Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рақобати шонаҳо


Шона дар ҳунари ороишии тоҷикони аҳди қадим мавқеъи хос доштааст ва ин ҳунар реша дар қаъри ҳазорсолаҳо дорад. Шона барои абрӯвон, барои риш, барои зулф, барои мӯйи дарозу кӯтаҳ, мӯйлаб, кокулони фаттону зангӯладор вуҷуд доштаанд, ки имрӯз ҳамаи онҳо ба шонаи плостикӣ иваз шудаанд.

Дар ин росто, шона ва ҳунари шоннатарошӣ низ дӯкону бозорҳоро барои якумр тарк мегӯяд. Ва аммо то ҳанӯз хонаводаҳои ангуштшуморе ҳастанд, ки ин ҳунари нодирро ҳифз кардаанд ва аз ҳисоби он, касби маош мекунанд.

Усто Солеҳ Саидов, яке аз ҳунармандони ангуштшумори шонасоз аст, ки дар шаҳри Истаравшан зиндагӣ ва ба хотири ҳифзи пешаи бобоӣ, шонатарошӣ мекунад.

Шонатарошӣ аз ҳунарҳои мардумӣ аст, ки танҳо иштиёқи устоҳое чун Солеҳ Саидов ин ҳунарро аз нестии комил нигаҳ медорад. Усто Солеҳ муштарии зиёд надорад, аммо барои гурӯҳҳои хурди муштариёнаш аз чӯби дарахти чанор, чормағз, зардолу ва шамшод, шона месозад.

Рақобати шонаҳо
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:57 0:00
XS
SM
MD
LG