Ҷаноби Ҳудоёров афзуд: «Онҳо имконе наёфтанд, ки аз маҳалли маҳбас хориҷ шаванд. Ба ин хотир ба зудӣ дастгир шуданд.»
Ин талоши ахири фирор аз зиндонҳои Тоҷикистон дар ҳолест, ки шаби 23 августи соли равон 25 зиндонии боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон фирор карданд.
Коршиносон мегӯянд, аз лиҳози равонӣ ин ҳодиса зиндониёни дигарро, ки бо мӯҳлатҳои тӯлонӣ нишастаанд ва роҳи дигаре ҷуз таваккал ба фирорро намебинанд, низ ба фирор таҳрик додааст.
Абдуқаюм Юсуфов, коршинос дар умури ҳуқуқ мегӯяд, рух додани як фирори бузург худ ишора бар заъфи амнияти зиндонҳо мекунад ва мантиқан ҳар зиндонӣ ба хулосае мерасад, ки аз ин заъф истифода кунад:
«Ин гӯё як паём аст ва даъват ба дигарон, ки пайравӣ кунанд. Аммо ниҳодҳои амниятии Тоҷикистон ба зудӣ ба ислоҳи вазъ гузашта, ҳифозати зиндонҳоро ташдид бахшиданд ва аз фирорҳои дигар ҷилавгирӣ карданд»
Вазири адлияи Тоҷикистон ҳам мегӯяд, барои беҳбуд бахшидан ба фаъолияти зиндонҳои кишвар дар шаҳрҳои Хуҷанду Кӯлоб боздоштгоҳҳои муваққатӣ боз шуда ва сохтмони як зиндони вижа барои онҳое, ки ба ҳабси абад маҳкум шудаанд, шурӯъ шудааст.
Коршиносон мегӯянд, як далели фирори зиндониён аз маҳбаси ҳукуматӣ, таҷаммӯъи ҷинояткорони аз назари тафтишот махсусан хавфнок дар як ҷой аст ва ҷудо нигоҳ доштани онҳо шарти муҳими зиндондорист.
Абдуқаюм Юсуфов мегӯяд: «Тибқи қонунгузорӣ барои нафароне низ, ки ба ҳабси абад маҳкум шудаанд, режими мувофиқ ва маҳбаси алоҳида бояд пешбинӣ шавад. Он бояд ба куллӣ аз дигар низомҳои нигаҳдории маҳбусон фарқ кунад.»
Тадобири шадиди амниятӣ дар зиндонҳо
Дар ҳамин ҳол, ташдиди тадобири амниятӣ дар маҳбасҳои Тоҷикистон барои наздикони зиндониён, ки барои мулоқот меоянд, мушкил эҷод кардааст.
Як нафар, ки аз гуфтани номаш худдорӣ кард, мегӯяд, ҳудуди ду моҳ аст, ки наметавонад бо писараш мулоқот кунад, дар ҳоле ки тамоми асноди лозим барои аёдати фарзандашро дар даст дорад: «Карантин гуфтанд, тамом шуд. Аз Додгоҳи олӣ ҳам иҷозатнома овардем, аммо гардонда доданд»
Вазири адлияи Тоҷикистон гуфт, барои мулоқоти наздикони зиндониён тибқи қонунгузорӣ ва дар мӯҳлатҳои пешбинишуда иҷоза дода мешавад. Дар Раёсати корҳои ислоҳии ин вазорат, ки дар нишасти матбуотӣ ширкат надоштанд, касе ба мо нахост дар ин бора сӯҳбат кунад.
Ҳамчунин вазири адлияи Тоҷикистон аз ворид шудани 49 ариза ба вазорат иттилоъ дод, ки аз сӯи зиндониён омадааст. Бахтиёр Худоёров дар бораи мӯҳтавои ин аризаҳо гуфт: «Аксари онҳо дар бораи гузаронидани зиндонӣ аз як муассисаи ислоҳӣ ба муассисаи дигар аст.»
Афзоиши шикоят аз шиканҷа дар зиндонҳо
Ин ҳам дар ҳолест, ки наздикони зиндониён мегӯянд, ба мақомот аз истифодаи шиканҷа дар зиндонҳо шикоятҳо бурдаанд, аммо касе ба доди онҳо намерасад. Як зан аз қавли бародараш, ки дар зиндон будааст, гуфт: «Мегӯяд, ки ин ҷо ҳамин қадар мезананд, ки мурдаи Ленинро ба гардан мегирӣ»
Вақте аз ин маворид аз вазири адлияи Тоҷикистон суол шуд, вай гуфт, дар ин бора мешавад аз Раёсати корҳои ислоҳии ин вазорат маълумот гирифт, аммо дар ин раёсат касе барои сӯҳбат омода нашуд. Дар посух ба ин суол, ки «оё вазорати адлия то куҷо аз вазъи як ниҳоди таҳти идорааш иттилоъ дорад?» оқои Бахтиёр Худоёров гуфт:
«Қонуни Тоҷикистон дар бораи системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ вуҷуд дорад. Мақоми ҷумҳуриявии системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ раёсати корҳои ислоҳӣ муайян карда шудааст. Тамоми муассисаҳои ислоҳӣ таҳти назорати ин раёсат ҳастанд. Аммо на ҳамаи маълумотро ба шумо дода метавонем, зеро ин муассисаҳои режимӣ ҳастанд. На ҳамаи маълумот, тибқи қонуни сирри давлатӣ, пешниҳод карда мешаванд. Агар хоҳед, як нишасти матбуотӣ бо ин раёсат доир мекунем»
Коршиносон мегӯянд, ба далели тағйири вазъи амниятӣ дар кишвар ва зиёд шудани ҳарфҳо дар бораи ҳифозати зиндонҳо, масъулият бештар бар дӯши худи Раёсати корҳои ислоҳӣ афтодааст ва камбуди иттилоъ дар ин манбаъ низ шояд ҷузъе аз ин тадобир бошад.