Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Генерал пешниҳод дорад: "Аз 22-сола ба шавҳар диҳед"


Мувофиқтарин замони барпо кардани оила барои духтарон баъд аз 22-солагӣ мебошад. Бо чунин иддао, генерал Саодат Амиршоева, вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, мегӯяд, бо таваҷҷӯҳ ба мизони афзояндаи азҳампошии хонаводаҳои ҷавон ва ҳам беҳтар омода шудани ҷавонон ба таъмини шароити оилаю хонадорӣ, феълан, зарурати воридсозии тағйирот ба қонунгузорӣ дар бораи синну соли никоҳӣ ба миён омадааст.

Вакили мардумӣ чунин пешниҳод дорад, ки минбаъд ҷавондухтарон пас аз хатми донишгоҳ ё ҳадди ақал, хатми давраҳои махсуси омӯзишии хонадорӣ оила барпо намоянд.

Cаодат Амиршоева: «Андешаи ман ин аст, ки мо дар тағйир додани синнусоли никоҳӣ хеле дер ҳам кардем. Бояд аз курсии талабагии
Cаодат Амиршоева: "Духтаракони 9-10-сола ба ҷойи дарс дар мактаб, дар бозорҳо машғули коранд, пул талаб мекунанд ва одобашон, мулоим карда гӯем, чандон хуб нест."
мактаб дарсҳои оиладорӣ ва муносибату таҳаммулпазириро ба наврасон омӯхт. Чунки рӯз то рӯз сатҳи бекоршавии никоҳҳо зиёд шуда истодааст. Ин тамоюл бисёр нигаронкунанда аст ва метавонад ба косташавии ахлоқи насли ҷавон, бавижа ҷавондухтарон оварда расонад. Мо ҳатто ҳоло мебинем, ки духтаракони 9-10-сола ба ҷойи дарс дар мактаб, дар бозорҳо машғули коранд, пул талаб мекунанд ва одобашон, мулоим карда гӯем, чандон хуб нест. Симои зани тоҷикро дар ояндаи онҳо тасаввур кардан ғайриимкон аст…»

То ки сарборӣ кам шавад...


Дар тарҳи феълии Қонуни асосӣ ва кодекси оилаи Тоҷикистон никоҳ аз 17-солагӣ мумкин дониста шудааст. Ин банди Қонуни асосӣ, ки дар соли 1994, замони авҷи низоъҳои ҳамватанӣ қабул гардидааст, барои бисёре аз волидони ҷавондухтарон мувофиқ буд, чун аксарият ба хотири таъмини амният ва ҳифзи шаъну обрӯи духтарон дар он солҳо, бо болиғ шудан, онҳоро ба шавҳар медоданд.

Нигора Азизова, сокини шаҳри Қӯрғонтеппа, мегӯяд, вай шоҳиди бисёр мавриди иҷборан ба шавҳар додани духтарони болиғу ноболиғ дар солҳои ҷанг шудааст, чун волидон ба хотири ҳимоят аз номуси фарзандон ва сабук кардани бори зиндагии худ, чунин тасмим мегирифтаанд. Ба гуфтаи хонум Азизова, ҳоло ҳам бечорагӣ, надоштани дастмузди кофӣ ва мушкилаҳои дигари иҷтимоӣ бисёре аз волидонро водор мекунад, ғайриихтиёри духтар, тақдири ӯро ба истилоҳ, худашон «ҳал кунанд»:
Нигора Азизова: "Ин духтарон маҷбуранд ё зани дуввум шаванд, ё бо ягон марди солдида оила бисозанд."

Нигора Азизова: «Ман агар аз ҳамсояҳои худ мисол оварам, чанд маврид аст, ки духтараконро дар 16, 17, 18-солагӣ ба шавҳар медиҳанд, бисёрашон ба печутобҳои зиндагӣ тоб наоварда, дар чанд моҳ хонавайрон шудаанд, ҳоло онҳо наметавонанд дубора оила барпо кунанд, онҳоро ҷавонон чандон хуш надоранд, ин духтарон маҷбуранд ё зани дуввум шаванд, ё бо ягон марди солдида оила бисозанд. Бисёр оилаҳо аз маҷбурӣ, дармондагӣ ҳам духтарони наврасашонро ба шавҳар медиҳанд, ё занҳое ҳастанд, ки шавҳаронашон дар муҳоҷират аст, пул намефиристад, маҷбур духтарро ба шавҳар медиҳанд, то сарбориашон кам шавад…»

Ба хотири ҷилавгирӣ аз фисқу фуҷур...


Ва аммо коршиносон мегӯянд, бо назардошти табиат ва иқлими Тоҷикистон ва низ анъанаву суннатҳои мардуми тоҷик, ки бештар
Азимҷон Ваҳҳобов: "Ба хотири ҷилавгирӣ аз густариши фасодкорӣ миёни ҷавонон, ба хотири ҳифзи обрӯи хонавода, ҳамоно дар боло бурдани синни никоҳӣ аз 17 ба 18-солагӣ набояд осемасар шуд…"
пойбанди шариати ислом мебошад, ба фарқ аз ҷавонони ғарб, бавижа ҷавондухтарони тоҷик, тезтар, дар синни 16-17-солагӣ ба балоғат мерасанд.

Азимҷон Ваҳҳобов, муовини раиси созмони Ҳизби наҳзати исломӣ дар Хатлон, мегӯяд, «ҷомеа ва низоми омӯзишу парвариши Тоҷикистон ба гунае сохта шудааст, ки ҷавонон, бахусус духтарон шуғли муносибе надоранд ва вобастаи ақида, илм ва омӯзиш нестанд. Ба ғайр аз ин, баъзе духтарҳоеро суроғ дорем, ки аз назари ҷисмӣ дар 15-16-солагӣ омодаи издивоҷ ҳастанд. Набояд маҳдудиятҳо ҷорӣ кард. Зимнан, ба хотири ҷилавгирӣ аз густариши фасодкорӣ миёни ҷавонон, ба хотири ҳифзи обрӯи хонавода, ҳамоно дар боло бурдани синни никоҳӣ аз 17 ба 18-солагӣ набояд осемасар шуд…»

Камтаҷрибагӣ ва мушкили «пирдухтарӣ»


Агар иродаи сусти ҷавонон, мустақил набудани онҳо як сабаби ҷудошавии оилаҳои ҷавон бошад, иллати дигараш камтаҷрибагӣ, ноомодагии ҷавонон ба зиндагии мустақил ва масъулиятношиносӣ мебошад.

Саъбагул Раззоқова, сокини шаҳри Қӯрғонтепа, мегӯяд, вай низ ҷонибдори боло бурдани синни никоҳист, чун дар Тоҷикистон
Саъбагул Раззоқова: "Бечора духтарон, ки аз 19-20-солагӣ гузаранд, ин мардуми мо боз «пирдухтар» ном мебароранд онҳоро."
духтарони болиғ аз 20-сола, маъмулан «харидор» надоранд ва ба истилоҳ, «пирдухтар» шумурда мешаванд:

Саъбагул Раззоқова: «Бечора духтарон, ки аз 19-20-солагӣ гузаранд, ин мардуми мо боз «пирдухтар» ном мебароранд онҳоро. Маъмулан, падару модар духтари ҳар қадар хурдсолу ҷавонтарро барои писарашон арӯс интихоб мекунанд, бехабар аз он ки оё ин духтар ба зиндагӣ тайёр ҳаст ё не. Падару модарон ҳам аз ҳамин гапи мардум тарсида, духтаронашонро тез шавҳар медиҳанд…»

Референдуми нав?


Вакили мардумӣ Саодат Амиршоева мегӯяд, синну соли никоҳӣ дар Қонуни асосӣ муқаррар шуда, танҳо мардуми Тоҷикистон метавонад барои қонунан тағйир додани он розигӣ бидиҳад. Зимнан, хонум Амиршоева баргузории раъйпурсии умумихалқиро дар ояндаи наздик баъйид намедонад.

Дар ҳоле, ки раисҷумҳури Тоҷикистон ҳам ахиран дар паёми солонааш ба Маҷлиси Олии кишвар таъкид кард, ки зарурати тағйир додани синну соли никоҳӣ ба миён омадааст, чунин ба назар мерасад, ки баргузор шудани раъйпурсии умумихалқӣ дар кишвар ҳатмист ва танҳо кори вақт аст.

Президент ин пешниҳоди худро бо он асоснок кард, ки дар сурати боло бурдани синну соли никоҳӣ ҷавондухтарон ҳадди ақал мактаби таҳсилоти ҳамагониро хатм карда, ба зиндагии мустақил беҳтар омода мешаванд ва низ риояи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон тақвият хоҳад ёфт.
XS
SM
MD
LG