Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъқиби силоҳбадастон дар Рашт идома дорад


Мақомоти вазорати корҳои дохилӣ мегӯянд, зимни як амалиёти нерӯҳои интизомӣ дар минтақаи Рашт ду тан аз аъзои гурӯҳи Мирзохуҷа Аҳмадов боздошт шудаанд. Ба гуфтаи мақомот, афроди боздоштшуда мусаллаҳ будаанд, аммо зимни боздошт фурсати истифода аз силоҳро наёфтаанд.

Ҳамзамон сухангӯи вазорати умури дохилӣ итминон медиҳад, ки дар ноҳияи Рашт авзоъ орому сокит аст, вале таъқиб ва ҷустуҷӯи аъзои гурӯҳҳои мусаллаҳи мухолифи давлат идома дорад.

"Вазъият дар Рашт ором аст"

Дар ҷараёни боздошти ду тан аз аъзои гурӯҳи Мирзохӯҷа Аҳмадов дар ноҳияи Рашт аз силоҳ истифода нашуда ва касе низ осеб надидааст.

Зеро, мегӯяд Маҳмадулло Асадуллоев - сухангӯи вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, амалиёти боздошт хеле сареъ сурат гирифт ва ин афрод ҳарчанд, ки мусаллаҳ буданд, фурсат барои истифода аз онро пайдо накарданд.

Сухангӯи вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ки рӯзи гузашта аз ноҳияи Рашт баргаштааст, гуфт, авзоъ дар минтақа орому сокит аст ва мардум аз пайи ҷамъоварии ҳосили кишти худ ҳастанд.

Манбаъ афзуд, ки аммо таъқиб ва ҷустуҷӯи аъзои гурӯҳҳои мусаллаҳи мухолифи давлат, ки зери итоати Мирзохӯҷа Аҳмадов, Аловуддин Давлатов ва Мулло Абдулло, аз фармондеҳони пешини иттиҳоди нерӯҳои мухолифини собиқ, дар манотиқи баландкӯҳ ва маҳаллоти машкук идома дорад.

Хабари боздошти ду узви гурӯҳи ба гуфтаи мақомот ҷинояткор дар ноҳияи Рашт дар ҳоле таъйид мешавад, ки то кунун бо ноҳияи хатти алоқа устувор нашуда ва телефонҳои мобилӣ низ фаъол нашудаанд.

Наздикони Мирзохуҷа Аҳмадов «дастгир» шудаанд


Дар ҳамин ҳол тибқи маълумоти як манбаъ, аз сӯи мақомоти интизомии кишвар бархе аз нафарони наздик бо ин фармондеҳони собиқ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Рашт дастгир шудаанд.

Ин манбаъ мегӯяд, аз ҷумлаи ин нафарон Санъат Аҳмадов - собиқ размандаи гурӯҳи Мирзохӯҷа Аҳмадов аст, ки баъди ҳамоиши нерӯҳои мухолифин бо қувваҳои ҳукуматӣ дар соли 1997, то чанде дар шӯъбаи умури дохилаи ноҳияи Нуробод фаъолият карда ва сипас то чанд муддат масъули шӯъба корҳои дохилии шаҳраки Дарбанд будааст.

Вале чанд муддат қабл, ӯ аз ин вазифа барканор карда шуд ва ҳоло, ки дастгир шудааст, дар ҳамдастӣ бо гурӯҳи Мирзохӯҷа Аҳмадов муттаҳам мешавад.

Амалиёти таъқиби силоҳбадастон идома дорад

Дар ҳамин ҳол Маҳмадулло Асадуллоев - сухангӯи вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ин хабар ва низ иттиллоъ дар бораи боздошти нафарони дигари ҳамроҳ бо ин гурӯҳҳо дар шаҳри Душанберо такзиб ва таъйид накард.

Аммо ин манбаъ тасдиқ кард, ки дар ҷараёни амалиёти таъқиби афроди мусаллаҳи гурӯҳҳои ҷиноии мухолифи давлат дар ин ноҳия, нафарони зиёде боздошт шуда ва танҳо баъди пурсиш ва итминон пайдо кардан дар бораи он, ки ба ин гурӯҳҳо мансуб нестанд, раҳо карда мешаванд.

Вале ин ду нафари боздоштшуда дар ҷараёни бозҷӯии қаблӣ эътироф кардаанд, ки дар дастаи Аҳмадов фаъолият кардаанд.

Сухангӯи ин вазорат дар бораи ҳуввияти афроди боздоштшуда ва маҳалле, ки онҳо дастгир шудаанд, ба далели халал науфтодан дар кори тафтишот ва идомаи ҷустуҷӯи аъзои боқимондаи ин гурӯҳ, аз додани иттиллои бештар худдорӣ кард.

Дастгиршудагон шаҳрванди Тоҷикистонанд

Оқои Асадуллоев гуфт, ки ин нафарон шаҳрвандони Тоҷикистонанд ва дар рафти боздошт аз онҳо силоҳ ва дигар муҳиммоти ҷангӣ мусодира шудааст.

Сухангӯи вазорати умури дохила овозаҳо дар бораи боздошт ва ё кушта шудани пайвандони худи Мирзохӯҷа Ахмадов зимни ҳадаф қарор гирифтани манзили зисти ӯро рад кард.

Мирзохӯҷа Аҳмадов, аз фармондеҳони пешини Иттиҳоди мухолифини пешини тоҷик ва сардори собиқи раёсати мубориза бо ҷиноёти созмонёфтаи минтақаи Рашт баъд аз анҷоми як амалиёт барои боздошти ӯ аз маҳалли зисти худ фирор кардааст.

Ҳамла ба манзили Аҳмадов се рӯз баъд аз ҳодисаи ҳамла ба корвони вазорати дифоъ ва кушта шудани 25 сарбоз дар дараи Камаров сурат гирифт.

Мирзохӯҷа Аҳмадов аз сӯи мақомот ба пинҳон кардани Мулло Абдулло (Абдулло Раҳимов) фармондеҳи пешини ИНОТ, ки гуфта мешавад ба ҳаракати исломии Ӯзбакистон пайваста ва робитае бо Ал-Қоида ва Толибон дорад, муттаҳам шудааст.

Мақомот инчунин гуфтаанд, ки Аҳмадов дар ҳамла ба корвони нерӯҳои вазорати дифоъ дар рӯзи 19 -уми сентябр низ даст дорад.

XS
SM
MD
LG