Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозори наздимарзӣ чаро ташкил намешавад?


Зимни ба истифода додани пули Панҷи поён, ки Тоҷикистонро Афғонистон пайванд медиҳад, мақомоти ду кишвар ба тавофуқ расиданд, ки бозорҳои сарҳадӣ бунёд мекунанд. Аммо бо гузашти се сол дар минтақаи Панҷи поёни Тоҷикистон бозори наздимарзӣ ташкил нашудааст.

Соҳибкороне, ки омодаи таъсиси бозори мазкур ҳастанд, мегӯянд, ҳамоно мақомоти ҳукумати Хатлон барои шурӯи корҳои сохтмонӣ иҷоза намедиҳанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳукумати Хатлон мегӯяд, барои бунёди бозори марзӣ алоқаманд аст, аммо сармоягузорон бояд нахуст чанд шарти ҳукуматро ба иҷро расонанд.

Мақомоти вилояти Хатлон мегӯянд, агар ҳам идеяи сохтмони бозори байналмилалии наздимарзӣ дар Панҷи Поён ҳанӯз се сол қабл тавлид шудааст, ҳамоно соҳибкорони ватаниву хориҷӣ лоиҳаи қобили қабул ва чашминтизорро барои бунёди як чунин бозор таҳия накардаанд.

Ба гуфтаи Ғайбулло Афзалов, раиси вилояти Хатлон, иддае аз соҳибкорони тавонманди минтақа бо дархости ташкили бозори марзӣ дар Панҷи Поён, воқеъ дар ноҳияи Қумсангир, дар марзи Тоҷикистон бо ҷумҳурии исломии Афғонистон, ба ҳукумати вилояти Хатлон муроҷеъ шудаанд.

Аммо ҷаноби Афзалов мегӯяд, дар бунёди бозори надисарҳадӣ набояд ба шитобкорӣ роҳ дод ва лоиҳаи бозори мазкур бояд бо тавсия ва машварати коршиносони байналмилалӣ таҳия шавад. Зеро, ба андешаи вай, бозори наздисарҳадӣ, ки ба он тоҷирони тамоми кишварҳои минтақа молу коло меоранд, бояд ҷавобгӯи талаботи соҳибкорони хориҷӣ ҳам бошад.

Ӯ мегӯяд: «Бозоре бояд бунёд шавад, ки як кас омада раҳмат гӯяд. Бозори байналмилалӣ, ки сохта шуд, соҳибкорон аз Чину Афғонистон, Покистону Эрон ба ин ҷо хоҳанд омад. Ягона хоҳиши манн ҳамин ки ин бозор бояд ҷавобгӯи одитарин талаботи байналмилалӣ бошад, на балки дар он чалобу сақичу мисли ин мавод фурӯхта шавад…»

Дар ҳамин ҳол, Дилбар Нурматова, раиси созмони ҷамъиятии «Сапеда», ки бо бонувони соҳибкори тоҷику афғон дар самти рушди тиҷорати наздимарзӣ кор мебарад, мегӯяд, таъсиси як чунин бозори марзӣ дар минтақаи ҷануби Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир бисёр муҳим ва ногузир мебошад.

Ӯ мегӯяд: «Садди роҳи инкишофи ҳамкориҳои тиҷоратии мо асосан надоштани бозори марзӣ аст. Агар ҳамин бозор ҳар қадар зудтар кушода шавад, проблемаҳои тоҷирони мо ҳам камтар мешавад, мубодилаи молу коло афзоиш меёбад. Таманнои онро дорем, дархости мо аз ҳукумат ин аст, ки бозори мазкур тезтар боз шавад, ки ин ҳам барои рушди иқтисоду иҷтимоъ, ҳам барои ғанисозии буҷаи давлату вилоят бисёр муҳим аст. Ин гуна бозорҳои марзӣ аллакай дар Бадахшон се бозори наздисарҳадӣ вуҷуд дорад, ки мафоди чашмгире ба иқтисоду тиҷорати минтақа меорад. Ҳамин гуна бозор аллакай дар Қундуз фаъолият дорад, дар Шерхон Бандари Афғонистон ҳам бунёд шудааст, ки низ соҳибкорон ба судмандии он ба иқтисоду тиҷорати минтақа таъкид мекунанд…»

Ва аммо Абдураҳмон Қодирӣ, муовини аввали раиси вилояти Хатлон, мегӯяд, ба бунёди бозори наздимарзӣ дар Панҷи поён хушбин аст. Вай гуфт, ахиран як созмони байналмилалӣ изҳори омодагӣ кардааст, ки лоиҳаи бозори марзӣ дар Панҷи поёнро маблағгузорӣ намояд.

Ӯ мегӯяд: «Намояндагони Оҷонси рушди федеративии Олмон моҳи март ба вилоят омада буданд, мо гуфтушунид доштем. Онҳо гуфтанд, ки барои лоиҳасозӣ 350 ҳазор евро ихтисос хоҳанд дод. Гуфта буданд, ки баъди Наврӯз омада, корро шурӯъ хоҳанд кард. аммо то ҳанӯз аз онҳо дарак нест…»

Қобили зикр аст, ки 400 ҳектор замини маҳалли Панҷи Поёни ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон ҳамчунин минтақаи озоди иқтисодӣ эълон шуда, дар баробари таъсиси корхонаҳои тавлидотию бозорҳои марзӣ дар ин ноҳияи ҳаммарз бо Афғонистон, ташкилу бунёди терминалҳои байнулмилалӣ ҳам дар назар дошта шудааст.
XS
SM
MD
LG