҳодҳои амниятии кишварҳои муштаракулманофеъ аст. Фикр намекунед, ки гоҳо чунин мулоқотҳо натиҷаи дилхоҳи худро намедиҳад. Раҳбарони ин ниҳодҳо гирдиҳам меоянд, баррасӣ мекунанд ва ба ҳар тараф мераванд?
Ҷавоб: Ин нуктаро дар бораи ҳар мулоқот ва дар бораи ҳамаи раҳбарон гуфтан мумкин аст. Он қадр, ки мо мефаҳмем, ҳар кишвари муштаракулманофеъ манофеи худро дорад. Гузашта аз ин, ҳар раҳбари ниҳоди амниятӣ бархурди вижаи худро ба ҳалли ин ё он масъала дорад. Ба ҳамин сабаб расидан ба созиш кори осон нест, то тасмимҳои мушаххас бигиранд.