Хабарнигори радиои Озодӣ дар минтақаи Кӯлоб мегӯяд, ин кӯмакҳо асосан аз орд ва маводи ғизоӣ иборат аст. Аммо сокинони бесарпаноҳмонда мегӯянд, дегу дегдоне барои пухтани нон надоранд. Чун сел хонаҳои онҳоро ба тамом шудааст.
То кунун танҳо кӯмаки шахсони алоҳида ва сокинони дигари Кӯлоб ба афроди зарардида расида буд. Ва маводи ғизоии зарардидагон асосан аз кӯмакҳои мардумӣ таҳия ва таъмин мешуд.
Хабарнигори Озодӣ, ки субҳи имрӯз аз маҳалли хаймаҳои осебдидагон дидан кардааст, хабар медиҳад, ки мардум ҳамчунон ба оби ошомиданӣ, рахти хоб, ва чодару гилем ниёз доранд. Аммо ин навъи кӯмакҳо бо вуҷуди ба минтақа расидан, то кунун дар миёни ниёзмандон тавзеъ нашудааст.
Оғози кӯмакҳои ҳукумат ба зарардидагон баъди эътирози гурӯҳе аз ин мардуми осебдида сурат мегирад.
Имрӯз ҳамчунин боздиди ҳайати ҳукуматии Тоҷикистон таҳти роҳбарии сарвазир Оқил Оқилов, ки дирӯз озими минтақаи Кӯлоб шуда буд, аз ноҳияҳои бар асари фалокати табиӣ зарардидаи ин минтақа идома дорад.
Эътирози зарардидагони Кӯлоб
Рӯзи сешанбе даҳҳо нафар аз сокинони зарардидаи Кӯлоб бо эътироз дар назди бинои ҳукумати маҳаллӣ ҷамъ омада, талаб карданд, то ҳукумат ба онҳо ёрӣ расонад.
Эътирозгарн аслан афроде буданд, ба гуфтаи худи эшон, то ҳоли ҳозир аз ҷониби ҳукумат касе ба суроғашон наомадааст ва ҳеҷ кӯмаке барояшон нарасонидаанд.
Ҳалима Чӯпонова, як нафар аз эътирозгарон, сокини маҳаллаи Суғдиёни шаҳри Кӯлоб, мегӯяд, бо гузашти 5 рӯз аз ҳодиса касе дари онҳоро боз накардааст. Мирзоалӣ Ғуломов, нафари дигаре аз эътирозгарон, сокини Чармгари Поён, мегӯяд, онҳоро омада, руйхат карданд, вале на бо ҷои хоб таъмин карданду, на бо ғизо. Ҳасанов Раҳматулло, нафари дигаре, ки бо ҷамъе аз ҳамсоягон назди бинои ҳукумат ҳузур дошт, арз дошт, ки ба зарари расида ба манзили зисташон баҳои ғайривоқеӣ медиҳанд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки бо гузашти панҷ рӯз аз офати табиӣ ёриҳои башардӯстонаи созмонҳои байнулмилалиро ҳукумати маҳаллӣ ҳанӯзам тақсим накардааст. Зулайхо Комилова, сардори ситоди бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар Кӯлоб, мегӯяд, сабаби тақсим нагаштани ёриҳо дар набудани рӯйхати зарардигагон аст, ки то кунун таҳия нашудааст.
Тоҷикистон дархости ёрӣ кард
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, дар ҷаласаи изтирории ҳукумат ба Вазорати корҳои хориҷа супориш дод, то дар мавриди дархости ёрӣ аз кишварҳо ва созмонҳои байнулмилалии мададрасон нома омода кунад.
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, дар ҷаласаи изтирории ҳукумат гуфт, бар асари селхезӣ даҳҳо нафар ҳалок, беш аз 50 нафар беномунишон ва ҳудуди 200 нафари дигар маъюб шудаанд. Ӯ зимнан аз Пойгоҳи 201-уми Русия ва президенти Узбакистон барои рафъи офати табиӣ арзи сипос кард. Ҳаҷми зарари молиро президент Раҳмон, тақрибан 900 миллион сомонӣ унвон кард.
Дар маҷмӯъ, офатҳои табии ҳафтаи гузашта ба 12 шаҳру ноҳия дар вилояти Хатлон харобӣ овард ва аз ҳама зарари бештар ба шаҳри Кӯлоб расидааст. Дар маҷмӯъ, беш аз 2.000 манзили истиқоматӣ ва биноҳои маъмурӣ, 30 пул, даҳҳо километр роҳи мошингард ва хатҳои интиқоли барқу телефон хароб шудааст.
Раисҷумҳури Тоҷикистон бо изҳори таслият ба оилаҳое, ки пайвандонашонро аз даст додаанд гуфт, мо оилаҳои азодор ва хонаводаҳои зарардидаро танҳо намегузорем ва таъҷилан ҳамаи тадбирҳои заруриро меандешем, ки оқибатҳои офати табиӣ бартараф карда шаванд, вале афсўс, ки ҷонҳои рафтаро касе баргардонида наметавонад.
Раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин афзуд, имрўзҳо аҳолии зарардида аз ҳисоби давлат бо маводи озуқа ва молҳои мавриди ниёзи аввалия таъмин гардида истодаанд.
Арзи сипос ва дархости ёрӣ
Президент Раҳмон гуфт, дар маҷмӯъ, Тоҷикистон аз офатҳои табиӣ дар соли ҷорӣ беш аз 2,5 миллиард сомонӣ зарари моддӣ дидааст. Раисҷумҳури Тоҷикистон "ба ҳайати шахсии полки дар Кўлоб будаи Пойгоҳи 201-уми ҳарбии Русия, ки яке аз аввалинҳо шуда, дар наҷот додани мардум мусоидат карданд, ва ҳамчунин ба Ҳукумати Ўзбакистон ва шахсан ба Президенти ин кишвари ҳамсоя ва дўсту бародар Ислом Абдуғаниевич Каримов, ки дар вазъияти мураккаб таъмири қитъаи хатти роҳи оҳани худро, ки ба вилояти Хатлон мепайвандад, дар мўҳлати кўтоҳ ба анҷом расонида, ҳаракати қатораҳоро аз ҷониби хеш ба ин самт кушоданд, аз номи худ, ҳукумат ва халқи Тоҷикистон арзи сипосу миннатдорӣ" кард.
Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ҳукумати кишвар ҳар як оилаи зарардидаро то рӯзи 6-уми ноябр, Рӯзи сарқонуни кишвар, бо манзил ва ашёву асбоби зиндагиву рўзгор таъмин хоҳад кард. Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезӣ муваззаф шуд, то ба аҳолии аз офат зарардида қитъаҳои замин дарёфт кунад. Ниҳодҳои молии ҳукумат низ ҷиҳати ироаи ёриҳои молӣ дастур гирифтанд.
Тибқи дастуроти ҳукумати Тоҷикистон вазорат, идораҳо ва муассисаҳои давлатӣ низ дар бунёди манзилҳои истиқоматӣ вазифадор гардида ва интизор меравад, ҳар ниҳоди давлатӣ барои як оила хона бисозад. Дар ҳамин ҳол, шаҳрдории Душанбе тасмим гирифтааст, ки то якуми октябри соли ҷорӣ 100 манзили истиқоматиро барои зарардидагони Кӯлоб сохта, ба истифода бидиҳад. Ҳамчунин, ба соҳибкорони шаҳри Душанбе амр шудааст, ки шанбеи ҳар ҳафта шаҳри Кӯлобро бо маводи ғизоӣ ва дигар таҷҳизоти зарурӣ таъмин созанд.
Вазорати корҳои хориҷӣ супориш гирифт, то аз кишварҳои мададрасон ва созмонҳои хайрияи байналмилалӣ ёрӣ бихоҳад.
Созмони милал ёрӣ медиҳад
Дар нишасти аъзои REACT ё гурӯҳи вокуниши сареъ барои расидагӣ ба офати табиӣ, ки созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистонро дарбар мегирад, бар ироаи кумакҳои башардӯстона ба мардуми осебдидаи ин кишвар ва ҳамоҳангсозии фаъолиятҳо барои рафъи авоқиби офати табиӣ, таъкид шуд.
Интизор меравад, Барномаи тавсеаи СММ, ки дар раъси ин гурӯҳ қарор дорад, кишварҳо ва созмонҳои кумаккунандаро барои ёрӣ ба зарардидагони Тоҷикистон ташвиқ кунад. Тибқи иттилоъи масъулони Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода, бар иловаи давлати Тоҷикистон ҳамакнун нахустин шуда, СММ ба осебдидагони шаҳри Кӯлоб кумакҳои аввалияи башариро ирсол кардааст.
Суғд ба ёрии зарадидагони Кӯлоб мешитобад
Ситоди ҳолатҳои фавқулодаи Суғд мегӯяд, барои сокинони бесарпаноҳмондаи Кӯлоб бар асари сел дар субҳи аввали баъди офат дар се мошини «Камаз» 32 навъ маводи заруриёти аввалияи рӯзгор, мисли кӯрпаву кампал, брезент, дегу табақ равон кардааст. Ҳоҷӣ Мусайянов, муовини сардори ситоди мазкур, гуфт, ин ёрӣ барои 100 оилаи зарардида пешбинӣ шудааст.
Барои ҷамъоварии маблағҳои ёрӣ барои аҳолии селзадаи минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон аз афроди алоҳида, корхонаву муассисаҳо ва ташкилотҳо дар намояндагии «Амонатбонк» дар Хуҷанд суратҳисоби махсус боз аст.
Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, ки дар миёни ҳизбҳои сиёсии дигари кишвар дар ин минтқа аз ҳама беш, беш аз 40 ҳазор узв дорад, бо як муроҷиатномаи расмӣ аз аъзои худ хоҳиш кардааст, ба қадри тавон барои зарардидагони офати табиӣ дар Хатлон бо маблағ ёрӣ диҳанд.
Бадахшон: 100 000 сомонӣ барои зарардидагони Кулоб
Бадахшон ба зарардидагон аз офати табиӣ дар Кулоб зиёда аз 100 ҳазор сомонӣ кӯмак мерасонад. Ба гуфтаи муовини раиси вилоят Азиз Гиёев, ба дунболи сел ва хисороти моливу ҷонӣ дар Кулоб сокинони зиёде ба мақомот дар мавриди саҳм гирифтан дар расонидани кӯмак ба зарадидагони аз сел муроҷиъат намуданд.
Мақомоти Бадахшон мегӯянд, бар асоси ин таклифу пишниҳодҳо тасмим гирифтаанд, маоши якрӯзаи кормандони идора ва муассисоти вилоятро, ки беш аз 100 ҳазор сомониро ташкил медиҳад ба суратҳисоби бартарафсозии оқибатҳои ин офат ирсол кунанд.
Ба гуфтаи муовини раис ҳукумати ҳанӯз ҳам банд будани масири Хоруғ-Кӯлоб дар навбати аввал онҳо расондани кӯмаки пулиро афзалтар медонанд. Зеро зарардидагон бо пул метавонанд маводҳои барояшон зарурро бо нархи арзонтар дар минтақаи Хатлон дарёфт кунанд. Муовини раиси Бадахшон афзуд, ки пасон ба зарадидагон ҳамчунин масолеҳи сохтмонии маҳаллии чӯбу арар кӯмак расонда мешавад.
Дар ҳамин ҳол бо назардошти офати табиӣ дар Кӯлоб ва интиқод аз фаъолияти ниҳодҳои масъул мақомоти вилояти Бадахшон ситоди ҳолатҳои фавқуллодаро таъсис додааст. Ба ситод супориш шудааст, ки маҳалҳои эҳтимолоии хафви офати табииро дар сурати обхезӣ ва чораҳои пешгирии онро муайян кунанд.
Нигаронӣ аз шеваи тақсими ёриҳо
Аммо он чӣ бештар мояи нигарони ҷомеа ва соҳибназарони тоҷик аст, шеваи тақсими кумак ба осебдидагон ва зарардидагони офати табиӣ аст, ки дар бештари маворид ба афроди ниёзманд нахоҳанд расид. Ҳатто эътирози даҳҳо тан аз сокинони осебдидаи шаҳри Кӯлоб, ки зӯҳри рӯзи сешанбе дар рӯ ба рӯи бинои шаҳрдории ин минтақа гирди ҳам омадаанд, далели ин аст.
Сафари Абдулаҳад, коршиноси тоҷик, набуди шаффофият дар тавзеъи кӯмакҳо ба зарардидагонро мояи нигаронӣ ва бештар шудани мушкилоти мардум медонад. Ҷаноби Абдулаҳад, бар ин назар аст, ки на танҳо контроли ҷиддии давлат, балки назорати мустақими созмонҳои байналмилалӣ барои тақсими кумакҳо, ба хусус кумакҳои созмонҳои байналмилалӣ як амри зарурӣ аст.
Мардумро мардум аз гуруснагӣ наҷот медиҳад
Оламбӣ Забирова, сокини 61-солаи Кӯлоб нафақаи яксола ҷамъовардаи худро миёни қисме аз зарардидагони офати табиӣ тақсим кард. Ин хонум мегӯяд, кӯмаки ночизи ӯ баҳри рӯҳбаландии ин мардуми мусибатзада равона шудааст. Вай мегӯяд, қаблан пешниҳод карданд, то ин маблағро ба ситоди бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ баҳри ба зарардидагон тақсим намудан диҳад, аммо, ба ин розӣ нашуда, худ ба кӯмак шитофтааст.
Ба мисли ин модар садҳо нафар аз сокинони оддии шаҳр, ки аз офат зарар надидаанд, ба кӯмаки осебдидагон ҳозир шудаанд. Ба қавли худи зарардидагон, маҳз чунин кӯмакҳои холисонаи сокинони оддӣ онҳоро аз вартаи гуруснагӣ раҳонидааст. Майрамбӣ Шерназарова, як сокини зарардид,а мегӯяд, давоми панҷ рӯз шояд лаҳзае кӯмаки мардуми оддӣ ба зарардидагон қатъ нагашта бошад. Ба гуфтаи ӯ, онҳо ҳар чӣ доранд, ба зарардидагон мерасонанд.
Ба Бадахшон низ обхезӣ таҳдид мекунад
Ба иттилои сардори шӯъбаи ситод оид ба ҳолатҳои фавқуллодаи Бадахшон Давлат Саидмиров, дар сурати гармшавии якбораи ҳаво ба 50 маҳал дар навоҳии Бадахшон хатари дамидани оби дараҳо таҳдид мекунад.
Вай гуфт, ки обхезӣ ҳамчунин метавонад ба қисме аз бозори Хоруғ ва маҳалҳои аҳолиниши дар гӯшаи шаҳр зарар расонад.
Дар ҳамин ҳол, дар шаҳраки навбунёди ноҳияи Ванҷ сохтмони манзил барои 130 хонаводаи бесарпаноҳмонда аз зилзилаи моҳи январ идома дорад.