Сокинони оддӣ аз ташаннуҷи авзоъ дар маҳалҳои анклави ноҳияҳои Лайлак ва Бодканд, ки дар он қирғизҳову узбакҳо канори ҳам зиндагӣ мекунанд, сӯҳбат мекунанд. Онҳо мегӯянд, бархе аз аҳолии узбактабори Қирғизистон дар Суғд панаҳ бурдааст, вале мақомоти Суғд инро тасдиқ накардаанд.
Мақомоти Суғду Бодканд мегӯянд, вазъ дар ин минтақаи ҳаммарзи Қирғизистон ором аст ва давлатмардону оқсақолони қирғиз сокинонашро ба оромӣ ва хештандорӣ даъват мекунанд.
Мақомоти Суғд мегӯянд, вазъ дар минтақаи ҳаммарзи Бодканди Қирғизистон ором буда, даргириву беназмиҳои дар вилоятҳои Ӯшу Ҷалолобод ба ин минтақа асар нагузоштааст. Тартиби убуру мурур дар анклавҳо мисли пештара, аммо таҳти назорати шадидтари нерӯҳои марзбонии ҷонибҳои тоҷику қирғиз сурат мегирад. Нерӯҳои марзбонӣ аз ҳар ду ҷониб тақвият ёфтааст.
Вуруди гурезаҳо ба қайд гирифта нашудааст
Исмат Пӯлодов, мудири шӯъбаи ташкилии ҳукумати шаҳри Исфара дар сӯҳбат бо Озодӣ овозаҳо дар бораи вуруди афроди гуреза аз ҷануби Қирғизистон ба хоки Тоҷикистонро рад кард.
Вай гуфт, «агар ин гуна ҳодиса рух медод, ҳатман дар навбати аввал мақомот хабар меёфт.»
Аммо Аскаралӣ Мираҳмадов, намояндаи вилояти Бодканд дар Хуҷанд, ба вилояти Суғд ворид шудани сокинони ноҳияи Лайлаки ҳаммарз бо ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро рад намекунад. Вай дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ба сурати гурӯҳӣ тарки Қирғизистон кардани сокинони узбактабор аз ин маҳал ба мушоҳида нарасидааст.
Вай афзуд, баъзе сокинони узбактабор ба вай муроҷиат кардаанд, ки шояд, беҳтар аст ба ҷойи дигар панаҳ баранд. Аммо намояндаи Бодканд онҳоро итминони хотир додааст, ки вазъият дар Ӯш ва Ҷалолобод ба эътидол меояд ва махсусан дар Бодканд ором аст ва ҳоҷат ба тарки маҳали зисташон нест.
Ҷаноби Мираҳмадов дар тавзеҳи тарки Қирғизистон кардани бархе аз сокинони узбактабори ноҳияи Лайлак гуфт, онҳо бо истифода аз он ки Узбакистон барояшон роҳи транзитии Конибодом–Фарғонаро боз кардааст, ба хотири огоҳ шудан аз ҳоли пайвандонашон, ки эҳтимол аз Ӯш ва Ҷалолобод ба Узбакистон паноҳанда шудаанд, ба он сӯ сафар кардаанд.
Донишҷӯёни тоҷикро бозпас хонданд
Мақомоти Исфара беш аз 60 нафар донишҷӯён ва шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки дар шаҳри Бодканд кору таҳсил мекунанд, то ба эътидол омадани авзоъ дар ҷануби Қирғизистон барои муваққат ба ватан бозпас оварданд.
Ба гуфтаи Исмат Пӯлодов, қисмати умдаи ин донишҷӯёни тоҷик дар донишгоҳи давлатии Бодканд таҳсил мекарданд.
Ёрии башардӯстонаи Тоҷикистон
Субҳи рӯзи 16–уми июн як корвони ёрии башардӯстона 180 тон маводи аввалияи ғизоиро дар 18 мошини «Камаз» барои сокинони манотиқи даргири Қирғизистон аз шаҳри Хуҷанд ба шаҳри Бодканди ин кишвар расонд.
Мухтори Абдуллоҳ, сухангӯи раиси вилояти Суғд дар тамоси телефонӣ аз роҳи Бодканд ба Озодӣ гуфт, маводи ғизоӣ аз 100 тонна орд, ҳамчунин равғани рустанӣ, биринҷу макарон ва сабзавот иборат аст.
Ин корвонро намояндагони мақомоти Суғд ҳамроҳӣ кардаанд ва аз рӯи мувофиқаи қаблӣ, кумакҳои башардӯстонаро дар шаҳри Бодканд ба намояндагони вилояти Ҷалолободи Қирғизистон аз номи ҳукумати Тоҷикистон супурдаанд.