Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бародари Ғаффор Мирзоев 30 сол зиндонӣ шуд


Генерал Ғаффор Мирзоев бо ҳукми абад дар зиндон ба сар мебарад
Генерал Ғаффор Мирзоев бо ҳукми абад дар зиндон ба сар мебарад

Додгоҳи олии Тоҷикистон Абдурасул Мирзоев, бародари генерал Ғаффор Мирзоев, собиқ фармондеҳи горди президенти Тоҷикистонро ба муддати 30 сол аз озодӣ маҳрум кард. Ӯ дар талоши барои табадуллоти давлатӣ, нигаҳдории силоҳ ва бархе дигар амалҳои ғайриқонунӣ муҷрим дониста шудааст.

Бино ба иттилои Додгоҳи Олии Тоҷикисон тафтиши ин парванда аз сӯи Кумитаи амнияти милии Тоҷикистон сурат гирифта, Мирзоев дар доштани силоҳ, кӯшиши табаддулоти давлатӣ, ғоратгарӣ, гарвгонгирӣ муттаҳам мешуд.

Аммо масъулони додгоҳ бо истинод ба махфӣ будани парванда, ба ин суол, ки ин ҳама иттиҳомоти алайҳи ӯ тасдиқ шудаанд ё не, ҳозир нашуданд посух диҳанд.

Вале Саидҷон Одинаев вакили мудофеи Абдрасул Мирзоев гуфт, ки тибқи қонунҳои ҷорӣ ҳангоми баррасии парвандаи генерал Ғаффор Мирзоев номи Абдурасул ҳам оварда мешуд ва аз ин рӯ, бархе аз ҷурмҳое, ки Ғаффор Мирзоев содир карда буд, ба таври автоматӣ ба номи Абдураcул ҳам таалуқ гирифт.

Саидҷон Одинаев афзуд, Додгоҳи олӣ се даъвои вакили мудофеъро ба назар гирифт ва аз айбнома ихтисор кард, аз ҷумла, мавриди ғоратгарӣ, гаравгонгирӣ аз парванда ҳазф шудааст.

Наздикони Абдурасул Мирзоев мегӯянд, ки аз ҳукми Додгоҳи олӣ норозӣ ҳаст ва дар рӯзшои наздик ба Додгоҳи олӣ шикоят даъвоӣ пешинҳод хоҳанд кард.

Абдурасул Мирзоев, бародари Ғаффор Мирзоев, фармондеҳи собиқи Горди миллӣ ва раиси собиқи Оҷонси назорат бар маводи мухаддири Тоҷикистон, дар таърихи 12 январи соли равон аз Дубай ба Душанбе истирдод шуд.

Мақомоти Тоҷикистон Абдурасул Мирзоевро дар як силсила ҷиноёти сангин муттаҳам карда, қаблан се корхонаи марбут ба ӯ - корхонаи гӯшти шаҳри Душанбе, тарабхонаи “Ҷоми Ҷамшед” ва мағозаи “Кооператор”-и шаҳри Кӯлобро давлатӣ карданд.

Худи Ғаффор Мирзоев дар соли 2004 боздошт шуда, соле баъд ба ҳабси абад маҳкум шуд.
XS
SM
MD
LG