Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иштирокчии ҷангро аз имтиёзҳо маҳрум карданд


Занҷир Ашуров
Занҷир Ашуров

Комиссариати ҳарбии шаҳри Кӯлоб иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ будани Занҷир Ашуров, як сокини 92-солаи Кӯлобро зери гумон қарор дода, ӯро аз гирифтани нафақа ва имтиёзҳои «иштирокчии ҷанг» маҳрум сохтааст.

Ин дар ҳолест, ки Занҷир Ашуров 65 соли ахир ҳамчун иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз имтиёзҳо бархӯрдор буда, дар тамоми тантанаҳои ҷашни ба муноисбати Ғалаба бар Олмони фашистӣ дар қатори дигар иштирокчиёни ин ҷанг ширкат кардааст.

Ин марди кӯҳансол мегӯяд, масъулини комиссаритаи ҳарбӣ аз рӯи ғарази шахсӣ ба ин кор даст задаанд ва ӯро бардурӯғ тӯҳмат мекунанд. Дар ҳоле, ки ба қавли Занҷир Ашуров, ӯ аз соли 1942 то соли 1947 дар ақибгоҳи ҷанг ба сарбозону мардум кӯмак кардааст ва иштиркочии ҷанг ҳисоб мешавад.

Вай мегӯяд, воқеан бархе ҳуҷҷатҳоямро ҳангоми сел омадан дар манзили зист аз даст додам, вале ҳуҷатҳои дигарам дар комиссариати ҳарбӣ ва дар дастам боқист, ки иштирокчии ҷанг буданамро собит мекунад. Вале вай афзуд, ин ҳама ҳуҷҷату далелро комиссариати ҳарбӣ ба назар намегирад.

Шубҳа аз асноди иштирокчии ҷанг

Аммо Маҳмадрасул Розиев, сардори комисариати ҳарбии шаҳри Кӯлоб дар ҳоле, ки аз сӯҳбати микрофонӣ худдорӣ кард, гуфт, онҳо ин корро аз рӯи ғараз накардаанд ва танҳо ҳангоми тафтиши ҳуҷҷатҳои иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ маълум кардаанд, ки дар ҳуҷҷатҳои Занҷир Ашуров нуқси зиёде ҷой дорад, ки ин аз эҳтимол ширкат накардани ӯ дар ҷанг шаҳодат медиҳад.

Инчунин, ҷаноби Розиев афзуд, ки ҳоло тафтишоти пурра сари ин қазия идома дорад ва дар сурати тасдиқи пурраи худро ёфтан аз болои ин марди 92-сола ба додситонии ҳарбӣ барои баргардонидани маблағе, ки тӯли ин солҳо ҳамчун имтиёз бар иловаи нафақааш гирифтааст, шикоят хоҳанд кард.

Ин ҳам дар ҳолест, ки фарзанди Занҷир Ашуров - Нурулло Ашуров мегӯяд, тамоми ҳуҷҷатҳоеро рӯи даст дорад, ки иштиркочии ҷанг будани падарашро тасдиқ мекунад. Ӯ мегӯяд, ҳеҷ бовар надорад, ки дар замони шӯравӣ, ки хеле низоми ҷиддии ҳуҷҷатгузорӣ дошт, падараш тавониста бошад, худро бе ҳеҷ сабаб иштирокчии ҷанг муаррифӣ кунад. Вай мегӯяд, “ин бовар нокарданист, ки падари ман чунин карда бошад, дар ҳоле замони шӯравӣ муйро аз хамир ҷудо мекарданд, чунин шуданаш номумкин аст”.

Дар ҳамин ҳол Асадулло Қурбонов, раиси шурои собиқадорони ҷангу меҳнат дар шаҳру навоҳии Кӯлоб мегӯяд, онҳо бо дархости комиссариати ҳарбӣ 6 моҳ боз бархе аз имтиёзҳои Занҷир Ашуровро муваққатан бекор кардаанд, вале ҳанӯз ҳам ӯро ҳамчун иштирокчии ҷанг дар чорабиниҳо даъват мекунанд.

Занҷир Ашуров: Ба ҳама ҷо шикоят хоҳам бурд

Аммо Занҷир Ашуров мегӯяд, ӯ барои собит кардани ҳақиқат то ба ҳамаи ҷо шикоят хоҳад бурд ва ҳеҷ гоҳ намегузорад, ки бо даъвоҳои беасос номи ӯро дар дами пири доғдор кунанд. Ӯ афзуд, “намегузорам, ки фарзандону наберагонам сари хам дошта бошанд, дар ҳоле, ки ман ҳеҷ гуноҳ надорам ва инро то замоне, ки ҷон дар бадан дорам исбот мекунам”.

Чанде аз ҳамсӯҳбатҳои мо аз ҳисоби иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ низ тасдиқ карданд, ки воқеан ин мард ҳангоми Ҷанги Бузурги Ватани дар сафи артиш қарор дошт.

Аз шаҳру навоҳии Кӯлоб беш аз 13 ҳазор нафар дар ҷанги миёни Иттиҳоди шӯравӣ ва Олмони фашистӣ, ки бештар бо номи ҷанги Бузурги Ватанӣ маълум аст, ширкат кардаанд. Феълан дар шаҳру навоҳи наздики 300 нафар аз иштиркочиёни ин ҷанг дар қайди ҳайёт боқи мондааст.
XS
SM
MD
LG