Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳкими ҳимояти марз дар Бадахшон


Марзи миёни Тоҷикистону Афғонистон дар минтақаи Бадахшон дар робита бо фирори 25 маҳбус аз зиндони Душанбе, аз тарафи нерӯҳои марзбонӣ ва амниятии кишвар таҳким ёфтааст. Аммо ба гуфтаи коршиносон, боз ҳам эҳтимоли убури марз аз ҷониби афроди фирорӣ вуҷуд дорад.

Муовини сафири Афғонистон дар Тоҷикистон Муҳаммадэҳсони Мисбоҳ дар сӯҳбат бо хабарнигори «Озодӣ» таъйид кард, ки Вазорати хориҷаи Тоҷикистон аз онҳо хостори ҳамкорӣ ба манзури ҷилавгирӣ аз убуру муруи эҳтимолии фирориён аз маҳбас дар марз гардидааст.

Котиби намояндагии Афғонистон дар Хоруғ Нисор Аҳмадӣ низ афзуд, ки аз ҷониби ҳукумати марказиашон ба нерӯҳои марзбонии афғон дар мавриди мусоидат кардан дар боздошт ва баргардони маҳбусони фирорӣ ва ҷилавгирӣ аз эҳтимоли кочоқи силоҳ дастур дода шудааст.

Аммо ба фикри сокини Хоруғ Кошифи Насим, ки муддате дар Афғонситон кор кардааст, бинобар душвории зери назорат гирифтани хати марзи беш аз 800 километра ҳанӯз ҳам дар ҳар ҷойи минтақа имконияти убуру мурури марз вуҷуд дорад. Кошиф мегӯяд, ки марзшиканон ҳамчунин имкон доранд, ки аз пайроҳаҳои душоргузари кӯҳистонӣ истифода баранд.

Эҳтимоли убури марз аз тарафи фирориён вуҷуд дорад

Ҷомеаъшинос Парвона Фаррухзод мегӯяд, ки бинобар заъиф будани ҳимояти дохили эҳтимоли даст ба силоҳ задан ва муқовимат кардани фирориён бо ҳукумат камтар буда, гузинаи қавитарин он аст, ки фирориён кӯшиш хоҳанд кард то марзи Афғонистон ҷон ба саломат баранд.

Ба гуфтаи вай, вазъи амниятии кишвари ҳамҷавор ва дар байни фирориён мавҷуд будани шаҳрвандони Афғонистону боз будани марз аз авомиле ҳастанд, ки барои таҳрик додани фирориён ба ин иқдом мусоидат мекунанд. Вай гуфт, дар Афғонистон ин афрод метавонанд ба таври пинҳонӣ зиндагӣ кунанд, ба гурӯҳҳои тундрав пайванданд ва ё тавассути ҳудуди он ба кишварҳои саввум паноҳ баранд.

Ҳанӯз чанде қабл, бар асари нооромиҳои соли гузашта дар Тавилдара вазъи марзи байни Тоҷикистону Афғонистон ба хусус дар минтақаи Дарвоз нигаронкунанда арзёбӣ мешуд. Шоъеот дар мавриди мавҷудияти қочоқи силоҳ ва эҳтимоли убуру мурури марз аз ҷониби афроди ношинохт вирди забонҳо буд.

Чанде қабл мақомоти қудратии Тоҷикистон гуфта буданд, ки дар ноҳияи Дарвоз як гурӯҳи муташаккили иборат аз марзбонон ва сокинони маҳаллиро хунсо карданд, ки ба ивази музд ба убуру мурури ғайриқонунии шаҳрвандони дохил ва хориҷи кишвар дар марз мусоидат кардаанд.

Вазорати корҳои хориҷӣ: Ба маҳбусони фирорӣ виза надиҳед
XS
SM
MD
LG