Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

14 соли раҳбарии Шайх Неъматзода дар Маркази исломӣ


Шайх Амонуллоҳ Неъматзода. Акс аз хазина
Шайх Амонуллоҳ Неъматзода. Акс аз хазина

Коршиносон 14 соли раҳбарии Шайх Неъматзода дар Маркази исломиро гуногун баҳогузорӣ мекунанд. Иддае бар инанд, ки ӯ дар мубориза бо равияҳои ғайрисуннатӣ нақши бориз дошт ва бархи дигар мегӯянд, ӯ ниҳоди як замон мустақилро дастнигари ҳукумат кард.

Шаби якшанбе ба душанбе замоне, ки мусулмонони олам шаби лайлатулқадрро пешвоз мегирифтанд, муфтии мусулмонони Тоҷикистон Шайх Амонуллоҳ Неъматзода дар Душанбе даргузашт. Тибқи хабарҳо, ӯ аз бемории саратон азият мекашид. Шайх Амонуллоҳ Неъматзода 14 сол сарварии Маркази исломии Тоҷикистон, дар миёни мардум маъруф ба қозиётро ба зимма дошт.

Эмомалии Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон зимни изҳори тасаллият ба наздикони марҳум навиштааст, «нақши Амонуллоҳ Неъматзода ҳамчун сарвари мусулмонони Тоҷикистон дар пешрафти фаъолияти масҷидҳо, ҷилавгирӣ аз равияҳои тундраву ифротгаро намоён аст. Тўли солҳои фаъолияти худ номбурда дар интишори таълимоти мазҳаби ҳанафӣ, боло рафтани маърифати исломӣ, инчунин дар мавриди риояи қонунгузории ҷумҳурӣ аз ҷониби мусулмонон ва иттиҳодияҳои динӣ хизматҳои шоён намудааст».

Коршинос: Маркази исломӣ такрори идораи Шӯравист


Шайх Амонуллоҳ Неъматзода январи соли 1996 дар замони ҷанги шаҳрвандӣ ба раҳбарии Маркази исломӣ ва ҳамзамон Шӯрои уламои Тоҷикистон расид. Иддае аз коршиносон ин марҳаларо бозгашти ин идораи маъруфи динӣ таҳти болҳои ҳукумат унвон мекунанд.

Абдуфаттоҳ Воҳидов, коршиноси тоҷик мегӯяд, идораи мусалмонони Тоҷикистон дар қиёс бо анҷоми солҳои 80 ва ибтидои 90-и асри гузашта нақши муассири худ дар ҷомеаро аз даст дод ва ба як ниҳоди дастнигари ҳукумат табдил ёфт. Вай афзуд, айнан ҳамин ҳолатро ин идора дар замони шӯравӣ дошт:

«Яъне вазъ тағйир наёфт. Маркази исломии имрӯза ҳамон идораи мусалмонони Шӯравӣ аст. Ҳатто одамон тағйир наёфтаанд. Андешаҳояшон ҳам тағйир наёфтаанд. Ҳама такрор шуда истодааст».



Ба қавли коршиносон, дар баҳсҳои муҳими диние, ки тайи 14 соли ахир бархостаанд, аз ҷумла сатр ва намосгузории занон дар масҷид, ба масҷид омадани хурдсолону наврасон ва бастани масоҷид Шӯрои уламо натавонистааст аз ҳаққи мусалмонон дифоъ ва ё ба ҳалли мушкилашон мусоидат кунад.

Маъруфуллоҳ Раҳимов, муовини раиси Шӯрои уламои маркази исломӣ
Шӯрои исломӣ: Шайх Неъматзода рисолати худро ба ҷо овард


Дар ҳамин ҳол, Маъруфулло Раҳимов, муовини раиси Шӯрои уламои маркази исломии Тоҷикистон мегӯяд, Амонуллоҳ Неъматзода рисолати худро ба ҷо овардааст:

“Тӯли 14 соле, ки эшон дар мақоми баланди динӣ ҳамчун сарвари мусулмонҳо фаъолият доштанд. Ин давраҳои ҳассос ва пурмаъсулияту таърихсози миллати тоҷик буд. Дар ин давра миллат ба ин гуна фарзандон ниёз дошт. Муфтӣ рисолати худро дар масъала ба итмом расонид”.



67 соли пурихтилофи Маркази исломӣ

Маркази исломии Тоҷикистон вориси намояндагии Идораи динии мусалмонони Осиёи Марказӣ ва Қазоқистон, маъруф ба САДУМ аст, ки соли 1943 бо фармони раҳбари Шӯравӣ Иосиф Сталин ташкил шудааст. Мардуми оддӣ то ба имрӯз ин идораро «қозиёт» ва раҳбарашро «қозӣ» унвон мекунанд.

То соли 1994 раҳбарони ин ниҳод аз сӯи САДУМ дар Тошканд таъин мешуданд. Аввалин раҳбари намояндагии САДУМ дар Тоҷикистон Абдулмаҷиди Қорӣ, аз ӯзбакҳои Фарғона будааст. Баъд аз ӯ Эшони Абдусаттор ва Эшони Абдурашид, аз фарғонагиҳои Тоҷикистон ва аз соли 1965 то соли 1988 Абдуллоҳ Калонзода, аҳли Хуҷанд ба мӯҳлатҳои тӯлонӣ раҳбари ин ниҳод буданд.

Соли 1988 раҳбари намояндагии САДУМ дар Тоҷикистон Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода таъин шуд ва ин намояндагӣ соли 1989 ба Қозиёти мусалмонони Тоҷикистон табдили ном кард.

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода
Қозиёти Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода


Аммо Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода мегӯяд, барои сабти номи ин идора дар оғоз ҳеҷ як аз мақоми ҳукуматӣ масъулиятро ба зимма нагирифт:

«Намояндагии Идораи дини назди Шӯрои вазирони Иттиҳоди Шӯравӣ дар Тоҷикистон, вазорати адлия ва дигар ниҳодҳо ба зимма нагирифтанд. Воқеан ҳам ҳатто масҷидҳоро бояд дар Маскав ба қайд мегирифтанд. Хушбахтона, Иззатулло Ҳаёев, раиси Шӯрои вазирони Тоҷикистон, гуфтанд, ки худамон бо қарори ҳукумат Низомномаи қозиётро ба қайд мегирем. Тибқи ин низомнома раҳбари намояндагии САДУМ дар Тоҷикистон расман Қозии мусалмонони Тоҷикистон унвон шуд».



Оқои Тӯраҷонзода афзуд, Қозиёти мусалмонон аз Тошканд истиқлолияти моливу хоҷагидориашро ба даст овард, аммо ба хотири ваҳдати мусалмонони минтақа тобеияташро ба САДУМ нигаҳ дошт. Вай афзуд, маҳз дар ин даврон қозиёт идораи молиявии масҷидҳо дар Тоҷикистон, фиристодани донишҷӯён ба хориҷ, нашри адабиёт ва ташкили маросими ҳаҷро ба ихтиёр гирифт. Оқои Тӯраҷонзода афзуд, тайини Қозии мусалмонон низ аз салоҳиятҳои Тошканд гирифта шуд ва акнун имомхатибони 17 масҷиди расмӣ дар Тоҷикистон ӯро интихоб мекарданд.

Аз Қозиёт то Маркази исломӣ

Соли 1993 идораи қозиёт аз Тошканд ҷудо шуда, ба муфтиёт табдил ёфт, ки раҳбараш Ҳоҷӣ Фатҳуллохони Шарифзода соли 1996 ба таври мармуз кушта шуд. Соли 1997 муфтиёт ба маркази исломии Тоҷикистон табдил ва дар назди ин марказ як шӯрои уламои иборат аз 20 нафар таъсис ёфт.

Коршиносон мегӯянд, дар ин муддат Маркази исломӣ он салоҳиятҳоеро, ки дар ибтидои солҳои 90 дошт, аз даст дод ва ба монанди даврони шӯравӣ ба як ниҳоди дастнигари ҳукумат табдил ёфт.

Аммо Абдулло Ҳабибов, коршинос дар умури амниятӣ мегӯяд, дар ибтидои солҳои 90 қонунгузории Тоҷикистон шакл нагирифта буд ва қозиёти давр салоҳиятҳои беҳудудро соҳиб шуда буд:

«Вақте ки қонунҳо қабул шуданд, фаъолияти қозиёт ҳам ба танзим даромад, барои ҳамин қонуншиканӣ дигар накард. Ин тавр гӯем дурусттар аст. Дин аз давлат ҷудо аст. Марҳум раҳбари собиқ ҳам баромадҳо мекард, фикри худашро мегуфт, аммо ҳар коре мекард, дар доираи қонун мекард».

Дар ҳамин ҳол, коршиносон мегӯянд, бо даргузашти Амонуллоҳ Неъматзода як даврони таърихи идораи мусалмонони Тоҷикистон ҳам ба охир расидааст. Ба қавли онҳо, аз ин ба баъд масъулияти ин ниҳод меафзояд, зеро барои ҳукумати Тоҷикистон чолишҳои нави идеологӣ пеш омадаанд.
XS
SM
MD
LG