Овозаҳо дар хусуси фишор болои ӯ ва ба дунболи ин фишор фирораш ба хориҷ аз кишвар вирди забонҳост. Ин рӯҳонии шинохта, дар мавъзиаи худ хитоб ба ҳаводоронаш гуфтааст, ки «барои чанд моҳ дар масҷид намозро барояшон имоматӣ нахоҳад кард».
Ҳоҷӣ Мирзо: Маъюби Чернобилам
Аммо дар сӯҳбати телефонӣ Ҳоҷӣ Мирзо ин сару садоро рад намуда, гуфт, воқеан дар намози ҷумъаи баъд аз ид суханронӣ карда буд, аммо он ҷо аз фирор кардану фишор болояш ҳеҷ сӯҳбат накардааст. Ӯ мегӯяд, солҳост, ки истироҳату табобат накардааст, дар ҳоле, ки маъюби фоҷеаи Чернобил аст:
«Барои ҳамин гуфтам, ки як табобату истироҳат мекунам. Иштирокчии Чернобилам ва хастагиҳову бемориҳо дар вуҷуди мо ҳаст. Ман хостам, ки ҳамина як паи табобат шавам. Ҳамина, ки эълон кардем, дигар овозаҳо сар шуд. Мисол, Бобои Мулошариф як гап дошт, ки «Дарвозаи шаҳр метавон баст, лек даҳони мардум натавон баст. Ҳамин хел аст, ки дигар яке гуфтааст, ки Миср рафтааму дигари Покистон дигар ҷойҳо. Ба Худо паи табобатам ва аз ин корҳо хабар надорам».
«Ҳоҷӣ Мирзо ва Домулло Маҳмадулло бозпурсӣ шудаанд»
Ин ҳам дар ҳолест, ки феълан дар минтақаи Кӯлоб ба ҷуз фишор болои Ҳоҷӣ Мирзо, инчунин аз фишор болои Домулло Маҳмадулло, як рӯҳонии шинохтаи дигар низ сӯҳбат мешавад. Як нафар наздик ба ин ду рӯҳонӣ бо шарти ифшо нашудани ном гуфт, воқеан, моҳе пеш ин ду рӯҳони мавриди пурсиши мақомоти қарор гирифта буданд.
Ӯ гуфт: «Рӯзе як нафар оварда, ба хонаи ин ду домулло чанд китобу диск медиҳад. Ҳоҷӣ Мирзо чун мефаҳмад, ки ин адабёти Ҳизб-ут-таҳрир аст, онҳоро бурда ба ҳукумат месупорад, вале Домулло Маҳамдулло супориш медиҳад, то онҳоро сӯзонанд. Барои ҳамин ва чанд кори дигар онҳоро пурсиданд».
Домулло Маҳмадулло, рӯҳонии дигаре, ки аз фишор болояш сӯҳбат мешавад, комилан аз сӯҳбат дар ин маврид худдорӣ кард.
«Ин овозаҳои дурӯғ аст»
Аммо Амиралӣ Раҳимов, мудири бахш оид ба корҳои дини назди ҳукумати шаҳри Кӯлоб ҳама гуна даъват ва фишор болои ин рӯҳониёнро рад мекунад. Ӯ мегӯяд, Ҳоҷӣ Мирзо Ибронов, муваққатан вазифаи имомхатибиро ба шогирдаш супурда, ба табобат рафтааст.
Ӯ гуфт: «Ҳоҷӣ Мирзо вазифаи имомхатибиро насупурдааст. Овозаҳое, ки дар мавриди ӯ дар тамоми Тоҷикистон паҳн гаштааст, дурӯғ аст. Ӯ ягон хел ариза барои аз кор рафтан надодааст. Вай бо хоҳиши худаш рӯзи иди Саиди Фитр муроҷиат кард ва ба табобат рафтааст. Бо боварӣ мегӯям, ки бо ӯ касе фишор наовардааст».
«Аз овозаҳо ба хориҷа рафта натавонистам»
Ҳоҷӣ Мирзо мегӯяд, бархе мухлисонаш аз он нигарон шудаанд, ки мошини ӯ ва худи ӯро назди бинои ҳукумат ва дигар мақомот дидаанд. Аммо ӯ мегӯяд, аз ин набояд нигарон шуд, зеро ӯ дар пайвастагӣ бо ҳукумат барои ободии бинои масҷидаш талош мекунад. Аз ин рӯ дидани мошини ӯ назди бинои ягон мақомот барои ду ё се соат ҳеҷ ҷои аҷобат надорад, зеро ӯ паи фаъолиятҳои имоматиаш аст.
Ҳоҷӣ Мирзо инчунин афзуд, ӯ бояд ҳамчун иштирокчии ҳодисаи Чернобил дар шаҳри Уфа табобат бигирад, аммо аз сабаби пайдо шудани чунин овозаҳои бардурӯғ табобати худро дар дохили Тоҷикистон давом медиҳад.
Ҳоҷӣ Мирзо Ибронов, имомхатиби масҷиди ба номи Ҳилоли Аҳмари шаҳри Кӯлоб аз шумули он рӯҳониёнест, ки бо маъвизаҳои худ миёни мусалмонони кишвар эҳтироми вижа дорад.