Асо Атоев, пас аз хатми синфи 8-и мактаби миёна дар ноҳияи Мӯъминобод, замоне, ки 17 сол дошт, ба фаъолияти омӯзгорӣ пардохт. Ин пирамард мегӯяд, соли 1935 дар Тоҷикистони Шӯравӣ «маҳви бесаводӣ» шурӯъ шуда буд ва онҳо ба ҳайси аввалин омӯзгорони маҳаллӣ барои «бо савод кардан»-и мардум ҷалб гардиданд.
Ин ҳам дар ҳоле буд, ки Тоҷикистони Шӯравӣ чанд сол қабл аз ҳуруфи форсӣ ба ҳуруфи лотинӣ гузашта буд.
Ӯ афзуд: «Муаллим намерасид ва моро гирифтанд, то калонсолонро дар курсҳои шабона савод омӯзонем. Падарон шабона мехонданд ва фарзандон рӯзона. Мо се давра дам ногирифта, он чӣ ки худ медонистем ба талабгон меомӯхтем. Ҳарчанд, ки ашёи хониш намерасид».
Устоди панҷ насл
Ҳамин тавр, Асо Атоев мегӯяд, ӯ аз солҳои нахустини корӣ то кунун 5 наслро таълим додааст.
Файзалӣ Ҳасанов, як тан аз шогирдони собиқи ӯ бо тасдиқи ин гуфтаҳо афзуд: «Устод замони маҳви бесаводӣ дар солҳои 1936-38 падармро дарс дода будаанд. Баъдтар худамро дарс доданд ва сипас фарзандонамро. Пеш аз нафақа баромаданаш чанд набераи худи маро низ дарс додааст. Ӯро дар деҳа ҳама эҳтиром мекунад».
Теша Алимадов, сокини 52 солаи деҳаи Қурбоншаҳиди ноҳияи Восеъ мегӯяд, замони талабагии онҳо Асо Атоев аз пурмасъулияттарин ва пуркортарин омӯзгори мактаби деҳа буд.
Ӯ мегӯяд: «Шогирди гуреза будам, ки устод тарбияам кард. Наберадорам, вале то ҳол устодро мебинам ларзаам мегирад. Ҳамон эҳтироми устодиаш то кунун дар қалби ман боқӣ ҳаст ва ӯ ҳоло ҳам дар зиндагӣ бароям устод аст».
Ин омӯзгори кӯҳансол дар зиндагии шахсӣ низ намунаи ибрат будааст. Гулнора Атоев, духтари ӯ мегӯяд, замоне, ки дар деҳот духтаронро барои хонадан иҷоза намедоданд, падари ӯ бемамониат барои таҳсили онҳо розигӣ додааст.
Хонум Гулнора мегӯяд, феълан ӯ ҳамчун пизишки занона дар шаҳри Душанбе фаъолият мекунад:
«Падари мо монеъ нашуд ва моро бо вуҷуди сару садои мардум иҷоза дод, ки рафта хонем. Баъди мо дигар духтарони деҳа низ рафта хондан гирифтанд. Яъне, падари мо он замон қолабшиканӣ кард ва барои намунаи ибрат 6 духтарро хононд».
«Ба рекордҳои Гиннес пешниҳод кунем меарзад»
Абдулло Хоҷаев, яке аз дигар шогирдони Асо Атоев мегӯяд, бо собиқаи бештари корӣ ва дигар паҳлӯҳои вижаи зиндагӣ мешавад, то ин пирамардро ба рекордҳои Гиннес пешниҳод кард. Ба қавли Хоҷаев, ӯ 75 сол, баробар ва ҳатто бешатр аз як умри инсонӣ дар мактаб таълим додааст ва то кунун дар кӯчаву дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ ба таълим машғул аст.
Хоҷаев гуфт: «Ӯ сар то по омӯзгор аст ва тамоми вуҷудаш омӯзгор аст. Чунин омӯзгорро манн надидаам, ки дар 92-солагӣ низ таълим диҳад барои ҳамин меарзад то ӯро ба рекордҳои Гиннес пешниҳод кунем».
Ҳарчанд, ин пирамард давоми се соли ахир расман фаъолияти омӯзгориро қатъ карда бошад ҳам, аммо ҳамеша метавон ӯро дар саҳни мактаб дид. Ӯ ба варзиш шуғл дошта, ҳанӯз бардам қадам мезанад ва аз ҳеҷ беморие шиква надорад. Танҳо ҳангоми Худоҳофизӣ ӯ хоҳиш кард, то ба Вазорати маорифи кишвар бирасонем, ки таҷҳизоти варзишии мактабро, ки вайрон шудаанд, дубора барқарор намоянд, зеро ӯ ҳар субҳ дар он ҷо ба варзиш шуғл дорад.