«Сардор»-и хона
Яке аз ноболиғони боздоштшуда, ки худро Сардор муаррифӣ кард, мегӯяд, вай то нисфирӯзӣ дар бозор пакетфурӯшӣ мекунад ва пас аз нисфирӯзӣ ба мактаб меравад. Вай, ки мавриди пурсуҷӯи шадиди кормандони милиса қарор гирифта буд, бо ҳарос мегуфт, ки дигар илоҷ надорад, зеро падараш ӯву пайвандонашро саробонӣ намекунад ва модараш дастёри дигаре надорад:
“Мактаб мехонам, аммо то вақти дарс дар бозор савдо мекунам. Ба харидорон кӯмак мекунам, очаам моро нигоҳубин мекунад, аммо зӯраш намерасад ба таъмини мо. Хешу табор аз куҷо нигоҳ мекунанд, “гум шав аз наздам” мегӯянд. Баъди аз ҳам ҷудо шудани очаму отам шаҳр омадем, дар хонаи иҷора зиндагӣ мекунем...”
Зиндагӣ дар бозор
Азизи ноболиғ низ мегӯяд, ба сабаби камбизоатӣ, вай дар бозор боркашонӣ мекунад ва дар иваз гоҳе 50 дирам то як сомонӣ дарёфт мекунад. Вай ҳамроҳ бо бародаронаш дар хиёбонҳо шабро рӯз мекунанд ва дар мактабе ҳам таҳсил намекардааст:
“Очаам медонад, ки дар бозор савдо мекунам. Дигар чӣ кунам? Вай худаш ҳам савдо мекунад. Хона доштем дар Кӯлоб, падарам, ки моро пеш кард, ҳоло бехонаем. Ин кор дар бозор хоҳем-нахоҳем, ягона воситаи рӯзгузаронӣ аст. Ҳеҷ кас ба мо кӯмак намекунад...”
Салими 10-сола, ки низ боздошт шудааст, мегӯяд: «Барои хондан пул даркор аст, ака. Ман танҳо барои як даҳон нон кор мекунам, тамом. Дар як рӯз 10 сомонӣ кор мекунам, ба дасти очам бурда месупорам. Баъд ягон чизе, ки даркор бошад, мехарем…»
“Боздошт роҳи ҳал нест”
Ва аммо иддае аз волидон мегӯянд, ба сабаби тангдастӣ ва мушкилоти фаровони зиндагӣ аз имконоти таъмини пурраи фарзандон бархурдор нестанд. Моҳрухсор, модари яке аз кӯдакони боздоштшуда, мегӯяд, танҳо бо боздошти кӯдакон ва танбеҳи волидони онҳо мушкили аслӣ ҳал нахоҳад шуд. Мушкили аслӣ, ба гуфтаи хонум Моҳрухсор, ин аст, ки бисёре аз кӯдакони хиёбонӣ ҳамроҳ бо волидонашон хонаву дар надоранд, давлат барояшон кӯмак намекунад ва ягона роҳи зинда монданро дар тиҷорати хурд дар бозору мардикорӣ мебинанд:
“Агар аз сари қаҳр ба нӯги дастам занам, мегӯяд, ки оча маро барои чӣ мезанӣ? Баъд зӯрам ба гиря мерасад. Мегӯям, ки падарат моро нигоҳ намекунад, чаро ту ақаллан маро гӯш намекунӣ? Аз дастам фақат ҳамин қадар кор меояд, ки бозор биёям. Аз занакҳо усма мегирам, бандчаашро майда карда мефурӯшам. Барои ҳамин фарзандонам кор мекунам. Бовар кунед, шабҳо то саҳар гиря мекунам, боз ин писарамро, ки боздошт кардаанд, доим суол мекунам, ки чаро маро гӯш намекунад, доим бедарак мешавад, нопурсида аз хона бадар меравад. Ман модари се фарзанд ҳастам, дар хонаи падарам аз пушти ҳамин фарзандом нағунҷидам. Ҳоло дар кӯча зиндагӣ мекунем, мисли кӯчманчиҳо. Се сол шуд ҳамин ҳол дорем…”
Нигарониҳои мақомот
Дар ҳамин ҳол, Майрамбӣ Ғафурова, мудири шӯъбаи ҳуқуқи кӯдаки ҳукумати вилояти Хатлон, мегӯяд, ҳадафи аслӣ аз баргузории чунин амалиётҳо, ҷилавгирӣ аз бозоргардию масҷидравии кӯдакону наврасон мебошад. Вай меафзояд, бо таваҷҷӯҳ ба афзоиши мизони ҷинояткорӣ дар миёни наврасону ҷавонон, хатарҳои гароиш ба равияҳои тундгарои экстремистӣ, мебояд тамоми ҷомеа дар ташаккули психологияи насли наврас машғул бошад:
«Ман ба волидон хитоб мекунам: бо ин ҳама рейдҳо, амалиётҳо, вохӯрию сӯҳбатҳо ва корҳое, ки мо анҷом дода истодаем, ин басанда нест. Чунки хатарҳое дар миён ҳаст, ки агар мо фарзандонамонро хуб тарбия накунем, метавонад психологияи кӯдаконамон вайрон кунад, онҳоро ба ифротгароӣ барад. Агар мо масъули фарзандони худ нашавем, оянда моро ҳеҷ кас намебахшад, на давлат ва на Худованд...»
Хонум Ғафурова ҳамчунин аз раҳбарияти ҳукуматҳои иддае аз шаҳру навоҳии вилояти Хатлон интиқод кард, ки дар анҷом додани корҳои тарбиявию профилактикӣ, амалиётҳо, сӯҳбату мулоқотҳо дар робита ба наврасони хиёбонӣ ва кӯдаконе, ки ба масҷид мераванд, саҳлангорӣ мекунанд.
“Баъзе мавъизаҳо иғвоангезанд”
Бори аввал нест, ки дар вилояти Хатлон аз рафтани наврасону ҷавонон ба масҷид ба ҳар роҳу восита ҷилавгирӣ мешавад. Ин дафъа ҳам 20 ноболиғ дар масҷидҳои Қӯрғонтеппа дастгир карда шуданд. Мақомот иддао доранд, ки кӯдакон дар ин вақт бояд дар мактаб мебуданд, то адои намоз дар масҷид.
Майрамбӣ Ғафурова, корманди масъули ҳукумати Хатлон, мегӯяд, иддае аз имом-хатибони масоҷиди панҷвақтаи шаҳри Қӯрғонтеппа ва навоҳии вилоят таҳсилкардагони мадрасаҳои исломии Покистону Ҳиндустон буда, мавъизаҳои онҳо дар зеҳни кӯдакон асароти номатлуб мегузорад. Ба гуфтаи вай, ин мавъизаҳо метавонад дар зеҳни кӯдакон иғвоангезӣ ва дигар андешаҳои носолимро тавлид намояд ва аз сӯи дигар, онҳоро аз таълим дар макотиб дур мекунад.
Шӯрои уламои вилояти Хатлон ҳам бо пуштибонӣ аз ин тасмими ҳукумат, гуфтааст, ки кӯдакон набояд ба масҷидҳо роҳ дода шаванд, магар дар авқоти берун аз дарс ва ҳамроҳ бо падару бародари бузургашон.
Мақомоти Хатлон мехоҳанд, ки дар шаҳру навоҳии вилоят бо волидайни кӯдакон ҷаласаҳо доир намуда, ба ин васила, ба коҳиши теъдоди кӯдаконе, ки ба масоҷид рӯ овардаанд, муваффақ шаванд.