Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бурду бохти ислоҳоти низоми додгоҳии Тоҷикистон


Давоми ду рӯз аст, ки дар Душанбе конфронси вазирони адлияи Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо идома дорад. Конфронси мазкур идомаи иқдоми пешгирифтаи Иттиҳоди Аврупо дар мавриди ислоҳоти низоми додгоҳӣ дар минтақа унвон шудааст.

Ҳадаф аз ислоҳоти Иттиҳоди Аврупо авлавияти қонун ва ислоҳоти низоми судӣ мебошад. Аммо то куҷо Тоҷикистон дар ворид кардани ислоҳоти мазкур муваффақ шудааст?

19 соли ислоҳот

Ислоҳоти низоми додгоҳии Тоҷикистон ҳанӯз аз аввали соҳибистиқлол шудани кишвар оғоз ёфтааст, аммо марҳилаи амалии он ҳоло ва бо кӯмакҳои Иттиҳоди Аврупо ҷараён дорад. Абдуманон Холиқов, муовини вазири адлия, мегӯяд, ки ин ислоҳот базаи ҳуқуқии истиқлолияти додгоҳҳо дар Тоҷикистонро таъмин мекунад. Ва ин, ба гуфтаи ӯ, яке аз муваффақиятҳои ислоҳоти додгоҳӣ дар кишвар ба шумор меравад.

Вай афзуд, «додани салоҳияти додситонӣ ба додгоҳҳо дар амри ба ҳабс гирифтан яке аз муҳимтарин ислоҳоти низоми додгоҳии кишвар аст. Ислоҳот зина ба зина дар кишвар рушд карда истодааст ва дар Кодекси мурофиаи шаҳравандӣ чандин ислоҳот дароварда шудааст».

Ба гуфти ҷаноби Холиқов, яке аз нуқтаҳои дигаре, ки дар заминаи ислоҳот сурат гирифт, ин аз мақомоти додситонӣ ба додгоҳ додани ҳукми ҳабси пешакӣ аст, ки аз 1-уми апрели соли ҷорӣ мавриди амал қарор гирифтааст. Қаблан ин ҳукмро додситонӣ содир мекард.

Коршинос: "Бояд системаро тағйир дод"

Ойниҳол Бобоназора, ҳуқуқшиноси тоҷик, бар ин аст, ки ислоҳи низоми адлия, ки 70 сол дар зери фишори сохти шӯравӣ буд, кори саҳлу сода нест ва он марҳилаҳои бардавомро талаб дорад. Пеш аз ҳама бояд, ки системаро тағйир дод.

Хонум Бобоназарова меафзояд, ҳарчанд Тоҷикистон талош дорад, дар низоми адлия ислоҳоти ҷиддӣ ба амал орад, ба нуқтаҳои аслии ислоҳот камтаваҷҷӯҳӣ зоҳир мегардад. Ба мисли он, ки ҳарчанд тибқи қонун салоҳияти як ниҳоди қудратии назорати қонун ба ниҳоди дигар адлия мегузарад, аммо дар нисбати мутахассисон аҳамият дода намешавад.

Ойниҳол Бобоназарова бо ишора ба ислоҳоти аввал дар робита ба он, ки салоҳияти нигоҳдошти маҳбасхонаҳо аз тобеияти Вазорати корҳои дохилӣ гирифта шуда ба Вазорати адлия гузашт, афзуд, ки дар ин тасмим камбуди ин буд, ки мутахассисони зарурӣ омода карда нашудаанд.

Дар пайи идомаи ислоҳот дар Кодекси мурофиаи шаҳрвандӣ бояд, ки давлат назорати ҷиддӣ дошта бошад то чизи қабулшуда амалӣ гардад. Зеро додситонии Тоҷикистон ба осонӣ салоҳияти хешро ба додгоҳ надода буд ва додгоҳҳо механизми қонунии ба ҳабс гирифтанро намедоданд ва ин боиси рӯх додани танишҳо мегардад, мегӯяд Ойниҳол Бобоназарова.

Ислоҳот дар рӯи когаз

Абдуқаюм Юсупов, вакили мудофеъ, мегӯяд, ки нахустин гоми Тоҷикистон дар амри раванди ислоҳот дар системаи додгоҳӣ додани ваколати боздошт ба додгоҳ будааст. Дар барномаи ислоҳот пешбинӣ шуда, буд ки то соли 2012 ин ташаббус амалӣ гардонида мешуд, аммо Тоҷикистон ин иқдомро зудтар дар соли 2008 ҳукми қонунӣ дод. Аммо дар амал талаботи қонун дар додгоҳҳои ноҳияҳо хилофи қонун сурат мегирад. Ва ҳанӯз мустақилияти додгоҳҳо дар Тоҷикистон ба мушоҳида намерасад.

Вакили мудофеъ аз фаъолияти кунуни додгоҳҳо мисол меорад, ки мувофиқи қонун кофтукоби манзил, гӯш кардани гуфтугӯи телефон, сабт кардани он, инчунин аз назар гузаронидани манзили зист, ёфта гирифтани мукотиботи шахсӣ аз тарафи мақомоти додгоҳӣ сурат мегирад. Аммо ҳолатхое, ки ҳарчанд қонунгузори иҷоза надодааст, масалан ғоибона ба ҳабс гирифтани шахс, ҳам аз тарафи додгоҳ сурат гирифта истодааст. Судҳои ноҳиявӣ иҷозаи ҳабси ғоибонаро дода истодаанд, ки ин бархилофи қонун аст, мегӯяд ӯ.

Абдуманон Холиқов, муовини вазири адлияи Тоҷикистон, мегӯяд, қонунгузории кишвар мустақилиятии додгоҳҳоро кафолат медиҳад, вале эҳтимол дар амал додгоҳҳо зери фишор қарор гиранд ва натавонанд аз ин амри қонун, яъне аз истиқлолияти худ, дифоъ кунанд. Аммо ин маънои онро надорад, ки қонунгузорӣ тобеъ будани онҳоро муқаррар кардааст.

Камрангии нақши додгоҳҳо

Ойниҳол Бобоназарова мутмаин аст, ки ислоҳот натиҷаи хубе хоҳад дод, аммо баъди даҳсолаҳо. Ва меафзояд, ки дар минтақаҳо додгоҳҳо ҳатто ба истилоҳ фармони роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиро иҷро мекунанд. Яъне ба ду мақоми болоӣ вобастаанд. Ҳам ҳукми додгоҳи болоиро ва ҳам раисони ноҳияҳоро иҷро мекунанд.

Ва чизи дигаре ки боиси камрангии нақши додгоҳҳо шудааст, ки ин рушди фасод дар ин ниҳодҳо мебошад. Барои муваффақ шудани ислоҳот дар ин ниҳодҳо бояд ки дар қатори таҳкими базаи ҳуқуқӣ, зарфиятҳои иқтисодии соҳаро низ таъмин кард то дасту панҷаи кормандони ин соҳа аз гирифтани пора орӣ бошад ва сатҳу сифати мақомотро беҳтар ба намоиш гузоранд.

Коршиносон мӯтақиданд, ки Тоҷикистон дар самти ислоҳот дар соҳаи адлияи кишвар як қадам ба пеш гузоштаву чанд қадами дигар қафо гузоштааст. Ба ин маъно, ки ҳанӯз вазъи маҳбусон дар маҳбасхонаҳо тағйир наёфтаву додгоҳҳо мустақил будани худро нишон надода ва нақши ҳимоятгарон боло нарафтааст.
XS
SM
MD
LG