Мизроб Доробов, сӯхангуи раёсати корҳои дохилии Бадахшон мегӯяд, ҷустуҷӯи ҷасади мусофирон ва ронанда, ки ҳамагӣ сокинони ноҳияи Ишкошим буда, азми сафари Душанбе доштанд, идома дорад.
Ба иттилоъи масъулини бозрасии давлатии автомобилии Бадахшон як савори ин мошин, шаҳрванди Афғонистони, ҳангоми ҳодиса фурсат ёфтааст, ки худро ба берун ҳаво диҳад ва ҷон ба саломат бурдааст.
Шоҳидони айнӣ ба масъулини бозрасии давлатии автомобилӣ гуфтааанд, ки гаштугузори чорвои хонагӣ дар теппа боиси сангрез ва ҳалокати мусофирон шудааст.
Ба гуфтаи масъулин бозрасии давлатии автомобили тайи солои равон бори дуввум аст, ки лағзиши санг ва кандашавуии кӯҳпора мунҷар ба ҳалокати мусофирон дар ҷодаҳои Бадахшон мешавад.
Роҳҳои интизори таъмири Бадахшон
Гуфта мешавад, чанде қабл дар маҳалли Хобу Руботи ноҳияи Дарвоз кандашавии кӯҳпора автомашинаи сабукраверо, ки аз Душанбе ба ноҳияи Ванҷ мерафт, ба дарё андохта, 8 нафар сарнишинони он ҳалок шуданд.
Дар соли гузашта лағзиши санг ва бархӯрдани он ба автомашинаи сабукрав дар маҳалли Ҷавшангози ноҳияи Роштқалъа ҷони директори мактаб ва ронандаро рабуд.
Муовини сардори идораи роҳҳои Бадахшон Дилшодбек Қосумбеков гуфт, ки роҳҳои нақлиётӣ дар Бадахшон бештар аз 2,5 ҳазор километр тӯл мекашанд. Вай баён дошт, ки 60 дар сади тали роҳҳо барои сафар хатарнок арзёбӣ мешаванд ва таҳдиди ҳамешагии тарма, сел ва сангрез мусофиронро дар ҷодаҳои Бадахшон ҳамеша дунболагир ҳастанд.
Дилшодбек Қосумбеков гуфт, ки барои ҳамвор намудан ва бехатаргаронии роҳҳои вилоят 450 сомони масраф шуд, ки ин маблағ дар қиёс бо солҳои гузашта зиёдтар аст. Аммо амалисозии барномаи куллан бехатаргардонии роҳҳои Бадахшон ба миллиардҳо сомони зарурат дорад.
Ба гуфтаи масъули идораи роҳҳои Бадахшон ба хотири ҷилавгирӣ аз хатароти табиӣ танҳо дар масофаи якчанд километри роҳи Хоруғ - Ӯш дар даврони собиқ шӯравӣ иншоотҳои муҳофизатии пӯшида сохта шуда, бунёди шабеҳи онҳо хароҷоти зиёдро талаб мекунанд. Вай гуфт, ки тайи дар солҳои охир иншооти пешгирикунандаи хатароти офати табии дар қитъаи роҳи Зиғар — Хостави ноҳияи Дарвоз сохта шуданд.
Аз оғози сол то ба ҳол дар ҷодаҳои Бадахшон бар асари садамаи нақлиётӣ 12 нафар ҷонаш дода ва 33 тан ҷароҳат бардоштаанд.