Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикояти шаҳрвандони Афғонистон аз сафорати Тоҷикистон


Бархе аз шаҳрвандони Афғонистон аз мушкили дарёфти визаи Тоҷикистон тавассути сафорати ин кишвар дар шаҳри Кобул шикоят кардаанд. Онҳо мегӯянд, ҳамзамон бо ин дар атрофи сафорати Тоҷикистон "бозори сиёҳ" фаъол аст ва дар он визаро ба осонӣ метавон харидорӣ кард.

Муҳаммад Ёсин, сокини Кобул, аз охирин афродест, ки то ин дам тариқи расонаҳо мехоҳанд таваҷҷӯҳи мақомоти расмиро ба мушкили дарёфти визаи Тоҷикистон барои шаҳрвандони Афғонистон ҷалб кунанд. Вай дар як тамоси телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳамарӯза теъдоди назарраси сокинони Афғонистон барои дарёфти виза дар даромадгоҳи сафорати Тоҷикистон дар Кобул ҷамъ мешаванд, ки дар миёни онҳо занони кӯдакдор, пирону дигар тоифа мардум, аз ҷумла тоҷирон дучор меоянд, аммо консулгарӣ танҳо ба чанд нафар раводиди сафар ба Тоҷикистон тақдим мекунаду халос:

«Аммо ин ҷо афроде ҳастанд, ки дар Сарои Шоҳзода (як маркази ғайрирасмии молиявии Кобул, ки аз ҷумла саррофиҳову интиқоли пул дар ин ҷо ҷойгир шудаанд - Ф.М.) кор мекунанд ва масъулине, ки дар атрофи консулгарӣ аз бахши пулис кор мекунанд, тариқи «бозори сиёҳ» виза ҷӯр мекунанд».



Визаи расмӣ ва визаи "кӯчагӣ"

Дар ҳоле ки нархи виза расман барои як моҳ 60 ва барои се моҳ 90 доллар муқаррар шудааст, ба қавли оқои Ёсин, дар «бозори сиёҳ» визаи Тоҷикистон барои як моҳ ба маблағи 300 ва се моҳ 700 доллар омода мешавад.

Тоҷикистон дар Афғонистон чор консулгарӣ дорад, ки дар шаҳрҳои Мазори Шариф, Кобул, Қундуз ва Файзобод ҷойгиранд. Аммо бо ин вуҷуд мушкили визаи Тоҷикистон қисмати муҳими сӯҳбатҳои расмиву доираҳои тиҷории Афғонистон аст.

Ғулом Набии Фароҳӣ, муовини вазири фарҳанги Афғонистон тайи як сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, тамоми ҳамкориҳои ду кишвар фақат ҳарфи рӯи коғаз хоҳанд буд, агар масъалаи раводид ё виза ҳалли худро пайдо накунад: «Агар мо хоҳем, ки равобити сиёсиву иқтисодиву фарҳангиамонро беҳтар ё дар соҳаи ҷаҳонгардӣ пешрафт кунем, бояд қабл аз ҳама масъалаи виза ҳал шавад. Мо мехоҳем сари ин мавзӯъ бештар сӯҳбат шавад».

Монеаи аслӣ барои тоҷирон

Ва Ғуломмуҳаммад, як тоҷир аз вилояти Қундуз мушкили визаро монеаи асосии тоҷирони ин вилояти ҳаммарз бо Тоҷикистон унвон мекунад: «Ҳамин ӯзбакҳои Мазори Шариф. Он қадар содда визаи Ӯзбакистонро мегиранду мераванд ва боз меоянд. Аммо мо — тоҷикҳо ин тавр карда наметавонем».

Зимнан, тибқи иттилоъи расмӣ, ҳоло 25 дарсади содироту воридоти Тоҷикистон тариқи Афғонистон сурат мегирад. Ин ҳам дар ҳолест, ки моли Покистону Ҳиндустон пурра тариқи Афғонистон ба Тоҷикистон ва қисмате аз моли Русияву Қазоқистон тариқи Тоҷикистон ба Афғонистон ворид мешаванд.

Тоҷирони Афғонистон бар инанд, ки дар ҳоли содда шудани дарёфти визаи Тоҷикистон эҳтимоли бамаротиб боло рафтани гардиши мол миёни ду кишвар вуҷуд дорад, бахусус дар ҳоле ки Тоҷикистон таҳти фишорҳои иқтисодии Ӯзбакистон ва Русия, ду кишвари фазои ИДМ қарор дорад.

Аммо аз сӯи дигар Афғонистон ноамнтарин кишвари минтақа аст, ки бо Тоҷикистон беш аз 1300 километр марз дорад ва хатароти амниятӣ на як бору ду бор аз ин кишвар зуҳур кардаанд, бахусус дар шароити имрӯз, ки фаъолияти ҳаракати Толибон ва дигар созмонҳои террористии минтақаиву ҷаҳонӣ дар ин кишвар тақвият меёбанд.

Мушкилоти дарёфти виза

Муҳаммад Умар Сулаймонӣ, волии вилояти Қундуз нигарониҳои ҷониби Тоҷикистон дар мавриди амниятро дуруст мешуморад. Вай мегӯяд, Тоҷикистон мехоҳад ҳар фардеро, ки вориди қаламраваш шавад, таҳти назорат дошта бошад:

«Мо ҳам ба ин розӣ ҳастем. Худо накунад, дар ин кишваре, ки ба сад мушкил амнияту суботро таъмин кардааст, ягон ноамнӣ эҷод шавад. Мо ба қуюдоте, ки мақомоти Тоҷикистон ҷорӣ кардаанд, тавофуқи назар дорем. Мо мекӯшем, ки заминаҳои сода шудани дарёфти визаро фароҳам орем, то ҳам ҷониби Тоҷикистон аз лиҳози амниятӣ дилпур бошад ва ҳам тоҷирон тавонанд тиҷораташонро рушд диҳанд».


Иззатулло Раҳимӣ, аз масулони сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон мегӯяд, виза яке аз мавзӯҳои баҳси миёни ду кишвар аст, ки чандин маротиба ҳатто дар сатҳи вазирони умури хориҷӣ матраҳ шудааст. Вай афзуд: «Ин воқеан мушкили умда аст. Мо фақат умедворӣ мекунем, ки он ҳал шавад, то тоҷирони мо бидуни мамониат тиҷорати худро пеш баранд».

Ба ҳамин минвол, дар масъалаи визаи Тоҷикистон ба шаҳрвандони Афғонистон ду ҷанба ба назар мерасад, яке ин ки ба даст овардани виза мушкил аст ва дуввум ин, ки ин мушкил бо пардохти бештар ва ғайриқонунии маблағ рафъ мешавад.

Вокуниши вазорати хориҷаи Тоҷикистон

Давлат Назриев, сухангӯи вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон мегӯяд, қаблан ҳам дар мавриди бо нархи гарон дар «бозори сиёҳ» фурӯхта шудани визаи ин кишвар дар Афғонистон низ иттилоъ расида буд, аммо касе аз шаҳрвандони ин кишвар ҳозир нашуд, ки дар ин маврид шаҳодат диҳад. Оқои Назриев афзуд, барои рушди тиҷорат Тоҷикистон 5 пул бо Афғонистон бунёд кардааст:

«Лекин баъзе мушкилот вуҷуд доранд, ки характери техникӣ доранд, масалан, мошинҳои боркаш ба ҷои 10 20 тон бор мекунанд, ки роҳҳои моро хароб мекунанд. Баъзеҳо ба Тоҷикистон меоянду бо тамом шудани визҳа ба ватанашон барнамегарданд. Ё баъзеҳо бо тиҷорати маводи мамнӯъ машғуланд. Яъне баъзе қонуншиканиҳо мешавад ва мо хоҳиш мекунем, ки шаҳрвандони Афғонистон қонунҳои моро риоят кунанд».

Қаблан мақомоти Тоҷикистон теъдоде аз шаҳрвандони Афғонистонро барои тиҷорати шираи камол боздошт ва истирдод карда буданд. Ҳамчунин хатари бузургтарин аз қочоқбарони маводи мухаддири Афғонистон аст, ки гоҳ — гоҳ мекӯшанд марзи ду кишварро ғайриқонунӣ убур кунанд. Солҳои гузашта ба гарав гирифтани шаҳрвандони Тоҷикистон аз тарафи қочоқчиёни маводи мухаддири Афғонистон ҷой доштанд. Тибқи иттилоъи СММ, аз Тоҷикистон 25 дарсади маводи мухаддири Афғонистон ба Русияву Аврупо интиқол меёбад.

Дар ҳамин ҳол, соли гузашта дар манотиқи марзии Тоҷикистону Афғонистон як идда ҷангҷӯёни исломӣ дастгир шуда буданд, ки бидуни кадом раводиде бо роҳҳои ғайриқонунӣ марзро убур намуда, ҳадаф доштанд, ки дар Тоҷикистон амалиёти даҳшатафканӣ роҳандозӣ намоянд.
XS
SM
MD
LG