Кумитаи умури изтирории Тоҷикистон гуфтааст, ки Олег Алтмани 45-сола ҳангоми фатҳи як қулла ба поён афтодааст. Ҷасади ин кӯҳнавард, ба шаҳри Душанбе ва сипас тавассути ҳавопаймо ба Русия интиқол мешавад.
Қабл аз ин ҳам як кӯҳнаварди дигари рус, дар авали моҳи август дар ин маҳал аз қуллае афтода ва маҷрӯҳ шуда буд.
Гурӯҳи наҷотбахш ду кӯҳнаварди хориҷиро пайдо кард
Гурӯҳи наҷотбахши Кумитаи изтирории Тоҷикистон ду нафар аз кӯҳнавардони украиниро, ки ахиран дар наздикиҳои пиряхи Федченко, воқеъ дар шарқи Тоҷикистон, бедарак шуданд, пайдо кардааст. Ҷустуҷӯи нафари севвум дар ин соатҳо идома дорад.
Мақомоти ноҳияи Ҷиргатол иттилоъ доданд, ки яке аз кӯҳнавардон Алексей Вашенко бо чархбол ба бемористони ноҳияи Ҷиргатол интиқол дода шудааст. Кӯҳнаварди дуввуми украинӣ Алексей Никоненко ҳамроҳ бо гурӯҳи наҷотбахш аст ва онҳоро дар ҷустуҷӯи нафари севвум – Олег Монсар, ки гуфта мешавад, аз кӯҳ сарозер шудааст, раҳнамоӣ мекунад.
Гурӯҳи наҷотбахшро алпинистҳо аз Киев ва Маскав ҳамроҳӣ доранд.
Вазъи сиҳатии ду нафар кӯҳнаварди пайдошуда муътадил арзёбӣ мешавад. Алексей Вашенко пас аз муоинаи тиббӣ озими шаҳри Душанбе шудааст.
Гурӯҳи наҷотбахшони Кумитаи изтирории Тоҷикистон дар як чархболи Вазорати дифои кишвар барои наҷоти кӯҳнавардони укроинӣ субҳи имрӯз ба ноҳияи Ҷиргатол сафар кард.
Мақомоти Кумитаи умури изтирории Тоҷикистон мегӯянд, то баъд аз зуҳри рӯзи чоршанбе гурӯҳи наҷоти ин кумита натавонистааст ба ҷои ҳодиса парвоз кунад. Далели таъхири парвоз адами яке аз халабонони чархболи вазорати дифоъ будааст.
Кӯҳҳои Помир дар шарқи Тоҷикистон ҳамеша ва мавриди алоқаи ҷаҳонгарон ва хоса кӯҳнавардони хориҷӣ будааст. Ҳамасола аз ин макон садҳо ҷаҳонгард дидан мекунад.
Дар якуним соли пеш низ як чархболи ҳомили кӯҳнавардони хориҷӣ зимни фурӯд омадан дар кӯҳҳои Помир дучори садама шуд, ки бар асари он чанд нафар кушта шуданд. Ҳаводису гирифториҳои дигаре ҳам дар Помир бо ҷаҳонгарон рух додааст, аммо ин ҳаводис ҳаргиз боиси коҳиши таваҷҷӯҳи кӯҳанвардон ба фатҳи қуллаҳои Помир нашудааст.
Кӯҳнавардони украинӣ 31-уми июл дар минтақаи пиряхи Федченко дар банди кӯҳ монданд. Гуфта мешавад, яке аз онҳо аз кӯҳ сарозер шуда, алоқа бо ду нафари дигар қатъ шуда буд. Дар давоми 11-рӯзи гузашта аз сарнавишти ин кӯҳнавард хабаре ба даст наомада буд.
Талоши камранги ҳукумат барои наҷоти кӯҳнавардон
Қаблан роҳбари ширкати куҳнавардии «Наврӯз» Раъно Собирова кумитаи ҷавонон, варзиш ва саёҳиро ба ташкил карда натавонистани кумаки фаврӣ ба куҳнавардони дар хатар монда муттаҳам кард.
Вай гуфт, дар авҷи мавсими куҳнавардӣ муҷаввизи ширкатҳои ватании ба куҳнаварди шуғл дошта, бозпас гирифта шудаанд ва кумита дар риштаи куҳнавардӣ ташаббусро ба даст гирифт, аммо вуқуъи аввалин ҳодисаи нохуш ба куҳнавардон ғайриҳирфаии будани кумитаро дар умури куҳнавардӣ собит сохтааст.
Аммо мавқеъи масъулини кумитаро дар мавриди ин қазия рӯшан кардан муяссар нашуд.
Раъно Собирова мегӯяд, ки вай оиди аз қулла сарозер шудани куҳнаварди укроинӣ тавассути алоқаи моҳвораи аз ҳамроҳонаш, ки алҳол дар банди кӯҳ мондаанд, огоҳ шудааст. Ба гуфтаи Раъно Собирова, танҳо ширкати худаш имсол 300 гурӯҳ, аз ҷумла 100 нафар куҳнавардонро ба сафари Помир роҳнамоӣ кардааст.
Дар ҳоле, ки бинобар иттилоъи расонаҳои хабарӣ, чашми ҳама барои наҷоти кӯҳнавардон ба Помир дӯхта шудааст, намояндагони идораҳои масъул дар Бадахшон дар мавриди тақдири кӯҳнавардони укроинӣ ва ҷойи вуқуъи ҳодиса изҳори бехабарӣ карданд. Раъно Собирова гуфт, ки ҳодисаи сарозер шудани кӯҳнавард дар наздикии қуллаи Исмоили Сомони ба вуқуъ пайвастааст.
Аммо Алим Дорғабеков, роҳбари ассотсиатсияти экологӣ-фарҳангии Помир мегӯяд, ки ширкатҳои сайёҳии минтақа айни ҳол бештар бо сайёҳоне, ки мехоҳанд пойи пиёда, бо дучарха, аспу уштур ва автомобил Помирро бубинанд, сару кор доранд