Дар арафаи ин иди матбуот чанд созмони байналмилалии ҳомии ҳуқуқи хабарнигорон гузоришҳои солонаи худро нашр карданд. Фридом Ҳавз, ё худ Хонаи Озодӣ як соли гузаштаро дар гузоришаш боз як соли дигари пасрафт ба қалам дод ва Хабарнигорони бидуни марз дар ин рӯз феҳрасти 40 таъқибкунандаи асосии матбуотро нашр кард. Фридом Ҳавз зимнан Тоҷикистонро дар байни 196 кишвари ҷаҳон аз нигоҳи таъмини озодии матбуот дар мақоми хеле пойини 169-ум гузоштааст.
РОҲИ ТАЙШУДА
Матбуоти Тоҷикистон дар чанд соли охир масири бузургеро тай зад ва хеле аз хаттҳои сурхи дар гузашта барои матбуот, ба истилоҳ “табу”-ро рахна кард. Акнун мавзӯъҳои бастаи замони ҷанги шаҳрвандӣ ба гунаи густарда ва нисбатан ошкор ба матбуот роҳ ёфта, танқид аз ин ё он вазир ё вазорат дар матбуот низ як падидаи оддӣ шудааст. Бахусус дар пайи фармони маъруфи рақами 622, ки мақомоти давлатиро дар баробари матолиби интиқодии нашрияҳо посухгӯ кард.
Аммо маҳофил роҳи дар як соли гузашта тайкардаи матбуоти тоҷикро ба ду марҳала ҷудо мекунанд, ки ибтидояш идомаи ҳамон роҳи солҳои пешин ба сӯи қуллаҳои баландтари озодист, ки бо се даъвои маҷмӯъан якунимиллиондолларии ду идораи давлатӣ ва се қозӣ алайҳи 5 нашрияи мустақил поён ёфт ва мисли як оби сард ба сари расонаҳои бараҳнагӯ фурӯ рехт, ки ҳадди худро хуб бишиносанд ва аз хутути сурх нагузаранд.
ДУ СОЛИ “ОЗОДАГОН”
Яке аз ин 5 нашрияе, ки кораш ба додгоҳ кашонида шуд, ҳафтаномаи мустақили “Озодагон” аст, ки аз соли 2008 ба ин сӯ ва бо теъдоди 6000 нусха нашр мешавад. Зафари Сӯфӣ, сардабир ва муассиси “Озодагон” ин қазияро танҳо мавриди фишор тайи қариб 2 соли фаъолияти ин ҳафтанома меномад: “Сӯҳбатҳое ҳаст ва баъзан ман худам ҳам мешунавам, ки мегӯянд, гӯё барои муассисон ё сардабирон касе аз “боло” чизе мегӯяд ё фишор меорад. Ростӣ, тайи якуним соли сардабириам дар ҳеҷ ниҳоде ваё ҳеҷ нафари расмие аз мақомот ба ман нагуфта, ки чаро ин ё он мавзӯъро матраҳ кардед? Ба ҷуз аз як изҳороти вакили мудофеъ Солеҳҷон Ҷӯраев, ки мо чоп кардем ва қазия додгоҳӣ шуд. Дигар мавзӯъе чунин набуд, ки касе ба мо эътироз карда бошад ва ё моро манъ карда бошанд.”
ГӮЕМ Ё НАГӮЕМ?
Ба бовари хабарнигорони тоҷик, қазияҳои пурҳазинаи ахири додгоҳӣ як василаи дигари фишор болои матбуоти далершудаи мустақил аст, ки акнун ҳатман худсонсурии бештари нашрияҳоро дар пай хоҳад овард. Аммо сардабири “Озодагон” мегӯяд, ин қазия то ҳол ба хатти машши нашрия таъсире нагузошта ва ҳанӯз мавзӯъе нест, ки онҳо рӯяш махсус хатти сурх кашида бошанд ва зимни ба чоп супурдани шумораи нави ҳафтанома бияндешанд, ки оё ин ё он мавзӯъро, ба истилоҳ, “гӯем ё нагӯем.”
Аммо, меафзояд Зафари Сӯфӣ, масоиле ҳаст, ки мақомот худ рӯи онҳо мӯҳри табу задаанд ва ба чунон сурате, ки хабарнигор аз ҳеҷ кадом сӯ натавонад ба он наздик шавад: “Дар Тоҷикистон вазъе пеш омада, ки хеле аз корҳои бузурги иқтисодё ё сиёсие ки анҷом мешаванд, ба як марказ мерасад, ки дар он марказ шахси раисиҷумҳур нишастааст. Дастрасӣ ба чунин мавзӯъҳо мушкил аст. Барои мисол, дар ҳамин мавзӯъи пулакӣ шудани роҳи Душанбе-Хуҷанд. Мо, албатта, чанд матлаб дар ин бора чоп кардем, вале ман ба унвони сардабир худ чандон қонеъ нестам аз ин матолиб. Барои мо ҳанӯз мушаххас нашудааст, ки он ширкате ки пули роҳро ҷамъ мекунад, моли кист ва дар пушти ин саҳна кӣ истодааст? Ҳарчанд овозаҳое ҳаст, ки ин истода ё он, вале ин ҳама дар сатҳи овозаҳост. Дар пушти ин қазия як шахси мушаххас ё шахсони мушаххас нест, ки бубинемаш.”
МИЛЛАТЕ, КИ РӮЗНОМА НАДОРАД
Хабарнигори тоҷик Саъдии Юсуфӣ, бо ин ҳол, мониагузории мақомот дар роҳи озодии матбуотро барои кишварҳои ҷаҳони севвум ва давлатҳои пасошӯравие, чун Тоҷикистон як амри хос медонад, ки расонаҳо бояд сарфи назар аз вуҷуди чунин мавонеъ барои худ роҳкушоӣ кунанд.
Саъдии Юсуфӣ се қазияи ахири додгоҳӣ алайҳи расонаҳои Душанберо низ ҳокии далериву шуҷоати расонаҳо, ба хусус нашрияҳои мустақил дар роҳи таъмини озодии бештари баён мешиносад: “Дар матбуоти ҳар кишвар 3 сатҳи асосӣ вуҷуд дорад: яке сатҳи маҳаллӣ, дуввумӣ - сатҳи шояд минтақа ва севвум –байналмилалӣ. Муттаассифона, матбуоти мо то ҳол хусусияти маҳаллӣ дорад ва натавонистааст бо матбуоти дар сатҳи байналмилалӣ қобили рақобат шавад ваё аз лиҳози сатҳӣ худро ба сатҳи чунин матбуот баробар кунад. Ин як заъфи бузурге дар матбуоти имрӯзини мост. Вале бузургтарин мусибати матбуотӣ дар Тоҷикистон набуди як рӯзнома ҳаст ва камбуди рӯзномаӣхонӣ низ ба назар мерасад, ки ин, ба назари ман, дар дунёи имрӯз ва бахусус дар кишваре, ба мисли Тоҷикистон, ки на ҳамеша нирӯи барқ ҳаст ва на ҳама, ба ҷуз аз шаҳрҳои марказӣ, дастрасӣ ба интернет доранд, мусибати андак нест.”
БОЗ ЯК СОЛИ ПАСРАФТИ ДУНЁ
Изҳори нигарониҳо аз вазъи озодии баён дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки бино бар гузориши дар арафаи Рӯзи озодии матбуот нашркардаи Фридом Ҳавз, ё худ Хонаи Озодӣ, як созмони мӯътабари ҳомии ҳуқуқи башар, озодии матбуот дар ҷаҳон инак 8 сол боз рӯ ба пасрафт овардааст ва соли 2009-ум низ аз ин ҷумла истисно набуд. Кристофер Воукер, раҳбари барномаҳои пажӯҳишии Хонаи Озодӣ мегӯяд, шашяки аҳолии дунё дар кишварҳое ба сар мебарад, ки матбуоти озод надоранд: “Имсолро мо боз як соли дигари пасрафт дар саросари ҷаҳон дарёфтем. Ва инак соли ҳаштум аст, ки ҳаҷми пасрафти мо назар ба муваффақиятҳо бештар аст.”
Бино ба гузориши Хонаи Озодӣ, тайи соли гузашта давлатҳои таъқибгар ҳамчунон ба пахши дигарандешӣ идома доданд, ҷиноёт алайҳи хабарнигорон боз ҳам бидуни муҷозот мемонд ва қасди давлатҳо бахусус барои назорат бар Интернет шадидан афзоиш ёфт.
МАҚОМИ 169-УМИ ТОҶИКИСТОН
Тоҷикистон дар раддабандии имсолаи Хонаи Озодӣ низ дар миёни 196 кишвар боз ҳам дар ҳамон мақоми 169-уме, ки як сол пеш дошт, ва боз ҳам дар байни кишварҳои аз нигоҳи озодии матбуот “ноозод” ҷой гирифт. Бархе хабарнигорони тоҷик вазъи аслии матбуот дар Тоҷикистонро ҳатто бадтар аз чунин натиҷагирии Хона Озодӣ мебинанд.
Вале Нуриддин Қаршибоев, раиси НАНСМИТ, Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон мегӯяд: “Озодии иттилоот дар Тоҷикистон андаке маҳдуд аст ва ин маҳдудият ба қазияҳои охирини мақомои додгоҳиву давлатӣ алайҳи нашрияҳои мустақили “Азия Плюс”, “Фараж”, “Озодагон”, “Миллат”, “Пайкон” ва “Суғд” рабт мегирад. Дар ин авохир озодии баён дар Тоҷикистон каме рушд кард ва нашрияҳо дар баррасии масоили доғе, чун пулакӣ шудани роҳ ва мавзӯъҳои марбут ба ҳуқуқи башар боҷуръаттар шудаанд. Ба назари ман, Тоҷикистон дар шумули кишварҳоест, ки матбуоташ “қисман ноозод” аст.”
“РӮЙХАТИ СИЁҲ”
Ва дуруст дар рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот – 3 май созмони Хабарнигорони бидуни марз феҳрасти 40 таъқибгари бадтарини матбуотро нашр кард ва 17 раисиҷумҳуру раҳбари ҳукумат ва ҳамин тавр, фармондеҳони гурӯҳҳои чирикӣ ва қочоқбарро, ки исмашон дар ин “рӯйхати сиёҳ” меояд, афроди нирӯманд, хатарнок, хушунаткор ва хориҷ аз ҳукми қонун ба қалам дод.
Ин “рӯйхати сиёҳ”, имсол аз ҷумла, раҳбарони Чину Эрон Ҳу Ҷинтао ва Маҳмуди Аҳмадинажод, сарвазири Русия Владимир Путин ва раҳбари ҷумҳури Чеченистони Русия Рамазон Қодировро дар бар мегирад. Қодиров, барои мисол, ҳамчун як “саги посбон”-и Путин таъриф мешавад, ки пайрави таҷрубаи бадгуфториву сахтрафтории ӯст.
40 ҳамлаи дар соли гузашта болои хабарнигорон ва расонаҳо анҷомдодаи ҷангиёни толиб боис шуда, ки исми раҳбари Толибон Мулло Умар низ барои бори нахуст вориди ин “рӯйхати сиёҳ” шавад.
Хабарнигорони бидуни марз мегӯяд, имсол дар ҷаҳон алакай 9 хабарнигор кушта шуданд ва 300 корманди матбуот феълан дар зиндон ба сар мебарад.