Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳдудияти нерӯи барқ ҷорӣ мешавад?


Ширкати «Барқи Тоҷик» рӯзи 20-уми сентябр, ба ҳукумати Тоҷикистон тарҳи чорабиниҳо барои фасли тирамоҳ ва зимистонро пешниҳод хоҳад кард, ки ҷорӣ кардани лимит ё маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ ба манотиқи кишварро дар бар мегирад. Интизор меравад, замони ҷорӣ кардани маҳдудияти нерӯи барқ мушаххас шавад.

Дар ҳар сурат, танҳо ҳукумат масъул аст, то қарореро дар робита ба ин иқдоми барои мардум нохушоянд содир кунад ва ё аз баҳри он гузарад.

Эҳтимоли ҷорӣ шудани маҳдудияти барқ дар моҳи октябр

Аммо Рашид Гулов, муовини сармуҳандиси ширкати «Барқи Тоҷик» дар як сӯҳбати телефонӣ бо РО гуфт, эҳтимол дорад маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ дар моҳи октябр ҷорӣ шавад.

Зеро ба таъкиди ҷаноби Гулов, «соли гузашта дар ин шабу рӯз, нерӯи барқро Тоҷикистон аз Узбакистон мегирифт ва имсол ин тавр нест. Ба ин далел, маҳдудият зарур аст, то вазъи таъмини нерӯи барқ танзим шавад».

Ин дар ҳолест, ки ҳукумати Тоҷикистон дар соли гузашта маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ ба аҳолиро дар моҳи ноябр роҳандозӣ кард ва он дар моҳи март поён ёфт.

Ҳатто ин маҳдудият ба пойтахти Душанбе, маркази шаҳрҳо ва вилоятҳои Тоҷикистон тааллуқ надошт ва танҳо ноҳияҳо дар шабонарӯз нахуст бо 7 соат ва баъдан то 10 соат нерӯи барқ таъмин шуданд.

Дар ҳоле, ки солҳои пеш маҳдудияти интиқоли нерӯи барқ ба аҳолӣ аз аввали моҳи октябр оғоз шуда ва дар моҳи апрел ба охир мерасид.
Албатта дар канори воридоти нерӯи барқ аз хориҷи кишвар, назири Узбакистону Туркманистон, мизони об дар обанбори Норак фаровон буд ва аз сӯи дигар ҳаво низ дар муқоиса ба солҳои пеш гарм омад. Ҳоло чӣ?

Масъулин: Мизони об ҳоло дар обанбори Норак муқаррарӣ аст

Ҳамакнун масъулони ширкати «Барқи Тоҷик» мегӯянд, мизони об дар ҳоли ҳозир дар обанбори Норак чун меъёри муқарарӣ аст ва дар сурати идомаи ин вазъ, мушкили ҷиддие дар заминаи таъмини барқ ба аҳолӣ пеш нахоҳад омад.

Ин аст, ки Рашид Гулов, муовини сармуҳандиси ширкати «Барқи тоҷик» ҷорӣ шудани маҳдудияти интиқоли нерӯи барқро ба ҳарорати ҳаво марбут медонад.

Ин дар ҳолест, ки тобистони имсол дар Тоҷикистон хеле гарм омад ва ҳарорат ба маротиб боло буд ва мардум мегӯянд « агар тобистон гарм омад, паёмадаш дар зимистон сардист».

Пас пешгӯиҳои Маркази ҳавошиносии Тоҷикистон дар мавриди ҳарорати ҳаво дар фасли тирамоҳ ва зимистон чӣ ҳаст?

Ҷамила Байдуллоева, як масъули Маркази ҳавошиносиии Тоҷикистон дар посухи ин суол гуфт:

«Ҳоло дар бораи ҳавои фасли зимистон чизе пешгӯи карда намешавад. Нахуст ин, ки маркази мо, таҷҳизотҳои ҳавошиносии мо ин тавоноиро надоранд. Баъдан, мо бештар аз Русия кӯмак мегирем, аммо то ҳол онҳо пешгӯиеро ироа накардаанд. Ҳоло танҳо ин пешгӯиро дорем, ки нимаи дуввуми моҳи октябр ҳаво хунук мешавад, яъне хунукӣ дар ин ҳангом эҳсос хоҳад шуд ва дигар чизе дар даст надорем».
Ба хотири сарфаҷӯӣ аз истифодаи нерӯи барқ дар фасли тирамоҳ ва зимистон, соҳибназарон бар ин назаранд, ки ҷорӣ кардани маҳдудият дар сардии ҳаво кори оқилона хоҳад буд.

Ҳамон гуна, ки чунин маҳдудият рӯзона дар ҳавои гарм ва шабона, вақте, ки сокинон ба неруи барқ ниёз надоштанд дар соли гузашта ҳатто дар маҳаллоти шаҳри Душанбе низ анҷом шуда буд.

Қатъи нерӯи барқ дар бархе манотиқи кишвар

Аммо бо он, ки то ҳол ин иқдом рӯи даст гирифта нашуда ва ҳукумат қарореро низ дар ин замина содир накардааст, аллакай хабарҳо аз бархе манотиқи Тоҷикистон мерасад, ки қатъ нерӯи барқ бидуни огаҳии пекашӣ сурат мегирад, ки то ҷое мардумро аз ҳоло ошуфта кардааст.

Ашӯралӣ, як сокини шаҳри Кӯлоб мегӯяд, «аллакай сар шудаст, кай кӣ хоҳанд барқро қатъ мекунанд. Ҳоло, ки лимит нашудааст ин хел аст, фардо намедонем чӣ мешавад. Ин хел рафтан гирад, зимистон шояд мушкилот зиёдтар ва аҳвол бадтар шавад».

Ин дар ҳолест, ки Мирзо Исмоилов, сардори шабакаҳои барқии минтақаи Кӯлоб, қарздории аҳолиро сабаби аслии қатъи интиқоли нерӯи барқ ба маҳаллаҳои онҳо медонад, «қарздорӣ дар минтақа барои истифода аз нерӯи барқ дар ҳоли афзоиш аст. Ҳисобҳо нишон медиҳад, ки қарздорӣ дар минтақаи Кӯлоб аз нерӯи барқ беш аз 30 миллион сомониро ташкил медиҳад».

Ин дар ҳолест, ки ҳамакнун тибқи гузориши ширкати «Барқи Тоҷик», қарздорӣ барои истифода аз нерӯи барқ тавассути корхонаҳои саноатӣ ва аҳолии кишвар ба садҳо миллион сомонӣ расидааст.

Умеди ягона-Роғун

Масъулон низ мегӯянд, ба мавқеъ пардохт шудани маблағи истифода аз нерӯи барқ имкон хоҳад дод, то норасоии нерӯи барқ аз хориҷи кишвар бароварда шавад.

Зеро тибқи арёзбии мутахассисони соҳа, норасоии нерӯи барқ дар Тоҷикистон дар фасли сармо беш аз 3 миллиёрд киловат соатро ташкил медиҳад ва Тоҷикистон талош кардааст, то ин камбудро аз хориҷи кишвар бароварда кунад.

Ҳатто фаъол шудани нерӯгоҳи Сангтӯда –1 дар ҷануби Тоҷикистон дар аввали соли гузашта низ натавонист ин норасоиро аз байн бибарад.

Пас танҳо умед ба бунёди нерӯгоҳи бузурги барқӣ - обии Роғун аст. Аммо бо таваҷҷӯх ба мухолифатҳои ҷониби Узбакистон, сохтмони ин нерӯгоҳ ба дарозо мекашад.
XS
SM
MD
LG