Дар бемористони шаҳри Хуҷанд, назди шӯъбаи эҳё даҳҳо хешону пайвандони милисаҳои аз таркиш ҷароҳатдида шабзиндадорӣ мекунанд. Як ҷавонзан, ки худро ҳамсари Саидҷаъфар ном корманди собиқадори шуъбаи минтақавии мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилона дар Хуҷанд номид, дар сӯҳбат бо Озодӣ ашк дар чашм гуфт, шавҳараш беҳуш дар шӯъбаи эҳё бистарист ва аз Худо шифои ӯро умедвор аст. Вай афзуд, ҳарф задан барояш дар ин бора вазнин аст.
Як таксирон дар маркази шаҳри Хуҷанд сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар рӯзи баъди таркиш саддҳо бардошта ва роҳи асосии канори маҳали таркиш – бинои шӯъбаи минтақавии мубориза алайҳи ҷиноятҳои муташаккилонаи назди раёсати корҳои дохилӣ боз аст: «Ҳаракат бемалол, пештара барин. Милисаҳо ҳам кам.»
Милисаҳои раҳбон танҳо дар канори роҳҳои асосӣ ва милисаҳои мусаллаҳ дар маҳали таркиш, воқеъ дар канори пули рӯди Сир ба чашм мерасанд.
Дар мағозаву коргоҳҳои наздик ба маҳали таркиш кормандон шишаҳои шикастаи тирезаҳо ва шикастапораҳои деворҳои афтидаро ҷамъ меоранд.
Як фаррошзани мағозаи «Фароз», воқеъ дар тақрибан дар 300-метрии ҷойи таркиш, ки машғули ҷамъ овардани шикастапораҳо буд, гуфт, ин рӯзи корӣ барояш чун рӯзи хеле вазнин хоҳад монд.
Соҳиби ин мағоза – Тоҳирҷон гуфт: «Дару тирезаҳои нави мағозаамон шикаста пора–пора шуд. 15–20 ҳазор зарар дидем.»
Бо гузашти ду рӯз мақомот ҳанӯз чигунагӣ ва дараҷаи иқтидори бомби таркида дар назди сохтмони идораи шуъбаи минтақавии мубориза алайҳи ҷиноятҳои муташаккилона муайян ва эълон накардаанд. Аммо таркиши бомб ба ҳадде будааст, ки дару девор ва тирезаҳои биноҳои то панҷсадметрии таркиш осеб дидааст.
Нақлҳои шоҳидони ҳодиса
Садои гушхароши таркишро субҳи рӯзи ҷумъаи 3–юми сентябр сокинони бисёр гӯшаву канори Хуҷанд шуниданд ва вуҷуди ҳама такон хӯрд. Дар ёди бархе аз садоҳои монанди рӯзи ҳамлаи дастаи Маҳмуд Худойбердиев дар соли 1997 бедор гашт, бархе дигар онро овози таркиши мошини газ қабул карда, ба даҳшат омаданд:
Хомӯшии мақомот ва овозаҳои мардум
Мақомоти Суғд як шабонарӯзи баъди таркиш хомӯш буд ва барои сокинон ба воситаи расонаҳо маълумоте дар ин бора ироа накард ва ин ба паҳн шудани бисёр хабару овозаҳои беасос миёни аҳолӣ боис гашт.
Ин нахустин ҳамлаи интиҳорӣ дар Тоҷикистон аст, ки дар пайи фирори 25 зиндонӣ аз боздоштгоҳи муваққати кумитаи амниятии ин кишвар сурат мегирад. Бархе аз коршиносон инро нишонаи бо тағйири шаклу усули мубориза ошкор ба муқовимат бархостани гурӯҳҳои тундрав ва ифротгаро медонанд.
Коршинос Неъматуллоҳи Мирсаид мегӯяд: «Фарзияҳои таркиш зиёданд ва таҳлил кардани онҳо душвор аст. Мақомот масъулияти ин ҳамлаи интиҳориро ба Ҷунбиши исломии Узбакистон рабт медиҳанд. Дар ҳақиқат, имрӯзҳо ин ҳаракат фаъолияти худро дар минтақаи водии Фарғона пурзӯр кардааст ва нафарҳое аз шаҳрвандони тоҷик ҳам ба он пайвастаанд. Аммо ин фарзия, ба фири ман, он қадар ба ҳақиқат рост намеояд. Ба назари ман, шояд ин тавр ҳам шуда бошад, ки гурӯҳҳои ҷабрдида аз шӯъбаи 6–ум вориди муноқиша шуда бошанд.»
Аз нигоҳи Неъматуллоҳи Мирсаид, дарёфти нуқтаҳои иртибот миёни ҳодисаи таркиш дар Хуҷанд ва гурези маҳбусон дар Душанбе коре сахт душвор аст.
Бархе аз коршиносони Суғд ин ҳодисаҳоро нишони намоиши қудрат аз сӯи гурӯҳҳои тундрав унвон мекунанд, ки ба саҳнаи муқобилияти рӯёрӯй ворид шудаанд.
Амали террористӣ ё интиқомӣ?
Вале таҳлилгар Бобоҷони Икром таркишро чун як нишони эътирози гурӯҳе ва қасдгирии онҳо арзёбӣ мекунад:
«Гурӯҳе аз коршиносон ба фалаҷ будани сохторҳои қудратӣ, рӯ ба фасод ва зӯроварӣ доштани онҳоро ҳам таъкид мекунанд. Ин ҳолат дар ниҳояти амр ба бад шудани муносибати онҳо бо мардуми ҳамватани худ ва аз рӯи инсофу дар чаҳорчӯбаи қонун анҷом нагирифтани он овардааст. Ва ин муносибат низоъву қасдситониро дар пай меорад, то ҳадди куштору ғорат.»
Дар робита ба ин Неъматуллоҳи Мирсаид мегӯяд, ки дар минтақаи шимоли Тоҷикистон аз ҳама бештар сокинони Исфара аз муносибатҳои тунд ва ғайриинсофонаи кормандони интизомӣ дилсард шудаанд.
Бобоҷони Икром афзуд, ки ин гуна муносибати ниқорталабонаро маҳкум мекунад, аммо барои ислоҳи вазъ бояд қонун ҳам аз ҷониби кормандони ниҳодҳои давлатӣ ва ҳам шаҳрвандони оддӣ баробар риоят шавад: «Мо набояд ҷинояткорро дифоъ кунем, вай бояд аз рӯи кирдораш ҷазо гирад. Аммо он мақоме, ки бар зидди ҷинояткор мубориза мебарад, низ бояд аз фасод, ғазаб ва қоуниншиканӣ орӣ бошад.»
Бо гузашти як шабонарӯз аз таркиш дар Хуҷанд мақомот тақрибан ҳеҷ чизи наве дар мавриди ҳайсийяти ҳамлавар ё ҳамлаварони интиҳорӣ, бомби истифодашуда барои хабарнигорон ироа накарданд.
Ҷиҳати тафтиши ин ҳодиса ситодҳои вижа дар идораи корҳои дохилии Суғд, додситонӣ ва ҳукумати вилояти Суғд таъсис ёфтааст, аммо ҳанӯз натиҷаи фаъолияти онҳо бозгӯ нашудааст.

- «Садои таркиш ва аз паси он овози бачаҳо чунон баланд буд, ки гумон кардам, биноҳо ғалтида, бачаҳо таги он монда бошанд. Ҳама бачаҳо дар мактаб, дар нотинҷӣ ҳама хавотир мешавад, даррав ба мактаб занг задем.» 02
- «Аз ин пеш ман дар телевизор дида будам, ки 25 маҳбус аз ҳабсхонаи Душанбе гурехтаанд. Гумон кардам, ки ҳамонҳо ҳуҷум кардаанд.»
- «Шунидем, ки одам бо мошин даромадасту бинои милисаро таркондаст. Чӣ даркор қасд кардан ба ҷони якдигар ?! Ҳамашро хушӣ ба хушӣ ҳал кардан мумкин набуд? Одамони бегуноҳ нобуд шуданд, ҳамаи онҳо оила доранд, зану фарзанд, падару модар доранд, раҳми онҳоро кӣ мехӯрад ?»