Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигарониҳо аз зуҳури афроди ношинос


Бархе аз сокинони ҷамоати Сарихосори ноҳияи Балҷувон аз гаштугузори афроди ношинос дар кӯҳу ҷангали ин мавзеъ изҳори ташвиш мекунанд.

Саидмурод Хоҷаев, як сокини ин мавзеъ мегӯяд, таи як моҳи ахир гашту гузори афроди барои онҳо ношинос дар кӯҳу ҷангалҳои ин мавзеъ бештар шудааст. Ӯ мегӯяд, дар ҳоле, ки дар минтақаи Рашт, ҳамҳудуди ноҳияи Балҷувон амалёти нерӯҳои интизомӣ алайҳи гурӯҳҳои силоҳбадаст идома дорад, пайдо шудани чунин афрод боиси шубҳаи баъзе аз сокинон мегардад.

Вай афзуд: «Дар ҳамин ҷангалҳо, дуртар аз деҳаҳои мо одамони ношиноси ришакӣ, дар пушташон борхалтаҳо мегарданд. Намедонам, онҳо кӣ ҳастанд. Ба касе кордор нестанд, вале вақте дар Ғарм ҳар гап зиёд аст, мо алахон мешавем.»

Таҳқиқи шахсияти «афроди шубҳанок»

Дар ҳамин ҳол, Сангалӣ Нодирхонов, ҷонишини сардори Шӯъбаи корҳои Дохилаи ноҳияи Балҷувон мегӯяд, ба дунболи чунин овозаҳои мардум кормандони онҳо ба ин мавзеъ сафар кардаанд. Ӯ мегӯяд, афроди шубҳаоварро дар ин мавзеъ онҳо мавриди пурсиш қарор доданд ва маълум карданд, ки аксари онҳо сокинони оддии минтақаи Рашт буда, барои зиёрат ба мазорҳои атроф ва ба шикору дигар корҳои маъмулӣ аз мавзеъ гузар мекунанд.

Ҷаноби Нодирхонов аз боздошт ва муайян намудани шахсияти як нафари ба гуфтаи сокинон «шубҳанок» гуфт: «Тафтиш карда баромадем, ки ин нафар сокини ноҳияи Нуробод буда, дар мадрасаи ноҳияи Ховалинг таҳсил мекардааст. Як эшони Зайналобиддин гуфтани дар Сарихосор будааст ва барои ӯ пир мешудааст ва ин нафар пеши ӯ меомадааст. Дигар дар ин мавзеъҳое, ки бо Роғуну Нурободу Тавилдара ҳамсарҳад аст, бачаҳои мо фаъоланд ва дигар ягон нафари ношинос надидаанд. Дар ҳақиқат баъзе ахоборот буд, вале мо санҷидем, ки нодурустанд. Бисёри одамон ба ин тарафҳо зиёрати мазори Акоша мераванд. Ҳоло вазъият ором аст.»

Дидбонгоҳҳои махсус дар Ховалингу Балҷувон

Феълан, ба гуфтаи ин манбаъ аз ҳисоби кормандони Шӯъбаи корҳои Дохилаи ноҳияи Балҷувон ва Ховалинг дар ин мавзеҳо дидбонгоҳҳои вижа фаъолият дошта, минтақа пурра зери назорат қарор дорад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки пас аз гурези маҳбусон аз маҳбасхонаи мувақатии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва шурӯъи амалёт алайҳи силоҳбадастон дар Рашт овозаҳои мухталиф миёни сокинони минтақаи Кӯлоб паҳн гаштааст.

Ҷаҳонгири Рустам, коршиноси маҳаллӣ
Овоза: «Ал-Қоида» дар Шӯрообод

Ҷаҳонгири Рустам, як коршиноси маҳаллӣ мегӯяд, гоҳҳо ин овозаҳо фирориёни маҳбасхонаро дар ноҳияи Фархор «пайдо» мекунад ва гоҳҳо аъзоёни толибону «Ал-Қоида»-ро дар ноҳияи Шӯрообод «пинҳонгоҳ» медиҳанд. Аммо ба гуфтаи ӯ, чун ба таҳқиқ назар мекунӣ ё ин ҳарфҳо комилан асос надоранд ва ё 90 фисад муҳоботанд. Пайдо шудани чунин овозаҳо ва ба таҳлука афтидани мардумро ӯ адами иттилоот дар минтақа медонад.

Ӯ мегӯяд: «Дар минтақаи Кӯлоб, ки қариб 1 миллион аҳолӣ дорад, ягон расонаӣ ба ҳама дастрасӣ маҳаллӣ вуҷуд надорад. Мардум, беиттилоъ ҳаст ва аз ин рӯ ҳар гуна сару садо ва овоза ба ҳақиқат табдил меёбад. Бояд, ҳамагӣ як радио ё телевизионӣ минтақавӣ фаъол кунанд, то пеши роҳи овозаҳо гирифта шавад.»

«Рӯзноманигорон аз ҷои ҳодиса наменависанд»

Набудани иттилооти дақиқ то ҳадест, ки Сангалӣ Нодирхонов, ҷонишини сардори Шӯъбаи корҳои Дохилаи ноҳияи Балҷувон мегӯяд, онҳо маҷбур шудаанд, то барои ҷилавгирӣ аз паҳншавии чунин овозаҳо миёни ҳамаи сокинон корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом бидиҳанд.

Ӯ афзуд: «Нозирони минтақавии мо сӯҳбати зиёд бо мардум гузарониданд, вале хубтар мешуд, ки шумо ҳақиқатро ба мардум мерасонидед. Шумо рафта аз дараи Камароб бо мардум сӯҳбат кунед ва ҳақиқатро нависед, ки мардум ҳар фикр накунанд. Вазъ дар он ҷо он қадаре нест, ки мардум тасаввур мекунанд. Бояд журналистон аз он ҷо рафта ҳақиқатро нависанд.»

Интиқоди ин масъули Шӯъбаи корҳои дохилаи Балҷувон аз рӯзноманигорон дар ҳолест, ки сафар ба минтақаи Рашт барои рӯзноманигорон мушкил ва монеъаҳои зиёд дар пай дорад ва давоми беш аз як моҳ алоқаи телефонӣ низ дар ин минтақа баста аст.
XS
SM
MD
LG