Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи маҷлисҳои маҳаллӣ дар Украина


Дирӯз дар Украина интихобкунандагон пои сандуқҳои раъй рафтанд, то намояндагони маҷлисҳои шаҳрӣ ва вилоятиро интихоб кунанд. Бино ба назархоҳиҳои қаблӣ, интизор мерафт, ки Ҳизби Минтақаҳои ҷонибдори ҳукумат дар дар қисматҳои марказӣ ва шимолии Украина шумораи намояндагони худро афзоиш диҳад.

Дар ин интихобот номзадҳо аз 50 ҳизб ва номзадҳои алоҳида ширкат ҷустанд. Дар остонаи интихобот, ҳизбҳои мухолифи давлат Ҳизби Минтақаҳои Виктор Янукович-раиси ҷумҳури Украинаро муттаҳам карданд, ки дар натиҷаҳои интихобот ба тақаллуб роҳ хоҳад дод. Дар 33 000 қитъаи интихоботӣ, намояндагони ҳизби ҳоким аъзои кумиссиюнҳои интихоботианд.

Нигаронии аҳзоби мухолиф

Президент Виктор Януковияч дар остонаи интихобот ҳушдор дод ва гуфт, ононе, ки ба тақаллуб даст мезананд, ба додгоҳ кашонида мешаванд. Ҳизби "Баткившина" ё "Падарватан"-и Юлия Тимошенко-нахуствазири собиқи Украина гуфт, ки натиҷаҳои интихоботро ба расмият нахоҳад шинохт, зеро мақомоти интихоботӣ дар чанд ҳавза ва қитъа намояндагони онҳоро чун номзад сабти ном накардаанд.

Тақрибан 2500 нозири байналмиллалии интихоботӣ бар ҷараёни раъйдиҳӣ назорат карданд. Бино ба гузориши бахши украинии радиои Озодӣ, баъзе аз раъйдиҳандагон дар шаҳри Киев ва Луҳанск аз кормандони интихоботӣ интиқод карданд, ки ба интихобот омодагии хуб надоштаанд. Яке аз райдиҳандагон бо номи Володимир, ки аз бурдани номи пуррааш худдорӣ кард, гуфт, ки кормандони интихоботӣ дар иҷрои вазоифи худ муваффақ набудаанд.

"Вақте, ки ман ба қитъаи раъйдиҳӣ омадам, номи худро дар феҳрист пайдо накардам. Номи завҷаам низ дар феҳрист набуд. баъд аз ним соат дар додгоҳ исбот кардам, ки ман ҳақи раъйдиҳӣ дорам".

Мардум аз интихобот чӣ интизороте доранд?

Хабарнигори радиои Озодӣ дар Қрим гузориш додааст, ки дар ҳар қитъаи раъйдиҳӣ камераи сабт гузоштаанд. Фаъолони мухолифон онро як навъ фишор ба раъйдиҳандагон арзёбӣ кардаанд. баъзеҳо дар Украина бар ин ақидаанд, ки интихоботи кунунӣ дар зиндагии ҳаррӯзаи онҳо тағйирот нахоҳад овард. Масалан, шахсе бо номи Стефан дар Украина гуфт, вай дар интихобот ширкат намекунад, зеро ин интихобот тағйирот нахоҳад овард.

Дар остонаи интихобот, Ҷо Байден-муовини раиси ҷумҳури Амрико дар як сӯҳбати телефонӣ ба Виктор Янукович-раиси ҷумҳури Украина зарурати интихоботи озоду одилона ва матбуоти озодро таъкид кард .
XS
SM
MD
LG