Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номаи тоҷикони Қазоқистон ба раиси ҷумҳури Ӯзбакистон


Фаъолони Иттиҳодияи тоҷикони Қазоқистон зимни номае аз Ислом Каримов, раиси ҷумҳури Ӯзбакистон хостори раҳоии вагонҳои ҳомили бори Тоҷикистон аз қаламрави Ӯзбакистон шудаанд.

Дар номаи Иттиҳодияи тоҷикони Қазоқистон омадааст, “ҳарчанд мо тоҷикони Қазоқистон ба шарофати сиёсати созандаи раҳбарияти ин кишвар муваффақона кору зиндагии хешро пеш мебарем, вале ағлаби мо дар Тоҷикистон пайвандон дорем ва сарнавишти онҳо дар ватани бобоиамон барои мо бетафовут нест. Мутаассифона, оғози соли равон ба мушкили мардуми Тоҷикистон, ки марбут ба камбуди барқ ва маводи сӯхт буд, боз мушкили наве зам гардид, ки ин обхезӣ ва сел аст, ки ба асари он даҳҳо нафар ҳалок гардида, садҳо манзил ва даҳҳо километр роҳу хатти иртиботот хароб ва ҳазорон нафар бехонумон гардиданд. Вале шигифтовар аст, дар ин лаҳзае, ки мардуми Тоҷикистон ниёзи шадиде ба ёрии ҳаматарафа доранд, Ӯзбакистон ба воридшавии молу коли муҳиме, ки барои мардуми осебдида ниҳоят заруранд, мамониат мекунад”.

Дар ин нома зикар шудааст, ки мардуми Тоҷикистон аз он нигаронанд, ки аз нарасидани маводи сӯхту таҷҳизоти сохтмонӣ манзилҳои харобгаштаи хешро обод ва кишти зироатро анҷом дода наметавонанд, ки ҳамаи ин вазъи иҷтимоии мардумро сангин мегардонад.

Тоҷикони Қазоқистон гуфтаанд, ки на танҳо аз расонаҳои хабарӣ, балки аз зангҳои телефонии хешу ақрабо ва наздиконашон, ки ба онҳо мерасад, мушоҳида мекунанд, ки вазъи мардум ба асари муҳосираи иқтисодӣ рӯ ба харобӣ овардааст.

"Ҳаққи ҳамсоя ба Худо баробар аст"

Фатҳиддин Каримов, яке аз фаъолони Иттиҳодияи тоҷикон изҳор кард, чунин бархурди ҳукумати Ӯзбакистон ба расму анъаноти бародарӣ ва оини дӯстии ду миллат, ки таърихи чандсадсола дорад, ҳеч мутобиқат намекунад.

Ӯ мегӯяд: ”Ҳамсоя ҳаққи бародарро дорад. Феълан дар ин шароити дешворе, ки ба асари офати табиӣ Тоҷикистон дорад, дар ин ҳолат бародар дасти бародарро бояд гирад. Вале феълан бародари мо баръакс кор мекунад”.

Фаъолони Иттиҳодияи тоҷикони Қазоқистон дар охири нома бо овардани қитъаи маъруфи Шайх Саъдии Шерозӣ “Бани одам аъзои якдигаранд”, аз Ислом Каримов дархост ва изҳори итминон кардаанд, ки ӯ чун шахси инсондӯст ва сиёсатмадори хирадманд ба ҳалли масъала икдом хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG