Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин мулоқоти байналмилалии ҳукумати Отунбоева


Ҷонибек Қарибҷонов, фиристодаи САҲА дар Бишкек
Ҷонибек Қарибҷонов, фиристодаи САҲА дар Бишкек

САҲА гуфт, фиристодаи хосаш дар Бишкек, пойтахти Қирғизистон, бо як узви ҳукумати ҷадиди худхондаи Роза Отунбоева мулоқот карда ва хостори барқарории субот дар ин кишвар шудааст.

Ҷонибек Қарибҷонов, дипломати қазоқ рӯзи 8 апрел ба ҳайси фиристодаи хоси САҲА ба Бишкек эъзом шуд ва рӯзи ҷумъа бо Нурлан Оймирзоев, муовини вазири хориҷа дар ҳукумати муваққати Отунбоева мулоқот кард. Раҳбари идораи сиёсати хориҷии ИА Катрин Эштон низ гуфт, ки фиристодаи хосаш Перр Морелл рӯзи шанбе ба Қирғизистон меравад.

Роза Отунбоева рӯзи ҷумъа як ҳайъатро таҳти раёсати муовини худ Алмос Ҳотамбоев ба хотири дарёфти кӯмакҳои иқтисодӣ ба Маскав фиристода ва рӯзи ҷумъа гуфт, бо раисиҷумҳури барканоршуда Қурмонбек Боқиев музокироте сурат нахоҳад гирифт. Боқиев, ки ба ҷануби Қирғизистон фирор кардааст, гуфт, барои музокирот бо мухолифин омода ҳаст, вале истеъфо нахоҳад дод.

Роза Отунбоева, раиси ҳукумати муваққатии Қирғизистон, дар як сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, вай имрӯз амри ба ҳабс гирифтани президенти барканоршуда Қурмонбек Боқиевро имзо кардааст. Ба гуфтаи хонум Отунбоева, дар ҳоли ҳозир Қурмонбек Боқиев дар зодгоҳаш - шаҳри Ҷалолобод ба сар мебарад ва сарфи назар аз тақозои мухолифин истеъфо додан аз мақоми раёсати ҷумҳурии Қирғизистонро рад кардааст.

Раиси ҳукумати муваққати қирғиз мегӯяд, намояндагони мухолифин тарҳи давлати парлумониро омода кардаанд ва дар ояндаи наздик онро амалӣ хоҳанд кард: "Сохтори президентӣ дар Қирғизистон мувофиқ нест. Таҳаввулоти ахир собит кард, ки давлати президентӣ ба давлати таҷовузгарон мубаддал шудааст. Хунрезиҳое, ки дар хиёбони назди қароргоҳи президент ба вуқӯъ пайвастанд, натиҷаи ҳамин гуна давлатдорӣ буд", гуфт ӯ.

Қурмонбек Боқиев, президенти фирории Қирғизистон, гуфтааст, ба истеъфо нахоҳад рафт
Қурмонбек Боқиев истеъфо доданӣ нест


Ҳамзамон Қурмонбек Боқиев, раисиҷумҳури фирории Қирғизистон, дар мусоҳибае бо радиои "Эхо Москви" гуфтааст, ки қасди аз мақоми раёсати ҷумҳурӣ истеъфо доданро надорад.

Боқиев афзудааст, ки раҳбари мунтахаби кишвар аст ва ҳеҷ навъ шикастро намепазирад.

Мотами миллӣ дар Қирғизистон

Барои поси хотири қурбониёни нооромиҳои ахир 9-ум ва 10-уми апрел дар Қирғизистон Рӯзҳои мотам эълон шудааст.

Роза Отунбаева, раҳбари ҳукумати муваққатии Қирғизистон, гуфтааст, ба хонаводаҳои қурбониён ва зарардидагон ҳукумат кумакҳои молӣ хоҳад кард.

Вазорати беҳдошти Қирғизистон мегӯяд, дар задухӯрдҳои рӯзи чаҳоршанбе дастикам 75 нафар кушта ва беш аз 1000 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Аммо Роза Отунбоева теъдоди қурбониёнро ҳудуди 100 нафар гуфтааст.

Бино ба хабарҳои расида аз Бишкек, вазъ дар ин шаҳр рӯ ба беҳбуд аст, вале шаби гузашта дар қисматҳои мухталифи шаҳр садои тирандозӣ аз аслиҳаи мусалсал ба гӯш расидааст.

Болот Шерниёзов, вазири дохилаи ҳукумати муваққатӣ, гуфтааст, барои пешгирии дуздиву ғорати густарда дар Бишкек вай ба нерӯҳои амниятӣ дастур додааст, ки ба сӯи ҷинояткорон оташ кушоянд.

Қирғизистон дар маркази таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳон


Русия эълон кардааст, ки омодааст ҳукумати нави Қирғизистонро ба расмият бишиносад. Владимир Путин, нахуствазири Русия, дар як сӯҳбати телефонӣ бо Роза Отунбаева, раҳбари ҳукумати нави Қирғизистон, гуфтааст, Маскав бо зудтарин фурсат ба Қирғизистон кумакҳои башардӯстона ирсол хоҳад кард.

Амрико ва Чин аз ҳамаи ҷонибҳои қирғиз хостаанд, ки оромиву хештандорӣ нишон диҳанд. Вале ин ду кишвар то ҳол дар бораи ба расмият шинохтани ҳукумати нави Қирғизистон тасмим нагирифтаанд. Вазорати хориҷаи Амрико гуфтааст, ки Амрико ҷонибгирӣ намекунад ва бо намояндагони мухолифин ва ҳам бо мақомоти давлати Боқиев дар тамос мебошад.

Бан Ки Мун, дабири кулли СММ, гуфтааст, ки ба Қирғизистон намояндаи хоси худро мефиристад. Кэтрин Эштон, раиси сиёсати хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо, аз Қирғизистон хост, ки ҳар чи зудтар ба низому риояти қонун дар кишвар баргарданд.

Аксари кишварҳои ҳамсояи Қирғизистон дар робита ба таҳаввулоти ахир то ҳол вокунише нишон надодаанд. Узбакистон сарҳади худ бо Қирғизистонро бастааст. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон гуфтааст, ки тағйири ҳукумати Қирғизистон масъалаи дохилии ин кишвар аст.

Тафсилоти рӯйдодҳои рӯзи панҷшанбеи Қирғизистон


Бишкек: 7 апрел¸2010
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:21 0:00
XS
SM
MD
LG