Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хисороти обхезиҳо дар Бадахшон


Ситоди ҳолатҳои изтирории Бадахшон аз таҳдиди хатари обхезӣ дар минтақа ҳушдор медиҳад. Ба иттилоъи навбатдори фаврии ситод Сураҷ Давроншоев, бар асари якбора гармшавии ҳаво ва дамидани оби руди куҳӣ, дар маҳалли Зонги ноҳияи Ишкошим ба се манзили истиқомати зарар расидааст.

Об ба ҳавлии ин сокинон даромада, бошандагон маҷбур шуданд муваққатан манзилҳояшонро тарк кунанд.

Аз ноҳияи Мурғоб иттилоъ расидааст, ки дар маҳалли Модиёни ин ҷо як манзили истиқомати ва се хайма зери об монданд.

Хисорот ба соҳаи кишоварзӣ

Навбатдори ситод афзуд, ки бар асари дамидани оби руди Панҷ, ҳамчунин дар деҳаи Ҳисори ноҳияи Ишкошим сарҷуй канда шуда, зиёда аз 68 гектар замини кишт зери об монд.

Обхезӣ ба киштазорҳои лаби соҳил дар ноҳияҳои Шуғнон ва Рӯшон низ хисорот ворид кардааст ва дар ҷойи якҷошавии маҷрои дарёҳои Бартанг ва Панҷ дар ноҳияи Рушон сарбанд канда шуда, об 85 гектар кишти зироатро хароб кардааст ва ба 28 хонаводаи маҳал хатари зери об мондан таҳдид мекунад.

Сокини деҳаи Барчиди ноҳияи Шуғнон Аслишо Бобоҷонов мегӯяд, ки чунин обхезии шадидро дар моҳи август ёд надоранд ва обхезӣ сокинони деҳаро аз ҳосили картошка ва зироатҳои ғалладона, ки дар заминҳои корами лаби соҳил кошта буданд, маҳрум кард.

Обхезӣ дар деҳаҳои Патхур ва Вери ноҳияи Шуғнон ва Пшихарви ноҳияи Ванҷ пулҳои пиёдагардро аз истифода баровардааст.

Ситоди ҳолатҳои изтирории Бадахшон иттилоъ медиҳад, ки дар масири ноҳияи Ишкошим ярч фаромадааст, аммо алҳол роҳ тоза ва ҳаракати нақилёт аз сар гирифта шудааст.

Аммо дар маҳали Пастхуфи Рушон оби дарё ба роҳи нақлиёти байни Душанбе-Хоруғ баромада, ҳаракати нақлиётро мушкил сохтааст ва хавфи шусташавии роҳ ба вуҷуд омадааст.

Гармиҳои дерҳангоми имсол

Ба иттилоъи масъулини ситоди ҳолатҳои изтирории Бадахшон, хезиши сатҳи оби дарёҳои минтақа рӯзи шанбе баландтарин дар тобистони имсола ба қайд гирифта шуда, 926 сантиметрро ташкил додааст.

Гуфта мешавад, ки нишондиҳандаи баландтарин обхезӣ дар Бадахшон дар солҳои 50-уми қарни гузашта ба қайд гирифта шуда, он вақт оби дарёҳо 950 сантиметр баланд шуда будааст.

Дар Бадахшон обхезӣ одатан дар моҳи июл ба вуқуъ мепайвандад.

Аммо имсол, ғайриинтизор аввали моҳи август гарм омад. Аммо обуҳавосанҷон мегӯянд, ки рӯзҳои оянда дар бархе аз деҳоти дурдасти Бадахшон бориши кӯтоҳмуддат дар назар аст ва имкон дорад, ки оби дарёҳо ва рӯдҳо паст фуроянд.
XS
SM
MD
LG