Ба гуфтаи танзимгари гурӯҳи ҳолатҳои фавқуллодаи «Фокус» дар Хоруғ Абдулҳамид Ғаёсов, ин дастгоҳҳои радиоии мавҷӣ ба манзури кам кардани сатҳи осебпазири аҳолии маҳаллоти дурдаст ва огоҳсозии саривақти дар сурати вуқӯи офатҳои табиӣ ва дигар ҳолатҳои изтирорӣ ба хидмати мардум гузошта шудаанд.
Вай баён дошт, ки ин дастгоҳҳои гаронхарҷ, ки ҳар якеашон то 13 ҳазор доллар нарх дорад, дар манзили сокинони маҳаллӣ, ки ба онҳо кор бо дастгоҳ ва усулҳои рафтор дар мавридҳои хатари эҳтимоли омӯзонда шудааст, насб гардиданд.
Ҷумъа Гулшаев, як сокини деҳаи дурдасти Ҷизеви ноҳияи Рушон гуфт, ҳангоме, ки чанде қабл сел ягона купруки пиёдагарди деҳаашонро шуста бурд ва онҳо дар тарафи дигари дарё банд монданд, ба воситаи дастгоҳи мухобиротии «Кодан» тавонистанд , ба таври оҷил аз офат ва аҳволашон ба масъулини ҳолатҳои изтирории ноҳия ва вилоятро хабар диҳанд.
Ҳамкорӣ бо сокинони маҳаллӣ
Ба гуфтаи Абдулҳамид Ғаёсов, масъули гурӯҳи ҳолатҳои фавқуллодаи созмони «Фокус», шаҳрвандони омӯзишдида бидуни музд ҳамарӯза ба марказ дар Хоруғ оид ба вазъ дар маҳалҳо иттилоъ мерасонанд.
Дастгоҳҳои мухобиротӣ пас аз насб гардидан ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтан ба тобеияти ситоди ҳолатҳои фавқулодда супурда мешаванд. Сардори шӯъбаи ҳифзи аҳолӣ ва ситоди ҳолатҳои фавқулоддаи Бадахшон Давлат Саидмиров, насби ин дастгоҳҳоро барои баҳогузории вазъи боду ҳаво, ҳолати роҳҳо ва ҳодисаҳо дар маҳал муҳим арзёбӣ намуд.
Вай афзуд, сокинони маҳалҳои дурафтодаи Шаймоқи ноҳияи Мурғоб ва Бағуши ноҳияи Ишкошим дар вақти заминларзиши ғайриодӣ, ки тайи як моҳ идома дошта, фақат дар ин маҳалҳо эҳсос мешуд, имконият доштанд ҳар лаҳза бо ситоди ҳолатҳои фавқулодда дар тамос бошанд ва дар сурати вуқӯи хатар мутахассисони ситод омода буданд, ки сари вақт ба ҷойи ҳодиса ҳозир шаванд.
21 дастгоҳ барои деҳоти таҳти хатари Сарез
Аз ин дастгоҳҳои мухобироти 21-тоашон дар деҳаҳое, ки таҳти хатари раҳошавии кӯли Сарез қарор доранд, гузошта шудаанд. Бо ибтикори «Фокус» дар маҳалҳои таҳти хатари Сарез ҳамчунин 18 анбори захираи ғизо ва маводи кумаки аввалияи тиббӣ таъсис ёфтанд, ки дар сурати хатари эҳтимоли сокинон аз онҳо истифода мекунанд.
Роҳсозони Мурғоб мегӯянд, ки шабакаи мухобиротии «Кодан» ягона намуди алоқа дар маҳалли Кӯҳи тезак - қисмати душворгузари роҳи Хоруғ–Мурғоб буда, танҳо тавассути он метавонанд оиди ҳодисаҳо ва вазъияти роҳ иттилоъ табодул кунанд.
Ба гуфтаи Абдуламид Ғиёсов, дар Бадахшон то ба ҳол деҳоте боқӣ мондаанд, ки ягон намуди алоқаи телефонӣ надоранд. Вай гуфт, ки аммо созмон ба хотири бартарафсозии халои мухобиротӣ ҳамасола 3 ва ё 4 донаи чунин дастгоҳҳоро дар дигар маҳаллаҳои дурдасти минтақа насб мекунад.
Ба гуфтаи масъули ҳолатҳои фавқуллодаи созмон, бо ибтикори «Фокус» дар маҳаллоти Бадахшон ҳамчунин гурӯҳҳои махсуси наҷотдиҳанда таъсис дода шудаанд, ки дар сурати вуқӯи офат довталабона дар бартараф сохтани оқибатҳои он ширкат меварзанд.
«Фокус» ба ҳайси яке аз созмонҳои марбутаи Ташкилоти Оғохон оид ба рушд аз соли 1997 дар Тоҷикистон фаъолият дошта, лоиҳаҳои зиёде дар Бадахшон, ба шумули пешгирӣ ва кам кардани оқибатҳои зарари офатҳои табиӣ дар минтақа, амалӣ кардааст.