Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қалъаи Вомар барқарор мегардад


Корҳои барқарорсозии қалъаи Вомар-воқеъ дар маркази ноҳияи Рӯшон шурӯъ гардиданд.

Ба иттилоъи раиси шӯъбаи фарҳанги ноҳияи Рушон Назархон Сабзалиев, ба манзури барқарорсозии ин ёдгории нодири таърихӣ, вазорати фарҳанг як миллиону 200 ҳазор сомониро ихтисос додааст ва қарор аст бо ин маблағ, қалъаи вайроншуда дар тӯли панҷ соли оянда ба намуди аввалаааш баргардонда шавад.

Қалъаҳо паноҳгоҳ аз ҳамлаи таҷовузгарон будаанд

Раиси шӯъбаи фарҳанг гуфт, ки то ба ҳол барои барқарорсозии қалъа қариб 140 ҳазор сомонӣ масраф шуда, як ширкати сохтмонӣ бо номи «Акмал» дар он кор мебарад.

Тасмим дар мавриди барқарорсозии қалъа пас аз тахрибшавии он бар асари сӯхтор гирифта шуд. Дар шафати қалъа қаблан марзбонони рус ва алҳол марзбонони тоҷик мустақар ҳастанд.

Сокини маҳаллии Вомар Мардина Мирзоев изҳор дошт, ки сӯхтор дар қалъа шаб ба вуқуъ пайваста, чубҳои тасмамонанди дар мобайни девор ба хотири мустаҳкамии он зада шуда, сӯхта нобуд шуданд ва як қисми девори қалъа фурӯ рехт.

Қалъаи Вомар яке аз силсиладижҳои Бадахшон, ба қатори ёдгориҳои муҳими таърихӣ шомил мешавад.

Ба гуфтаи Мардина Мирзоев, ин диж ба ҳайси як истеҳком ва бо истифода аз имконоти табии маҳал бунёд ёфта, паногоҳи сарбозони мири Рӯшон ва сокинони маҳал ба ҳангоми таҳоҷуми таҷовузгарон будааст.

Вай гуфт, ки пештар қалъа ба андозае баланд будааст, ки ҳангоми назораи он тоқи аз сари кас мефтид, вале оҳиста-оҳиста бар асари боду борон ва фаромушӣ, деворҳои қалъа тахриб гардиданд.

Дижҳо таърихи зиндаи ин диёранд

Ба гуфтаи муовини сардори идораи фарҳанги Бадахшон Бозича Гулшаев, дар Бадахшон бештар аз 70 ёдгориҳои бостонӣ ва 12 дижҳо мавҷуд ҳастанд, ки ба ҳифозат ва барқароркунӣ ниёз доранд.

Вай гуфт, дижҳои бостонии Ямчун ва Намадгути ноҳияи Ишкошим, ки фарҳанг ва меъмории давраи Кушониёнро ба намо мегузоранд, ба феҳрасти ёдгориҳои бостонии ЮНЕСКО шомил гардида, қарор аст барои барқарорсозиашон иқдом шавад.Вай гуфт, ин ёдгориҳои бостонӣ дар роҳи абрешим мавриди таваҷҷуҳи афзояндаи сайёҳони дохил ва хориҷи кишвар қарор мегиранд.

Аммо сокинони Ишкошим мегӯянд, ки дар як қисмати дижи бостонии Намадгут ҳанӯз сарбозон мустақар ҳастанд.Ба гуфтаи онҳо ҳар боре, ки сайёҳон аз қалъа дидан мекунанд аз чунин муносибат ба ёдгориҳои фарҳанги ангушти ҳайрат мегазанд.

Ҳайдармамад Сафармамадов мегӯяд, ки чанд бор сайёҳонро ба дижҳо роҳбаладӣ карда, шоҳиди нороҳатии сайёҳон аз ҳузури сарбозон шудааст.Вай баён дошт, ки дар бархе аз маворид, сарбозон сайёҳонро аз дидани қалъаҳо манъ карданд ва ҳолатҳое шудааст, ки сарбозон деворҳои кӯшкҳои қадимаро канда барои худашон бошишгоҳ сохтаанд.

Аммо ба гуфтаи намояндагони мақомоти ноҳия, масъулини марзбонӣ омода ҳастанд, ки дар сурати шуруъ гардидани корҳои барқарорсозии диж, мақари марзбононро ба ҷой дигар дар ин маҳал кӯч диҳанд. Берун шудани сарбозон аз диж имконият медиҳад, ки сайёҳон ба ҳангоми тамошои қалъа худро озодтар ҳис кунанд.
XS
SM
MD
LG