Бинобар назарсанҷие, ки як ассотсиатсияи маҳалли бо номи «шабакаи экотуризми Помир» анҷом додааст, аз 300 нафари мавриди пурсиш қарор гирифта, танҳо як нафарро пайдо карданд, ки Сарезро дидаааст. Дар бораи баландтарин ва овозадортарин қуллаҳои Помир ва пиряхҳо танҳо теъдоди ангуштгумори пурсидашудагон маълумот доранд.
Ба гуфтаи роҳбари ассотсиатсия Рашидбек Зарифбеков, мушкилоти роҳ ва сатҳи поини таълими кишваршиносӣ дар макотиб сабаб гирдидааст, ки бештари мардум танҳо аз оинаи нилгун ва нақлу ривоёт ба муъҷизаҳои нодири табиати минтақа ошно шаванд.
Сарпизишки беморхонаи деҳоти Рошорви ноҳияи Рушон Ватаншо Мирзоев побанди мушкилоти иҷтимоӣ будани мардумро сабаби дур монданашон аз имкони тамошо ва баҳрабардорӣ аз ҷойҳои нодирӣ минтақа мешуморад. Вай мегуяд, ки дар деҳоташон наздик ба 1600 нафар сукунат доранд ва то кули Сарез ҳамагӣ 22 километр ва аз ҷумлаи он 14 километр пойи пиёда роҳ аст. Вале шояд каме бештар аз 10 нафар бошандагони деҳа аз Сарез дидан кардаанд. Ба гуфтаи Ватаншо вай худ бо даъвати як пизишк аз Душанбе, ки муддате дар Хоруғ кор карда орзуи дидани Сарезро дар дил мепарварид, ба кӯли афсонавӣ сафар карда ва аз тамошои оби нилгун ва мусаффояш ба ваҷд омадааст.
«Аждаҳои хуфта» ва ё «нозанини хуфта»
Сарезро бархе аз муҳаққиқон «аждаҳои хуфта» ва иддае «нозанини хуфта» унвон кардаанд. Аммо ба гуфтаи Ҳосил Ниёзов, як сокини деҳаи ноҳияи Рушон, агарчанде барои аксари сокинони деҳоти гирду атроф тамошои ин обанбори табии бузург муяссар нашудааст, вале аз оқибатҳои хатароти рахнашавии он ҳама ба хубӣ огоҳ ҳастанд.
Вай гуфт, ки ба манзури кам кардани оқибатҳои зарари эҳтимоли рахнашавии Сарез созмонҳои байналмиллалӣ аҳолиро омузонда, дар деҳоти дар хати аввали рахнашави қарор дошта, паноҳгоҳи муҷаҳҳаз бо маводи ғизо ва кумаки аввалия таъсис доданд.
Аммо ба гуфтаи журналист Лутфишои Додо гарчанде бештари мардум дар умрашон ягон бор ба Сарез ва ё Зоркулу Яшилкул ва ҷойҳои дигари табиати нодир ва таърихии Бадахшон сафар накардаанд, аммо фикран чунин мепиндоранд, ки онҳоро дидаанд ва ин қаробату наздики аз шунидани нақлу ривоят аз хурдсоли дар бораи ин ҷойҳо сарчашма мегирад.
Ба фикри Лутфишо, ҳар рузи зиндагии сангини мардуми куҳистон, ба вижа онҳое, ки дар деҳа зиндагӣ мекунанд ва ҳамаруза пиёда масофаи зиёдеро тай мекунанд, сафар аст.
Вай меафзояд, ки бинобар шароитҳои иҷтимоӣ аксари сокинон побанди олами танги маҳаллашон буда, тамошои бештари ҷойҳои зебоманзар ва нодир барояшон афсонаро мемонад.
Дар ҳамин ҳол журналисти телевизиони Бадахшон Гулос Мамадлоиқов, қариб ягона фард аз аҳли қалами минтақа мебошад, ки бо ташаббуси шахсиаш чанд сол қабл нахустин бор Сарезро ба бинандагон муаррифӣ кард ва дар даҳони мардум ба қаҳрамон табдил ёфт.
Экспедитсия омили худшиносӣ ва рушди сайёҳӣ
Зарнигор, як донишҷуи риштаи ҳуқуқ ва таърихи Донишгоҳи Давлатии Хоруғ мегуяд, ки ба насли ҷавон на фақат хатари дур мондан аз тамошои кулу чашмаҳо ва табиати зебоманзари диёр таҳдид мекунад. Вай гуфт, ки аксари донишҷуён оид ба дижҳои бостониӣ воқеъ дар ноҳияи Ишкошим танҳо аз китобҳо тасаввурот ҳосил кардаанд ва соли гузашта донишгоҳ барои нахустин бор ба манзури таҷрибаомузӣ ба қалъаҳо дар ноҳияи Шуғнон экспедитсия ташкил карданд. Вале имсол бинобар мушкилоти молӣ донишҷуён аз шиносои бо ёдгориҳои фарҳангӣ бебаҳра монданд.
Аммо Рашид Зарифбеков мегуяд, ки ба манзури тарғиби ҳар чӣ бештари кишваршиносӣ ва баланд бардоштани савияи дониши экологӣ дар байни ҷавонон онҳо тасмим гирифтанд, сафари гуруҳи муҳассилини риштаи саёҳии Донишгоҳи Осиёи Марказиро ба кули Сарез ташкил кунанд. Роҳбари ассотсиатсияи экологӣ муътақид аст, ки сафарҳо ба Сарез ва дигар маконҳои нодири табиию таърихӣ ва фарҳангии Бадахшон батадриҷ ба ҳукми анъана медароянд ва ба тақвият ёфтани фарҳанги худшиносии мардум ва рушди сайёҳӣ мусоидат мекунанд.
Овози дуҳул шунидан аз дур хуш аст
Сайёҳоне, ки ба Бадахшон меоянд, чунин мешуморанд, ки агар касе Сарезро надида бошад, пас Бадахшонро надидаааст. Ба гуфтаи роҳбари ассотсиатсия, агар аз руи ин ченак қиёс шавад, пас аксари мардуми Помир, ки дар ин сарзамини бостонӣ ва пурасрор зиндагӣ мекунанд, Помирро надидаанд.
Дар ҳамин ҳол ба гумон аст, ки нафаре аз сокинони маҳалли қуллаеро дар Помир фатҳ карда бошад. Танҳо чанд сол қабл гуруҳи куҳнавардони ҷавон ба таври рамзи як қулларо дар наздикии Хоруғ тасхир карданд.