Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як зану чил ҳунар? Боз, чӣ гуна ҳунар...


Сайлӣ, зани 32-сола, ба мӯзадӯзӣ ва аз сим сохтани кафлезу кафгир машғул аст. Бунафша Тангемеро ба иҷора гирифтаву, дар масири роҳи маҳаллаи Зарафшон то фурудгоҳ мусофир мекашонад.

Нони ҳалол бо меҳнати ҳалол

Сайлӣ барои таъмини хонаводааш шуғли кафшдӯзиро пеша кардааст. Дӯкони ӯ дар маҳаллаи 82-юм воқеъ аст ва ӯро дар ин ҷо Сайлӣ- сапожник ё Сайлии кафшдӯз меноманд. Аммо барои сӯҳбат бо ӯ ман, на ба дӯконаш, балки ба манзили истиқоматияш рафтам.

Дарро ба рӯям духтари ҷавони сабзинаву зебоандоме кушод. Пешдомани ба миён бастааш маълум буд, ки барои пухтани хӯрок, шустани дегу коса ва ё тамиз кардани хона набуд, зеро он пур аз пайю доғи рангҳои гуногуни пойафзол ва ширеш буд. Ангуштонашро, ки шармида ба пушташ пинҳон мекард, ба ҷойи ҳинову ранги нохун, олуда ба рангу ширеши пойафзол буданд ва аз захми дарафш ҷо- ҷо ангуштонаш захм бардошта буданд. Дар кунҷи долон ғарами кафшҳои занона ба чашм мерасид. Дар тоқе кафшҳои тайёри аз матоъҳои якрангу гулдор ва зардӯзишуда гузошта шуда буданд.

Сайлӣ мегӯяд, кафшдӯзӣ аз модаркалонаш мерос мондааст, ки аз ӯ ба падар ва аз падар ба ӯву бародараш гузаштааст. Вай гуфт, модараш барвақт вафот кардааст ва ҳамин кафшдӯзӣ будааст, ки хонаводаи онҳоро аз фақру мӯҳтоҷӣ раҳонидааст. Модаркалонаш ҳам дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ,тавассути ҳамин ҳунар нон пайдо кардаву фарзандони ятимашро наигоҳубин кардааст. Ба ин хотир, мегӯяд Сайлӣ, вай парвои писханду тамасхурҳои бархе одамонро надорад ва ифтихор мекунад, ки бо меҳнати ҳалол нони ҳалол пайдо мекунад.

Саида ном ҳамсоя ва дугонаи наздики Сайлӣ хостааст, ки кафшдӯзиро аз дугонаи ҳунармандаш биомӯзад, лекин аз ӯҳдааш набаромадааст ва таъмири хонаро каму беш аз ӯ ёд гирифта, хонаи худашро таъмир кардааст.

Ҳам падар, ҳам модар...

Сайлӣ мегӯяд, шавҳари аввали ӯ нашъаманд будаву, ӯро гирифтори азобу шиканҷаи зиёд додааст. Вай аз никоҳи, ба гуфтаи худи ӯ, он марди «ношуд» баромада, беш аз 10 сол аст, ки дар хонаи падар зиндагӣ мекунад, ва бо ҳунараш ҳам хонаводаашонро таъмин ва ҳам барои худу бародараш ҷиҳози туй ҷамъ карда, пул пасандоз мекунад.

Сайлӣ мегӯяд, мехоҳад аввал додарашро хонадор кунад, то падари пирашро келине нигаҳбонӣ кунад ва сипас худаш ба шавҳар барояд.

Сайлӣ аз ӯҳдаи таъмири хона ба таври аврупоӣ (евроремонт), сохтани кафгиру кафлезҳои симин, хайётӣ ва қаннодӣ низ мебаромадааст, вале, мегӯяд, аз ҳама сердаромадаш ҳамин кафшдӯзӣ мебошад.

Сайлӣ шармида ва бо сурхии дамида дар ду бари рухсорааш гуфт, ҳоло номзаде дорад, ки хеле дӯсташ медорад, вале ӯ иҷоза намедиҳад, ки дар дукон нишаста, кафшдӯзӣ кунад. Аз ин рӯ, ҳоло дар хона барои наварӯсон ва ҷавонзанҳо кафш медӯзад. Сайлӣ гуфт, арӯсон матоъҳои рангорангу симу зарҳалдӯзиро, ки аз пироҳанашон зиёда мондааст, барояш меоранд ва ӯ онҳоро бо завқи том ва хеле моҳиронаву нафис болои қолаб кашидаву кафшҳои зебову ҳамранги пироҳанҳояшонро медӯзад.

Қиссаи Тангеми Бунафша

Қаҳрамони дигари гузориши мо, Бунафша ном дошта, 28 сол дорад. Бунафшаро мо дар сари фармони Тангеми рақами 8, дар масири роҳи Зарафшон- Фурудгоҳ, пайдо кардем.

Ман дар канори ӯ ҷой гирифтам ва лаҳзае чанд аввал тарзи корашро наззора кардам. Бунафша бо дасту бозу ва пайкари нозукаш нигоҳ накарда, чамбари мошинро устокорона идора мекард. Оромтабиату ботаҳаммул ба назар мерасид. Бо мусофирон нарм муомила мекард.

Нозирони роҳ, ки бо сӯистифода аз қарори ахири шаҳрдорӣ дар бораи манъи ҳаракати тангемҳо дар хиёбони марказӣ, бо камтарин баҳона аз ронандаҳои мард ҷарима меситонанд, баробари Бунафшаро дидан суяш дастафшонӣ мекарданд ва ё даст ба чаккаи сар бурда, шӯхиомез ва бо тарзи низомӣ саломаш мегуфтанд.

Бунафша мегӯяд, афсӯс, на ҳамаи нозирон ба ӯ ҳамчун зан эҳтиром мегузоранд. Баъзеи онҳо ҳатто беасос манъ карда, аз ӯву ҳамтоёни мардаш ҷарима меситонад.

Аз курсии донишгоҳ ба курсии таксӣ

Бунафша маълумоти олӣ дорад, ихтисосаш муҳосиб аст ва низ, дӯзандаи либосҳои занона аст, аммо 6 сол аст, ки таксӣ ва тангем меронад. Зеро, аз ҳама касбу коре, ки санҷидааст, мусофиркашонӣ тариқи тангем барояш сердаромадтар будааст, агар имкони кор кардан фароҳам бошад.

Бунафша таъмири мошинро низ омӯхтааст, то ин эҳтиёҷашро низ худаш бароварда кунад, ва пулашро ба истилоҳ бегона накунад.

Вақте марде дар Русия надорӣ...

Тайи ин бист соли истиқлол, ба сабаби бӯҳрони иқтисодӣ, бекорӣ, муҳоҷирати мардон ба Русия ва афзоиши фақру нодорӣ дар миёни хонаводаҳои тоҷик, бори гарони рӯзгор бар дӯши занон афтод. То ин замон дидани занҳо дар бозор дар китфашон халтаҳои 50-60 килояи бор амри маъмулӣ буд, вале дидани занҳои тангемрону кафшдӯз ва таъмиргари мошин мардумро ҳоло каме ҳайрон месозад.

Ҷомеашиносон мегӯянд, сабаби ба кори мардона рӯ овардани занон дар Тоҷикистон бештар аз ночорӣ аст. Аксари заноне, ки шуғли ғайриоддиро интихоб кардаанд, онҳоеанд, ки ақаллан фарзанд ва ё шавҳарашон дар Русия ба мардикорӣ машғул нест, яъне, ягон манбаъи даромад надоранд.

Меҳриниссо Бобобекова, раиси созмони «Бонувони форсигӯ», мегӯяд, муҳим мардонаву занона будани кор нест, муҳим он аст, ки аз ӯҳдааш барояд.

Тибқи таҳлили созмонҳои масоили занон дар дохили кишвар, беш аз 40 фоизи занони қобили кор дар Тоҷикистон ё бекорнд ё дар идороту муассисаҳое машғули коранд, ки ба ивазаш маоши ночиз мегиранд.

Дар раванди муҳоҷирати корӣ ба Русия, дар паҳлуи мардҳо даҳҳо зани тоҷик дар он кишвар ба кори сиёҳ машғуланд. Дар соли гузашта тибқи иттилои Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, дар миёни 654 тобуте, ки аз Русия ба Тоҷикистон оварда шуд, 54 ҷасади зан низ буд, ки бар асари садама ё аз беморӣ ҷон додаанд ва баъзе ҳам бо зарби корди скинҳедҳо кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG