Як сокини Хуҷанд Маҳмудҷон Очилов, ки худро «хонандаи доимии сомонаи Озодӣ» муаррифӣ кардааст, дар номаи худ ба «Озодӣ» навиштааст, ки «вазъ хеле вазнин аст ва «ронандаҳо барои гирифтани газ барои нақлиёти худ то 2–3 шабонарӯз дар назди пойгоҳҳои газдиҳӣ навбат меистанд.»
Интиқоли гази табиӣ ба манзилҳои сокинони Суғд ҳанӯз аз сари соли гузаштаи 2009 қатъ ёфта буд. Сабаби ин мушкил чист ва то кай давом хоҳад кард? Ин саволест, ки имрӯзҳо сари забони бисёр ронандаҳои Хуҷанд аст.
Соатҳои интизорӣ дар навбат
Рӯзи 23–юми июн, ки аз чанд пойгоҳи газдиҳии Хуҷанд дидан кардам, вазъ яксон ба чашм мерасид: қатори дарози нақлиёти гуногун дар навбат, ронандаҳои хаста ва бархе хоболуд, ки чанд соат ва ҳатто шабонарӯзҳоро дар интизори расидани навбат сипарӣ кардаанд. Қатори аз ҳама дарози нақлиёт дар назди пойгоҳи газдиҳии канори шарқии шаҳри Хуҷанд дида мешуд ва дар забони ронандаҳо шикоят аз кори масъулони газдиҳӣ буд:
Сабабҳои норавшани коҳиши газ
Сабаби коҳиши интиқоли гази табиӣ аз ҷониби Узбакистон ба вилояти Суғдро масъулони намояндагии идораи «Тоҷикгаз» дар Хуҷанд то ҳол барои сокинон сароҳатан ва дақиқ шарҳ надодаанд.
Ҳасан Ҳоҷиев, муовини сардори намояндагии «Тоҷикгаз» дар Хуҷанд, ки бо сафари корӣ дар Исфара қарор доштааст, дар суҳбати телефонӣ ба Озодӣ гуфт, сабаби ин ҳол коҳиши интиқоли гази табиӣ аз Узбакистон аст. Вилояти Суғд дар назди «Тоҷикгаз» ҳудуди 1.5 миллион доллари амрикоӣ ва дар навбати худ «Тоҷикгаз» аз «Узтрансгаз» тақрибан 4.5 миллион доллар қарз доштааст, ба ҳамин сабаб Узбакистон интиқоли гази табиӣ ба Тоҷикистонро коҳиш додааст.
Вай афзуд, дар навбати худ ширкати онҳо низ ба ҳамин сабаб интиқоли газ ба пойгоҳҳои қарздорро қатъ кардааст ва танҳо баъди соф кардани вом ва пешпардохт аз нав интиқол хоҳад дод.
Ҳамаи газ ба корхонаи "Лаъл"?
Аммо дар ҳамин ҳол ба гуфтаи вай, намояндагии «Тоҷикгаз» бо корхонаи зарфҳои шишабарории «Лаъл»-и Хуҷанд, ки беш аз 350 ҳазор доллари амрикоӣ қарзи газ доштааст, шартнома баста, дар шабонарӯз ҳудуди 15 ҳазор метри мукааб гази табиӣ интиқол медиҳад. Ин иқдом ба хотири фаъол кардани ягона корхонаи зарфи шишабарории вилоят дар мавсими аслии кори он аз ҷониби мақомот рӯи даст гирифта шудааст.
Афроди огоҳ аз қазиа мегӯянд, эҳтимол ба ҳамин сабаб ҳам интиқоли гази табиӣ ба пойгоҳҳои газдиҳӣ ба нақлиёт коҳиш ёфта, қатори навбати нақлиёт дар назди онҳо ба вуҷуд омадааст.
Аммо ба гуфтаи муовини сардори намояндагии «Тоҷикгаз» дар Хуҷанд, дар як – ду рӯзи ахир интиқоли гази табиӣ ба вилояти Суғд аз Узбакистон зиёдтар шуда, умед дорад дар чанд рӯзи баъд қатори навбати нақлиёт дар назди пойгоҳҳо кам мегардад. Аммо вай аз ифшои ҳаҷми воридотии гази табиӣ ба вилояти Суғд аз Узбакистон худдорӣ кард.
Коҳиши якбораи интиқоли гази Узбакистон
Дар ҳамин ҳол идораи «Сомонсуғдгаз», ки таъмини аҳоливу корхонаҳои саноатиро бар дӯш дорад, мегӯяд, имрӯзҳо дар як шабонарӯз тавассути намояндагии «Тоҷикгаз» аз Узбакистон ҳудуди 8 ҳазор метри мукааб гази табиӣ мехаранд, ки танҳо барои таъмини ду корхонаи саноатии Хуҷанд масраф мешавад. Барои хонаҳои аҳолӣ гази табиӣ тамоман интиқол дода намешавад.
Ба гуфтаи масъулони ширкати «Сомонсуғдгаз», барои таъмини муназзами корхонаҳо ва аҳолии вилояти Суғд дар замони шӯравӣ Узбакистон ба минтақа солона 350 – 400 миллион метри мукааб гази табиӣ интиқол медод. Аммо баъди он ки Узбакистон аз ду сол пеш барои Тоҷикистон интиқоли гази табииро ба шарти пешпардохти маблағи он пеш гузошт, интиқоли он дар соли гузаштаи 2009 ба вилояти Суғд то ҳудуди 2 миллион метри мукааб поин рафт.
Дар ҳамин ҳол масъулони идораҳои «Тоҷикгаз» ва «Сомонсуғдгаз» дар Хуҷанд мегӯянд, барои пешпардохт маблағи зиёд надоранд ва аҳоливу корхонаҳо аз онҳо қарздор аст ва маълум нест ин мушкили маблағу газ кай ҳал хоҳад шуд.
Беназмӣ дар кори масъулон
Аммо коршиносон ва таҳлилгарони маҳаллӣба навбати худ сабабҳои ин ҳама мушкилро ба беназмии фаъолияти масъулони газрасонӣ низ бастагӣ медиҳанд.
Коршинос Абдувосит Салимзода гуфт: «Мардум дар хонаҳои худ ҳисобкунак доранд ва пули гази табииро саривақт медиҳанд, ҳатто чанд маротиба ба тариқи пешпардохт ҳам ҷамъ карданд. Дар пойгоҳҳои гази нақлиётӣ ҳам ронандаҳо гази табииро бо пули нақд мехаранд. Пас, сохторҳои газрасонӣ ҳама вақт аз кадом қарзҳо дар назди Узбакистон ва коҳиши интизоли гази табиӣ аз он ҷониб ҳарф мезананд. Замони иқтисоди бозаргонӣ гумон намекунам Узбакистон аз фурӯши гази табииаш ба тоҷикистон худдорӣ кунад, ҳарчанд бо сабабҳои сиёсӣ шарту шароити сахте ҳам дар фурӯши газ барои Тоҷикистон муқаррар кардааст. Аслан кору фаъолияти худи сохторҳои газрасонӣ сару сомони худро гум кардааст ва шояд, аз чунин беназмӣ мансабдорони алоҳидаи газрасонӣ мнафиатҳои иқтисодӣ ҳам бардоранд.»
Зимнан, дар остонаи зимистони гузашта, ки «Тоҷикгаз» баъд аз ҳушдорҳои мукаррари «Узтрансгаз» қарзҳояшро дар назди Узбакистон соф кард, барои як ҳафта интиқоли гази табиӣ ба манзилҳи сокинони Хуҷанд аз сар гирифта шуда буд. Он вақт мақомот мегуфтанд, агар аҳоливу корхонаҳо маблағи гази истифодамекардаи сари вақт ва қисман ба тариқи пешпардохт супоранд, ҳама вақт дар хонҳояшон гази табиӣ хоҳанд дошт. Аммо ин усули кор то ҳол корбаст нашудааст.

- «Агар аз нуқтаҳои «тиҷоратӣ» газ гирифтанӣ шавем, 4 – 5 соат меистем, (дар пойгоҳҳои оддӣ арзиши як кило гази моеъ 1 сомониву 63 дирам, аммо дар пойгоҳҳои ба истилоҳ «тиҷоратӣ» 3 сомонӣ аст), ин ҷо як - ду шабонарӯз ҳам навбат мепоем.»
- «Фишори газ паст, мегӯянд, гази медодагиашон ҳам баракат надорад. Пештар бо 10 кило газ, бо фишори 200 атмосфера 200 километрро тай мекардем, акнун бо фишори 160 атмосфера 150 киламетр мегардем.»
- «Мегӯянд, ки Узбакистон газро кам мефиристад. Тоҷикистон, ки худаш гази табиӣ надорад, дастнигари кишвари дигар шудааст, хоҳанд – медиҳанд, нахоҳанд – не.»