Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазъи ногувори бемористони амрози рӯҳӣ


Дар рӯзи ҷашни Истиқлолият мардум ба кӯчаву хиёбонҳо рехта бо шодмонӣ ин ҷашнро таҷлил мекунанд. Аммо дар ҷомеа гурӯҳе ҳастанд, ки рӯзҳои ғам ва хурсандӣ барояшон қариб якранг мегузаранд.

Ба гуфтаи масъулини касалхонаи бемориҳои руҳии ноҳияи Роштқалъа, муносибати бепарвоёнаи мақомот ба тақдири мизоҷонашон боис шудааст, ки беморон ҳанӯз ҳам дар утоқҳои намгирифта ба сар мебаранд.

Аввал барои сиҳатҳо баъд …

Бинои касалхонаи беморони руҳӣ, 60 сол қабл бо усули ҳашар сохта шуда, куллан дар ҳолати садамавӣ қарор дорад. Аз намии замин, деворҳои касалхона дар чанд ҷой тарқишҳо пайдо карда, барои тоза кардани ҳавои вазнини рутубатнок дар утоқҳо парасторон маҷбур мешаванд, тирезаҳоро бештари вақт боз бигзоранд.

Ба гуфтаи сарпизишки бемористон Аҳтам Чақабоев, боми биноҳо низ бо усули бобои бо истифода аз шохаи дарахтон пӯшонда шуда, шамол ва ҳавои сард бемамониат ба утоқҳо роҳ меёбад.

Вай гуфт, ки 45 нафар беморони руҳӣ, ки дар бархе аз маворид шумораашон қариб ду маротиба меафзояд, дар чунин шароити тоқатфарсо ва зараровар ба саломатиашон табобат мегиранд .

Мақомот ва вазорати тандурустии кишвар се сол қабл бо назардошти вазъи садамавии касалхона, барои бунёди бино дар деҳоти Тавдем ҷой интихоб карданд. Аммо сохтмони бино ҳанӯз шурӯъ нашудааст.

Ба гуфтаи коршиносон, ин ниҳодҳо ба қавле кӯшиданд, ки аввал дар ҳаққи афроди тандуруст ғамхорӣ зоҳир кунанд ва аз 11 ҳазор сомонии дар пешорӯи ҷашни Ваҳдат барои таъмири косметики бино ҷудо шуда, то ба ҳол фақат нисфи ин маблағ дода шудааст.

Сарпизишк мегӯяд, ки имсол то ба ҳол барои хариди ҳезум ва ангишт ва захираи маводи ғизо дар фасли зимистон барояшон маблағ ҷудо нашудааст ва онҳо аз мушкилоти зимистонгузаронӣ нигарон ҳастанд.

Аммо мақомоти ноҳия мегӯяд, ки соли гузашта барои ниёзҳои касалхона қариб 13 ҳазор сомонӣ ихтисос доданд ва бо дарёфти маблағ ба касалхона боз кӯмак хоҳанд расонд.

Дар бемористон айни ҳол дар утоқҳои мардона 30 ва занона 15 нафар табобат мегиранд. Вай гуфт ҳолатҳое буданд, ки онҳо маҷбур шуданд, дар утоқҳои мардонаи барои си кас муайяншуда, то 45 нафар беморро хобонанд.

Ба гуфтаи сарпизишк, дар байни беморон аз ҳама ноҳияҳо афроде ҳастанд, ки солиёни зиёд онҳоро касе аз хешовандону наздиконашон хабар нагирифтааст.

Бештар аз ҳама ба ин беморхона, сокинон ва муассисаву идораҳои ноҳияи Роштқалъа ва шаҳри Хоруғ кӯмак мекунанд.

Ҳолати нобасомонӣ бемористон


Амонулло, як сокини ноҳияи Роштқалъ мегӯяд, ки писараш ба бемории руҳӣ гирифтор шуда, табобаташ дар хона душвор гардид, зеро меъёри истеъмоли доруву дармонро риоят намекард. Ба гуфтаи вай алҳол писарашро дар касалхона хобонида, аз муроқибати пизишкон розӣ аст.

Гарчанде барои намнок будани утоқҳо аз саломатии писараш нигарон аст, вале чораи дигаре ҷуз аз хобонидани писараш дар ин бемористонро надорад.

Аввалмо, як парастори бемористон изҳор дошт, ки бинобар адами одитарин шароит дар ҳаммом, ҷомашуйхона ва ошпазхонаи кӯҳна, вай мисли дигар парасторон, ҳамарӯза бо оби сард 20-30 либос ва васоили рахти хобро мешӯяд.

Аз рӯи арқом, барои хурду хӯроки як нафар бемор дар як рӯз айни ҳол 4 сомониву 59 дирам маблағи буҷавӣ рост меояд. Аммо аз рӯи меъёр, ҳар як бемор ба 15 сомонӣ масраф ниёз дорад.

Ба гуфтаи сарпизишк, ба камбуди маблағ нигоҳ накарда, беморон шиками сер доранд ва нисбат ба солҳои аввали ҷанги шаҳрвандӣ , ки ҳодисаҳои фавти беморон аз гуруснаӣ ҷой доштанд, айни ҳол аз лиҳози таъминот бо ғазо давраи «шоҳи»-ро аз сар мегузаронанд.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи як манбаъ дар ноҳияи Роштқалъа , бо фавти сарпизишки қаблии касалхона, ки солиёни зиёд фаъолият карда, мақомот ва вазорати тандурустиро ба зарурати бунёди бинои нави касалхона муътақид сохт, оғози сохтмони бино ба гӯшаи фаромӯши гузошта шуд ва маълум нест, ки кай бахт бар рӯи беморон ва кормандони бемористон механдад?

Аммо масъулини идораи тандурустии вилоят гуфтанд, ки бинои нав барои беморони руҳӣ дар феҳрасти иншоотҳои муҳим қарор дошта, бо дарёфти маблағ сохтмони он шурӯъ мегардад.
XS
SM
MD
LG