Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати чаҳор нафар дар таркиши Хуҷанд таъйид шуд


Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳалокати чаҳор нафар бар асари инфиҷори рӯзи ҷумъа дар бинои Шӯъбаи мубориза бо ҷиноёти созмонёфтаи вилояти Суғдро таъйид кард. Бино ба ин сарчашма, беш аз 21 нафар захмии ин ҳодиса дар бемористон таҳти назорати пизишкон ба сар мебаранд.

Муҳаммадҷон Назриев, як масъули маркази матбуоти вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, яке аз афсарони милиса вақте мехостааст аз вуруди мошини ҳамлаварон ҷилавгирӣ кунад, беному нишон шуда ва афсари дигарӣ дар бемористон ҷон додааст.



Баёнияи Вазорати корҳои дохилӣ


Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон қабл аз ин, бо нашри баёнияе гуфтааст, ки субҳи имрӯз як мошини тамғаи "Волга" бо суръат ба дарвозаи шӯъбаи мубориза бо ҷиноёти созмонёфтаи Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд ворид шуда ва таркидааст. Бино ба хабарӣ расмӣ дар натиҷаи ин таркиш 25 нафар аз кормандони милиса маҷрӯҳ шудаанд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон бо нашри як баёния ҳодисаи таркиш дар Хуҷандро шарҳ дода ва гуфтааст, ки бо эҳтимоли зиёд "амали мазкур аз тарафи ҳаммаслакони гумонбаршудагон ба куштори раиси собиқи бозори Исфара Каримов Ҳомидҷон, ки эҳтимоли ба Ҳаракати исломии Узбакистон мансуб буданашон мавҷуд аст, содир карда шудааст".


Пизишкони беморхонаи Хуҷанд мегӯянд, бар асари таркиш ҳудуди 30 нафар милиса захм бардошта, ду нафар дар беморхона ба ҳалокат расидаанд. Манобеъи ғайрирасмӣ шумораи кушташудагонро зиёдтар медонанд, аммо дар ин бора мақомоти Суғд ҳанӯз маълумоти расмие пахш накардаанд.

Таъсиси ситоди вижа дар Хуҷанд

Хабарнигори Озодӣ дар Хуҷанд гузориш медиҳад, ки бар нерӯҳои интизомӣ ҷодаҳоро зери назорат гирифтаанд ва рафту омад дар ҷодаҳо маҳдуд шудааст.

Ҳукумати Суғд барои тафтиши ҳодисаи таркиш ситоди вижае, иборат аз намояндагони мақомоти дахлдор таъсис додааст.

Аммо то ин соат масъулини ин ситод ва мақомоти дигари масъул дар Хуҷанд аз пахши хабари расмӣ дар бораи таркиш худдорӣ меварзанд.

Масъулини бахши хабарии ҳукумат гуфта буданд, баъд аз зуҳр хабарнигорон ба брифинг даъват мешаванд, аммо ин нишаст баргузор нашуд.


Ҳамлаи интиҳорӣ ба милисахона

Ин таркиш ҳудуди соати 8 субҳ ба вуқӯъ пайваста аст. Як мошини тамғаи "Волга" бо суръат ба дарвозаи шӯъбаи мубориза бо ҷиноёти созмонёфтаи Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд ворид шуда ва таркид. Дар натиҷаи ин таркиш 25 нафар аз кормандони милиса маҷрӯҳ шуданд.

Баъд аз таркиш афроди либоси оддӣ дар тан шикастапораҳоро ҷамъ меоварданд. Садҳо корманди милиса тамоми роҳҳоро аз маркази Хуҷанд ба маҳали таркиш баста, атрофи онро банд кашиданд.

Феълан сохтмони шӯъбаи минтақаии мубориза бо ҷинояткории созмонёфта ва ё ба истилоҳ РОБОП-ро мақомоти амниятӣ ба муҳосира гирифтаанд.

Нақли шоҳидони ҳодиса

Ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, таркиш дар назди бинои идораи шӯъбаи минтақавии мубориза бо ҷинояткории муташаккил дар Хуҷанд наздики соати 8 – и субҳи 3 – юми сентябр ба ҳадде сахт буд, ки шикастапораҳои автомобил то садҳо метр парида, шишаи тирезаҳои биноҳои атроф то ҳудуди 500 метр шикаста, фурӯ рехтааст.

Як фарроши беморхонаи бемориҳои дил, воқеъ дар тақрибан дар дусадметрии ҷойи таркиш дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, садои баланд ба гӯшаш расид ва аз зарби шикастапорае қисме аз сақфи як палатаи бемористон ва шишаҳои тирезаҳо фурӯ рехт.

«Ман савори «маршрутка» беморхона мерафтам. Милисаҳо назди пули нав моро доштанд. Одамон мегуфтанд, ки шуъбаи 6-умро тарконидаанд.» - мегӯяд мусоҳиби дигар.

Бинои яке аз беморхонаҳои наздики маҳалли таркиш

Хабарҳои мухталиф дар бораи шумори қурбониён

Табибони беморхонаи Хуҷанд мегӯянд, дар натиҷаи таркиш дар назди бинои шуъбаи 6–уми милиса ҳудуди 30 нафар аз кормандони интизомӣ маҷрӯҳ шуда, 2 милисаи захмӣ дар ин беморхона ба ҳалокат расидаанд . Ба гуфтаи онҳо, ба ҳама ҷароҳатдидагон ёриҳои тиббӣ расонида шуда истодааст.

Бархе аз манобеъи ғайрирасмӣ шумораи кушташудагонро чаҳор нафар мегӯянд, аммо мақомот то ҳол инро тасдиқ накардаанд.

Бегоҳи рӯзи 3– юми сентябр як қурбонии таркиш – Аюбҷон Маҳкамов, корманди шуъбаи минтақавии мубориза ба ҷиноятҳои муташаккилро ба гӯристони маҳаллаи масҷиди Сурхи Хуҷанд бо иштироки раиси шаҳр ба гӯр супурданд.

Амалиёти таҳқиқотӣ дар маҳалли ҳодиса

Бино ба гузоришҳо, чанд нафар аз хабарнигорони расонаҳои маҳаллӣ ва марказӣ, ки ба ҷойи ҳодиса назик шуда ва мехостанд гузориши таҳия кунанд, аз сӯи нерӯҳои милиса боздошт ва ба милисахона бурда шудаанд. Дар миёни ин хабарнигорон Қамари Аҳрор, хабарнигори Озодӣ низ будааст, ки нахустин хабари инфиҷорро ба мо гузориш дода буд. Гуфта мешавад, дастгоҳҳои сабту навори ин хабарнигорон аз сӯи нерӯҳои интизомӣ забт шудааст.


Тибқи охирин хабарҳо хабарнигорон аз идораи милисаи шаҳри Хуҷанд баъди пурсуҷӯ раҳо шудаанд. Аммо ҳамчунон имкони наворбардорӣ ва кори журанлистон дар маҳалли ҳодиса иҷоза дода нашудааст.

Бино ба охирин хабарҳо, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон камисюни вижаеро барои баррасии ҳодисаи таркиши Хуҷанд таъсис дода, ки Амирқул Азимов, дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон ба он раҳбарӣ мекунад.

Ин камиссюн иборат аз муовинони ниҳодҳои амниятӣ ва интизомӣ ба Хуҷанд сафар кардааст.
XS
SM
MD
LG