Сафорат ба амрикоиҳо тавсия додааст, ки то оддӣ шудани вазъ аз сафар ба шарқи Тоҷикистон худдорӣ кунанд ва агар сафар ба водии Рашт барояшон ногузир бошад, аз эҳтиёти тамом ва ҳушёрӣ кор баранд.
Бино бар ин хабар, сафорати Амрико дар рӯзҳои иди истиқлоли Тоҷикистон ва иди Рамазон низ атбоъи амрикоиро машварат дода буд, ки аз ҳузур дар мавокини маросими идона худдорӣ биварзанд.
Суолҳои беҷавоби ҳамлаи маргбор дар Камароб
Таҷаммӯи ҷангиёни зиддиҳукуматӣ дар водии Рашт ва ҳодисаи ҳамлаи маргбор ба нерӯҳои давлатӣ рӯзи якшанбе суолҳоеро ба миён овардааст, ки ин чӣ гурӯҳест, чи гуна ба Тоҷикистон ворид шудааст ва дар Камароб чӣ мекобад?
Аз рӯзи ҳамла ба корвони мошинҳои артиши Тоҷикистон дар водии Камароб мақомоти қудратӣ ангушти иттиҳомро ба сӯи гурӯҳҳои таҳти раҳбарии фармондеҳони саркаши нирӯҳои мухолифини пешин – Абдулло Раҳимов ва Алоуддин Давлатов баланд карданд. Худи ин гурӯҳ чун дар гузашта аз худ садое баланд накардааст. Аммо ҳукумати Тоҷикистон мегуяд, ин афрод барномаи баҳамзадани субот дар Тоҷикистонро тарҳрезӣ кардаанд.
Дубора доғ шудани вазъ дар шарқи Тоҷикистон, ки дар гузашта аз пойгоҳҳои аслии мухолифини исломӣ унвон мешуд, баҳсҳоеро дар маҳофили сиёсӣ, дар дохил ва дар хориҷ ба бор овардааст. Таҳлилгарони маҳаллӣ ташаннуҷи авзо дар кишварро ҳосили фақру нодорӣ, фишор болои мухолифон ва камранг кардани ҷойгоҳи мазҳабиҳо дар ҷомеа унвон кардаанд.
Ҷустуҷӯи пайи пойи хориҷиҳо
Вале таҳлилгарони байналмилалӣ масъаларо фаротар аз ҳадсу хулосаҳои коршиносони дохилӣ мебинанд ва мегӯянд, ҳамлаҳои Камароб мусалламан кори дасти гурӯҳҳои вобаста ба Толибон ва шабакаи Ал-Қоида аст.
Нашрияи Wall Street Journal рӯзи сешанбе аз қавли сухангӯи Толибони Афғонистон Забеҳулло Муҷоҳид навишт, ки Толибон ба рӯйдодҳои Тоҷикистон дахил нестанд. Ӯ дар як сӯҳбати телефонӣ ба ин нашрия гуфт: “Сиёсати Аморати Афғонистон мудохила ба умури кишварҳои ҳамсояро рад мекунад. Ин масоили дохилии Тоҷикистон аст”.
Вале коршиносон ва таҳлилгарони масоили терроризм ба баёнияи сухангӯи Толибон шубҳа доранд.
Ваҳид Мужда, як таҳлилгари умури сиёсии минтақа, ки дар аҳди Толибон корманди вазорати хориҷа будааст, мегӯяд гурӯҳҳои даргир бо ҳукумати Тоҷикистон, шояд онҳое бошанд, ки дар гузашта аз мухолифини исломии Тоҷикистон бурида ва бо “баъзе гурӯҳҳои дигар дар Афғонистон” пайвастанд:
“То ҷойе, ки ман дар даврони Толибон шоҳид будам, албатта касоне аз гурӯҳҳои Осиёи Миёна ин ҷо, дар Кобул буданд. Баъзеашон бо Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мухолиф буданд ва бештар аз Тоҳири Юлдош, раҳбари пешини Ҳаракати исломии Ӯзбакистон тарафдорӣ мекарданд. Ман фикр мекунам, чунин афрод дар ин амалҳо даст доштанд, бахусус нафаре мисли ҷаноби Абдулло (Мулло Абдулло), ки қади баланде дошт. Фикр мекунам, дар ҷараёноти Тоҷикистон ин шахс нақш доштааст”.
"Гурӯҳҳои тундгаро рӯ ба Осиёи Марказӣ меоранд"
Таҳлилгари маҷаллаи "Newsweek" Самӣ Юсуфзай мегӯяд, ин гурӯҳҳо маъмулан иборат аз нафаронеанд, ки дар манотиқи қабиланишини Покистон дар марз бо Афғонистон тамрин дидаанд ва убури марз барои онҳо кори сангин нест.
Ба гуфтаи ин таҳлилгар дар пайи фишорҳои рӯзафзуни низомӣ, ба вижа ҳуҷумҳои бешумори ҳавоӣ дар манотиқи қабоилнишини Покистон, ҷангиён тағйири мавқеъ мекунанд. "Инҳо аз таҷрибаи бойи тирандозиву тахрибкорӣ ва ҳуҷумҳои интиҳорӣ бархурдор шудаанд ва бо ин ҳама ба эҳтимоли қавӣ рӯ ба сӯи Осиёи Марказӣ меоранд." - баён дошт Сами Юсуфзай.
Таҳлилгари "Newsweek" мегӯяд: “Хабарҳое дар даст аст, ки дар минтақаи Хоҷа Баҳоуддин, дар минтақаи Дарқад, воқеъ дар марзи Афғонистону Тоҷикистон, гурӯҳҳои марбут ба ҷиҳодиҳои собиқи Афғонистон, Толибон ва маводи мухаддир ҳарсе ба тафоҳум расида, ки аз он ҷо метавонанд бисёр баосонӣ ба хоки Тоҷикистон бароянд ва дар он ҷо муқовимати худро алайҳи давлати Тоҷикистон, ки 20-25 сол пеш шурӯъ карда буданд, ба шакли муқовимати мусаллаҳона идома бидиҳанд”.
Ин таҳлилгар мегӯяд, ҳадафи ин гурӯҳҳо ҷаҳоди исломӣ зидди, ба қавли онҳо, "режимҳои истибдодӣ" аст. Wall Street Journal аз қавли як фармондеҳи Толибон дар Вазиристони Шимолӣ навиштааст, ки дар ду соли охир ҷангиёне аз ҳисоби тоҷикҳову ӯзбакҳо ба сафи Толибон ворид шудаанд, ки ба тозагӣ машқҳои ҷангӣ омухтаанд. Ӯ гуфтааст, ки охирҳои соли 2009 бисёр шаҳрвандони Осиёи Марказӣ дар ҷангҳои Кундузу Бағлон ба Толибон кумак кардаанд.
Хатари ИДУ ба минтақа
Пол Куин Ҷаҷ, раиси барномаҳои Осиёи Марказӣ дар Гурӯҳи байналмилалии бӯҳроншиносӣ мегӯяд, ки ҳоло бояд ба Ҳаракати Исломии Ӯзбакистон мутаваҷеҳ шуд, ки эҳтимолан барои таълими ҷангиён ва ҷиҳод иқдом хоҳад кард:
“Агар онҳо авлавиятҳои худ дар Афғонистонро тағир дода барномаи аз байн бурдани субот дар Осиёи Марказиро рӯи даст бигиранд, вазъ дар минтақа печида хоҳад шуд. Мо медонем, ки ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ бе ин ҳам дучори мушкили зиёд ҳастанд”.
Таҳлилгарон мегӯянд, шарти аввали идомаи фаъолияти ҷангиён дастрасӣ ба пуштибонии аҳолӣ аст. Чизе, ки феълан мушоҳида намешавад. Аммо онҳо мегуянд, гуруҳҳои тамриндида дар пешбурди кори худ аз омилҳое ҳамчун норизоиятҳои мардум аз вазъи иқтисодӣ, фасоду бесаводӣ ва нобаробарӣ дар ҷомеъа истифода хоҳанд кард. Ба гуфтаи Пол Куин Ҷаҷ пайгарди қонунии афроди мазҳабӣ яке дигар аз масъалаҳои нигаронкунда аст ва дар сурати идомаи ин сиёсат, “ҳукумат дар муқобили тарафдорони бештари шӯришҳои мусаллаҳона қарор хоҳад гирифт”.
Сиёсатшиноси дигари минтақаӣ Кристофер Лангтон дар сӯҳбат бо Ройтерс гуфтааст, ки баъди итмоми ҷанги шаҳрвандӣ президент Раҳмон бештар ба мубориза бо рақибони давраи ҷанги шаҳрвандиаш тамаркуз кард ва “решаҳои шӯришиёни нави исломиро” ба эътибор нагирифт
Ҳарчанд то ҳол вокуниши беруна ба рӯйдодҳои Камароб дар даст нест, вале таҳлилгарон вуҷуди "дасти сеюм" дар ин таҳавваулотро соқит намекунанд. Онҳо бо ишора ба баҳсҳои сиёсиву низомӣ бар сари дороиҳои Тоҷикистон мегуянд, "Тоҷикистон дар солҳои ахир сиёсати мусақилонаи ношӣ аз манофеъи миллиро пеш гирифт ва ин иқдом ба "бародарҳои бузург" хуш наомад."
Ба сурати умум бахши умдаи таҳлилгарон мегуянд, ҳоло Тоҷикистон дар ростои як имтиҳони ҷиддӣ қарор дорад ва натоиҷи ин имтҳон ба тавони муқовимати нируҳои ҳукумат ба гуруҳҳои ҷангҷӯ бастагӣ хоҳад дошт