Ба фарқ аз як ҷавонписари хатлонӣ, заҳмату меҳнати духтари рустоӣ ба маротиб бештар аст. Духтари наврас аз бомдод то ба намози хуфтан ба рӯбучини хона, таҳияи ғизои субҳонаву шом, шустушӯи либос, обкашонӣ ва умури дигари хонаводагӣ банд аст, дар ҳоле, ки бародар ё додари вай то дер хуфта, ғизои тайёр хӯрда, мактаб меравад ва пасон, дар аксари маврид вақти худро бо тафреҳ сипарӣ мекунад.
Писарон аз духтарон бештар ба таҳсил мераванд
Давлатнисо Давлатова, як сокини ноҳияи Қумсангир, мегӯяд, ҳарчанд мактаби миёнаро ду сол қабл бо баҳои аъло хатм кардааст, волидонаш барои идома додани таҳсили ӯ дар донишгоҳ рухсат надодаанд. Давлатнисо мегӯяд, падараш ба ҷойи ӯ бародарашро барои таҳсил ба донишгоҳи Қӯрғонтеппа ирсол кардааст, то соҳиби маълумот шуда, парастори волидон шавад:
«Падару модарам намонданд. «Духтар, ки калон шуд, бояд аз хона берун нашавад», - гуфтанд. Ҳарчанд бо баҳои «5» мактабро тамом кардам, падарам гуфт, ки имрӯз-пагоҳ шавҳар мекунӣ, шояд хонданат дар нимароҳ монад, оилаи шавҳарат барои идомаи таҳсилат иҷозат надиҳад, ҳайф мешавад. Ҳамин хел, орзуям амалӣ нашуд.
Духтур шуданӣ будам. Дар қишлоқи мо ягон духтур нест, агар лозим шавад, аз ду деҳа дур даъват мекунем, хоҳад меояд, нахоҳад – не. Аммо ба ҷойи ман додарамро ба хондан фиристоданд, ҳарчанд вай шавқи таҳсил надошт. Акаам ҳам хондагӣ, вай ҳоло судя аст дар Қумсангир. Акнун ман хонашин ҳастам, дигар чӣ илоҷ, аз гапи волидон баромадан гуноҳ аст…»
Дар ҳамин ҳол, Гулрухсор Сафарова, як масъули ҳукумати ноҳияи Қумсангир мегӯяд, эҷоди монеъа барои идомаи таҳсили духтарон дар донишгоҳҳо аз ҷониби волидайн мушкили рақами яки ҷомеаи Қумсангир мебошад:
«Ҳарчанд бисёр ташвиқ мекунем, намехонанд духтарон, ҳатто дар мактабҳои миёна ҳам. Онҳоро волидонашон бисёр вақт намехоҳанд, ки таҳсил кунанд. Намемонанд. Духтарони деҳот ҳамин хел бесавод шуда истодаанд. Ҳатто квотаи президентӣ ҳам онҳоро ба таҳсил моил намекунад. Падару модарон дар ин ҷо ба дин «сахтанд», «хондани духтар зарур нест», мегӯянду намемонанд, ки аз хона берун бароянд…»
Ҷомеъаи мардсолор
Ба бовари соҳибназарон, ҷомеаи суннатии деҳкадаҳои Хатлон ба баробарии ҷинсии марду зан, писару духтар мувофиқ нест ва ҳамеша мардсолориро бартарият медиҳад.
Бисёр шуда ки, ҳангоме масъалаи ба таҳсил фаро гирифтани фарзандон ба миён меояд, волидон бештар ба писаронашон аҳамият медиҳанд, аз он ки ба духтар, ва ғолибан намехоҳанд, ки духтарашон таҳсилдида, соҳиби кори давлатӣ ва фаъоли ҷамъиятӣ бошад.
Ин ҷараён бахусус аз ҳамон даврае, ки ришвату фасодкорӣ ба ҳангоми қабули довталабон ба донишгоҳҳо оғоз ёфт, шиддат гирифта, аз миёни фарзандон, ғолибан танҳо писаронро барои таҳсил дар донишгоҳҳо ҳидоят мекунанд.
Ҷомеашинос, Манзура Шарифова мегӯяд, бавижа дар ноҳияҳо ва рустоҳои дурдасти Хатлон ҳамоно мардсолорӣ ва хурофотпарастӣ ба мушоҳида расида, кори зан ва духтарро танҳо омода шудан ба хонадорӣ ва хизмат ба шавҳар мешуморанд:
«Духтар бояд пурсабр бошад, духтар бояд ҳама гапро гӯш кунад, ҳуқуқи ҷавоб додану фикри худро озод баён кардан надорад. Ана ҳамин аст, мутаассифона, психология ва менталилети иддае аз мардуми мо. Ва писаронро мо мегӯем, ки «ту марди майдон ҳастӣ!», «Ту шери хонадон ҳастӣ!». Масалан, ҳар саҳар дар оилаи тоҷик якум фарзанд - духтар бояд аз хоб хезад ва бояд тамоми корҳои хонаро саранҷом кунад, баъд ба кору таҳсилаш машғул шавад. Яъне, ки мо аз аз рӯзи аввал, аз оила фарзандонро дуруст тарбият намекунем…»
Хонум Шарифова бо таассуф меафзояд, ҳамоно дар миёни волидон ин гуна андешаҳо роиҷ аст, ки «духтар - моли мардум», «духтара чию хонданаш чӣ?», ки табиист, бозгӯкунандаи муносибат ба духтарон дар оила ва поймол шудани ҳуқуқи онҳо мебошад.
Муҳаммадлоиқ Тошиев, сокини ноҳияи Вахши вилояти Хатлон мегӯяд, ду писар ва се духтар дорад, писаронаш дорои маълумоти олӣ ва таҳсилдидаанд, аммо духтаронаш на. Вай мегӯяд, писаронашро барои он равонаи донишгоҳ кардааст, ки онҳо оянда дар таъмини хонавода дасти кӯтаҳ надошта бошанд ва гӯё масъули «гӯру чӯб»-и волидони худ буда тавонанд. Аз вай пурсидам, ки чаро монеъи таҳсили духтаронаш дар мактаби олӣ шудаву намехоҳад, ки онҳо илми дунявӣ омӯзанд? Вай гуфт:
«Ҳозир шароитҳои мактабҳои олӣ, чи хеле, ки падару модар мехоҳанд, он хел нест. Аз ҷиҳати сару либос, шишту хез. Мактабҳои олии мо кафолати ҳифзи нангу иффати духтаронро дода наметавонанд. Хобгоҳҳо шароити дуруст надоранд, духтарон бо ҷавонон дар хобгоҳҳои умумӣ меистанд. Ин ҳамаро одамоне, ки омӯхта нестанд, ҳеҷ вақт таҳаммул карда наметавонанд. Ҳамчунин сару либосе, ки донишҷӯён мепӯшанд, қобили қабул нест, ҳатто аз матоъи миллии атлас ҳам юбка сохтаанд, ки дуруст нест. Баъдан, духтарон донишгоҳа тамом ҳам кунанд, ҷойи кори муносиб намеёбанд. Муаллима шаванд, маош кам, пулашон ба роҳхарҷӣ ҳам намерасад…»
Мушкили пайдо кардани ҷойи кори муносиб барои духтарони таҳсилдида низ аз мавзӯъҳоест, ки бисёре аз волидонро аз додани рухсат ба идомаи таҳсили духтаронашон дар макотиби олӣ бозмедорад.
Иддае аз занон, ки дар гузашта ба сабаби манъи волидонашон, аз таҳсил дар донишгоҳҳо канор монда буданд, мегӯянд, ҳоло намехоҳанд монеъи таҳсили духтарони худ шаванд. Рӯзигул Қодирова, сокини ноҳияи Сарбанд яке аз онҳост:
«Нохонда одам дигар асту хондагӣ - дигар. Падару модарам намонда буданд, ки дар донишгоҳ хонам. Гуфтанд, ки акаҳоят ҳастанд, кӯмак мекунанд, намегузоранд, ки азоб кашӣ. Аммо агар духтар хонад, дар оила азоб намекашад, кор мекунад, ба шавҳараш кӯмак мешавад. Ҳоло пушаймонам, шояд духтарони ман оянда таҳсил карда, соҳибмаълумот шаванд…»
Таҳсил аз ҳуқуқҳои аслии ҳар фард аст
Таҳсил яке аз муҳимтарин ҳуқуқҳои духтарон аст, ки дар аксари маворид дар вилояти Хатлон поймол мешавад. Таҳсили духтарон дар макотиби олӣ дар қиёс бо масъалаи таҳсили онҳо дар мактабҳои ҳамагонӣ мушкили нисбатан саҳл менамояд. Танҳо дар соли ҷорӣ дар вилояти Хатлон қариб сеюним ҳазор духтар пас аз хатми синфи 9 аз идомаи таҳсил даст кашидаанд, куҷо то таҳсили онҳо дар донишгоҳҳо.
Вале ин якумин ва ягона масъалае нест, ки ба поймолшавии ҳуқуқи духтарон дар Хатлон рабт мегирад. Қаландар Садруддинзода, муовини раиси Маҷмаи уламои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, мегӯяд, тақсими мерос миёни фарзандон аз умдатарин масоилест, ки дар бештари маврид ҳуқуқи духтар ба он нақз мешавад ва духтарон бо вуҷуди ниёзмандӣ, наметавонанд ҳангоми тақсими мерос ба порае аз хонаи падар умед банданд. Зимнан, дар бештари маврид хонаи падарро баъди тақсими мерос писар соҳибӣ мекунад:
«Тарака фарз аст. Дар ислом агар касе накунад, ба куфр маҳкум мешавад. Барои он, ки ҳаққи духтарро ҳеҷ кас ҳаққи худ кардан наметавонад. Лекин садҳо афсӯс, ки дар бисёр маврид тарака анҷом намешавад, духтарон соҳибҳақ намешаванд. Қозиҳо ҳам наметавонанд дахл кунанд ба ин масъала, зеро қонуни дунявӣ мегӯяд, ки молу мулки шавҳар баъд аз маргаш ба номи завҷааш мегузарад, агар мард номаи мерос нагузошта бошад. Ҳама сарвату моле, ки мард дорад, тибқи фармудаҳои Ислом ҳар ду духтар баробари як писар аз он ҳақдор аст ва молу мулки падар бояд баробар тақсим шавад. Ин дуруст нест, вақте мегӯянд, ки духтар баъд аз шавҳар кардану аз хонаи падар рафтан, ҳар қадар дороиро бо худ хонаи шавҳар бурда бошад ҳам, ба мероси падар ҳаққаш мемонад…»
Ҳуқуқ ба таҳсил, ҳуқуқ ба мерос, ҳуқуқ ба баёни озоди андеша ва афкор, ҳуқуқ ба кор ва дарёфти шуғли муносиб, ҳуқуқ ба интихоби ҳамсар, хушунат ва маҳдудкунии гаштугузор. Ин ҳама аз ҳуқуқу озодиҳои духтарони бавижа рустоҳо ва навоҳии дурдаст ҳастанд, ки на ҳамеша риоят мешаванд.
Аммо азбаски волидон ва пайвандони духтар дар аксари ҳол ҳуқуқи ӯро маҳдуд мекунанд, духтар ин ҳамаро ба мисли норма ё меъёри муқаррарии муносибат ва рафтор нисбат ба худ қабул кардааст.