Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амалиёти бесарусадои "Кӯкнор-2010"


Дар Тоҷикистон амалиёти "Кӯкнор-2010" идома дорад. Бо назардошти амалиёти соли гузашта, ки боиси нооромӣ дар шарқи Тоҷикистон шуд, метавон гуфт, ки соли ҷорӣ низ рӯйдодҳои истисноӣ пеш хоҳад омад?

Дар ин амалиёт нируҳои Ожонси мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Тоҷикистон, вазорати дохила, Кумитаи амнияти миллӣ, Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва ниҳодҳои дигари зидахли Тоҷикистон ширкат мекунанд.

Барои ҳамоҳанг сохтани амалиёти "Кӯкнор-2010" дар Ожонсии мубориза бо гардиши ғайриқонунии Тоҷикистон ситоди ҳамоҳангӣ ташкил шудааст ва ҳадафи ин амалиёт ошкор ва нобуд сохтани мазореи ғайриқонунии кӯкнор ва рустаниҳои ваҳшии дорои маводи мухаддир дар қаламрави Тоҷикистон арзёбӣ мешавад.

Вале бо назардошти амалиёти соли гузашта, ки бо номи "Кӯкнор-2009" анҷом гирифт ва боиси нооромӣ дар шарқи Тоҷикистон шуд, метавон гуфт, ки дар ҷараёни амалиёти соли ҷорӣ низ рӯйдодҳои истисноӣ, аз қабили рӯйдодҳои соли гузаштаи Тавилдара пеш хоҳад омад?

Ҳадафи амалиёти имсола


Ҳар сол амалиёти "Кӯкнор" дар Тоҷикистон бо қарори ҳукумати ин кишвар баргузор мешавад. Соли ҷорӣ барои ҳамоҳанг сохтани фаъолияти нерӯҳои ширкаткунанда дар амалиёт дар Ожонсии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Тоҷикистон ситоди ҳамоҳангӣ ташкил шудааст.

Ба гуфтаи сухангӯи ин ситод Бобоҷони Шафеъ, "ҳадафи ин амалиёт нобуд кардани гиёҳҳои худрӯи нашъаовар дар доманакӯҳҳо ва баландкӯҳҳост. Ҳамчунин дар доираи ин амалиёт ҳамаи иқдомҳои зидди мухаддирот, ки ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон пиёда мекунанд, анҷом меёбад".

Генерал Абдулло Ҳабибов, таҳлилгари умури низомии Тоҷикистон, дарбораи ҳадафҳои амалиёти "Кӯкнор-2010" ошкортар сӯҳбат мекунад. Вай дар бораи зарурати анҷоми чунин амалиёт дар шароити кунунӣ мегӯяд, "мақсади асосӣ гирифтани пеши роҳи қочоқчиён афроди машғул ба кишту кори ин мавод дар кӯҳистон, умуман сарҳади Тоҷикистонро ба низом даровардан аст. Ба ин хотир ҳамаи ниҳодҳои қудратӣ ба ин кор сафарбар шудаанд".

Таҷрибаи "Кӯкнор-2009"

Бо назардошти нооромиҳои соли гузаштаи шарқи Тоҷикистон, ки дар ҷараёни амалиёти "Кӯкнор-2009" дар Тавилдара пеш омад ва боиси куштори Мирзо Зиёев, вазири пешини умури изтирории Тоҷикистон, шуд, таҳлилгар ва низоъшиноси тоҷик Қосимшоҳ Искандаров мегӯяд, "ман фикр намекунам, ки имсол чунин гурӯҳҳое бошанд бошанд, ки бо қочоқи маҳоди мухаддир ба чунин шакли мусаллаҳона ва мутташаккилона дар Тоҷикистон кашф шуда бошанд ва мубориза ҳатман бар зидди инҳо бошад".

Вале Бобоҷони Шафеъ, сухангӯи Ожонсии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Тоҷикистон, чунин пешомадҳоро дар соли ҷорӣ низ дар шакли дигар истисно намедонад ва мегӯяд, сабаб ин аст, ки баъзе аз гӯрӯҳҳои қочоқчӣ маъмулан мусаллаҳанд ва муқовимати мусаллаҳона нишон медиҳанд.

Боздошти қочоқчиён

Сухангӯи ситоди ҳамоҳангии амалиёти "Кӯкнор-2010" афзуд, дар нахустин рӯзи оғози ин амалиёт 1-уми май як гурӯҳи қочоқчӣ миқдоре аз маводи мухаддирро аз Афғонистон ба Тоҷикистон фиристод ва нерӯҳои интизомӣ ин гурӯҳро ошкор карданд.

Ронандаи мошини ҳомили маводи мухаддири қочоқчиён дар роҳи автомобилрави Қурғонтеппа-Душанбе аз нигоҳ доштани мошин саркашӣ ва саъй кардааст мошинро аз болои кормандони Ожонсии мубориза бо маводи мухаддир биронад ва онҳоро ба ҳалокат расонад. Як нафар аз кормандони ожонсӣ шадидан маҷрӯҳ шудааст, вале қочоқчиро боздошт кардаанд ва вай сокини 31-солаи шаҳри Кӯлоб будааст. Маводи мухаддир мусодира шудааст.

Бобоҷони Шафеъ мегӯяд, соли гузашта низ дар ҷараёни амалиёте дар Кӯлоб гурӯҳе аз қочоқчиёни афғон боздошт шуданд, вале дар ин амалиёт ду нафар аз кормандони Ожонсии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир кушта шудаанд.

Бино ба гуфтаи ин манбаъ, маводи мухаддирро аз Афғонистон аксаран гурӯҳҳои мусаллаҳи қочоқчии афғон интиқол медиҳанд ва онҳо ҳамдастони тоҷикистонии худро низ дар хоки Тоҷикистон мусаллаҳ месозанд. Чунин гурӯҳҳо борҳо сокинони марзии Тоҷикистонро гаравгон бурдаанд ва талош кардаанд, онҳоро низ ба интиқол ва қочоқи маводи мухаддир ҷалб кунанд.

Бо назардошти чунин мушкилиҳо дар Тоҷикистон, ба вижа дар манотиқи марзӣ ва барои пешгирӣ аз чунин ҳодисаҳо дар давоми даҳ соли ахир ҳукумати Тоҷикистон ва раисиҷумҳури Тоҷикистон борҳо дар арсаи байналмиллалӣ масъалаи эҷоди камарбанди амниятӣ дар атрофи Афғонистонро пешниҳод кардаанд, то таваҷҷуҳи ҷаҳониён ба ин мушкили Тоҷикистон ҷалб шавад.

Вале Ожонсии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири Тоҷикистон мегӯяд, то ҳол чунин дархостҳо бароварда нашудаанд, бо вуҷуди ин ки ҳадафи қочоқчиён Тоҷикистон нест, балки фаротар аз он Русияву Аврупо мебошад.
XS
SM
MD
LG