Бино ба гузоришҳо, дар ифшои ин амали террористӣ нерӯҳои кашфи Арабистони Саудӣ ба ҳамкорони ғарбии худ хабар додаанд. Дар вокуниш ба ин амал, ҳоло Британияву Олмон, Ҳолланду Фаронса, Канада ва Амрико эълон кардаанд, ки дар парвозҳои Яман тадобири шадиди амниятӣ ҷорӣ кардаанд, то бад-ин тариқ аз хатари эҳтимолӣ пешгирӣ шавад.
Кори дасти Ал-Қоида
Яке аз ҷангандаҳои Ал-Қоида, ки бино ба гузоришҳо ба мақомоти интизомии Арабистони Саудӣ таслим шудааст, манбаи иттилооти муҳиме будаст, ки бар асоси он ҳафтаи гузашта ду бамро боздоштанд. Ин ду бам тавассути почта бояд аз Яман ба Амрико фиристода мешуд.
Би-Би-Си аз номи як мақоми Британия, ки аз худ ном набурд, изҳор дошт, ки мумкин ин шахс Ҷабр Ал-Фаифӣ бошад, ҳамон саудие, ки ба бахши ямании Ал-Қоида пайваст. Хабаргузории Ассошиейтед Пресс низ бо такя ба мақомоти амниятии Яман ва раҳбарони қабоил ин хабарро таъйид кард.
Фаифиро нерӯҳои Амрико баъд аз суқути Толибон дар Афғонистон боздошт карданд. Вай то соли 2007 дар боздоштгоҳи Гуантанамо ба сар мебурд ва ҳамон сол аз боздошт раҳо ва ба Арабистони Саудӣ фиристода шуд. Вале вазорати дохилаи Арабистони Саудӣ гуфт, ки ин шахс баъдтар ба бахши ямании Ал-Қоида пайвастааст.
Бо вуҷуди ин, вай худро 29-уми октябр ба мақомоти Саудӣ таслим кардааст ва дар бораи ин ду бастаи мунфаҷира ба онҳо хабар додааст. Нерӯҳои кашфи Амрико ҳам эътироф кардаанд, ки ин маълумот барои боздошти ин ду баста кӯмак кардааст. Кормандони интизомӣ яке аз ин бастаҳоро дар ҳавопаймои парвози Британия ва дигариро дар Имороти Муттаҳидаи Араб боз доштанд.
Мақомоти Британия мегӯянд, бастае, ки онҳо кашф карданд рангдон ё картриҷи принтер будааст, ки дохилаш бо хока пур карда шудааст ва ба он симе пайвастааст.
Ташдиди тадобири амниятӣ дар парвозҳо
Ҷон Бреннан- сармушовири умури зидди терроризми Кохи Сафед зимни суханони худ 31-уми октябр ба рӯзноманигорон гуфт, таҳдиди ҳамин гуна бастаҳои мунфаҷира водор сохтааст, ки дар парвозҳои байналмиллалӣ тадбирҳои амниятӣ ташдид ёбад:
"Ман фикр мекунам, ки мо бояд мунтазири бастаҳои дигари мунфаҷира бошем, барои ҳамин мо бояд ҳама тадбирҳоро андешем. Вале ҳамин ҳоло мо нишонаҳоеро намебинем, ки дар ҷое бастаҳои дигар вуҷуд дорад. Дар асл почтаҳо ё ширкатҳои ҳамлу нақл интиқоли ҳамаи бастаҳоеро, ки аз Яман ба Амрико меоянд, қатъ кардаанд".
Раёсати амнияти ҳамлу нақли Амрико низ гурӯҳи коршиносонро ба Яман фиристодааст, то ба ҳамкорони ямании худ ёрӣ расонанд ва боварӣ ҳосил шавад, ки ҳамаи колоҳои интиқолоти ҳавоӣ ба Амрико хатаре надорад. Чунин кор то даме идома хоҳад ёфт, ки Вашингтон манъи воридоти ҳавоӣ аз Яман ба Амрикоро аз миён бардорад.
Сухангӯи ширкати ҳавоии Қатар 31-уми октябр ба расонаҳои хабарӣ гуфт, ҳамон бастаи мунфаҷирае, ки дар Дубай ба даст афтод, қаблан ҳавопаймоҳои дигари мусофирбар аз дигар ҷой ба Дубай овардаанд.