Сухангӯи вазорати хориҷаи Тоҷикистон гуфтааст, таҳаввулоти Қирғизистон, ки бо Тоҷикистон ҳудуди 1000 километр марзи муштарак дорад, наметавонад боиси нигаронии ҳамсояе, ки ҷанги дохилиро пушти сар кардааст, набошад.
Ӯ гуфтааст, мо ба хирад ва хештандории сиёсатмадорон ва мардуми дӯсти Қирғизистон умедвор ҳастем.
Давлат Назрӣ ҳамчунон гуфтааст, ки то кунун хабаре аз ҳузури шаҳрвандони Тоҷикистон дар миёни зарардидагон ва куштаву маҷрӯҳони ҳаводиси Қирғизистон нарасидааст.
Даҳшатзадагии Бан Кӣ Мун аз хунрезӣ дар Бишкек
Бан Кӣ Мун, дабири кулли СММ гуфтааст, аз хунрезӣ ва қатлу талафот дар Қирғизистон ваҳшатзада шудааст. Бар асари бархӯрди тазоҳургарон бо нерӯҳои ҳукуматӣ имрӯз 17 нафар кушта ва тақрибан 180 нафари дигар захмӣ шудаанд.
Бан Кӣ Мун, ки чанде пеш аз Осиёи Марказӣ баргашт, ба муколама ва оромӣ даъват кард, то дар Қирғизистон аз идомаи хунрезӣ ҷилавгирӣ шавад.
Катрин Эштон, раҳбари идораи умури дохилаи Иттиҳодияи Аврупо, низ аз хушунатҳо дар Қирғизистон ибрози нигаронӣ ва тарафҳоро ба хештандорӣ даъват кард.
Айни замон тазоҳургарони мухолифин бинои порлумонро тассаруф кардаанд ва алангаҳои оташ аз бинои додситонӣ ба чашм мерасанд.
Ҳукумати Тоҷикистон то кунун ба ин ҳаводис дар кишвари ҳамсояааш вокунише нишон надодааст.
Вазорати тандурустии Қирғизистон то кунун кушта шудани 17 нафар ва захм бардоштани 142 нафарро тасдиқ кардааст. Аммо расонаҳои хабарӣ аз ҳудуди 40 нафар кушта ва 180 нафар захмӣ иттилоъ медиҳанд. Вале ин хабарро то кунун мақомоти расмӣ тайид накардаанд.
Талоши ҷорӣ кардани вазъияти изтирорӣ
Қурмонбек Боқиев, раисиҷумҳури Қирғизистон, пас аз авҷи тазоҳурот ва бебандуборӣ дар шаҳрҳои мухталифи ин кишвар имрӯз вазъияти изтирорӣ эълон карда.
Аммо ба далели ҷамъ наомадани теъдоди зарурии вакилони порлумон барои тасдиқи фармони раисиҷумҳури Қирғизистон, ин фармон ҳамчунон ба ҳоли иҷро надаромадааст.
Шабакаи аввали телевизиони Қирғизистон, ки ба тасарруфи тазоҳургарон даромада ва фаъолияти худро мутаваққиф карда буд, нашри барномаҳои худро дубора оғоз кардааст.
Ҳамзамон мақомоти амниятии Қирғизистон раҳбарони аҳзоби мухолифро, ки субҳи имрӯз боздошт шуданд, раҳо кардаанд.
Нигаронии сафорати ИМА
Сафорати Амрико дар Бишкек аз раванди таҳаввулот дар пойтахти Қирғизистон ва соири вилоятҳои ин кишвар ибрози ташвиш кардааст.
Сафорати Амрико аз эътирозгарон ва ҳукумат даъват кардааст, ки бо такя ба қонун қазияро аз роҳи мусолиматомез ҳал намоянд.
Мавқеъи вазири корҳои дохилӣ
Тибқи иттилои хабарнигори радиои Озодӣ аз Талас Молдомӯсо Конгантиев, вазири корҳои дохилии ин кишвар ба эътирозгарон пайвастааст.
Вай ба хабарнигори Озодӣ гуфтааст, ки азоби фишори ҳокимияти хонаводагии Боқиевро вай чашидааст ва истиеъфои президентро талаб мекунад.
Молдомӯсо Конгантиев бо ноиби аввали нахуствазир Ақлбек Ҷабборов ва раиси ҳукумати Талас Бейшен Болотбеков аз тарафи тазоҳургарон мавриди латтукуб қарор гирифта буд.
Ҳамчунин аз истеъфои раиси вилояти Исиқ-кул дар назди тазоҳургарон хабар дода мешавад.
Хабаргузориҳо аз Бишкек, пойтахти Қирғизистон хабар медиҳанд, ки бар асари даргирӣ миёни тазоҳургарон ва нерӯҳои интизомӣ ҳади аққал 12 нафар кушта шудаанд.
Хабарнигори Ройтерз гуфтааст, ки панҷ нафари кушташударо бо чашмони худ дидааст.
Бино ба гузориши хабарнигорони Озодӣ тирпаронӣ вақте оғоз шуд, ки тазоҳургарон мехостанд бинои раёсати ҷумҳурии Қирғизистонро тасарруф кунанд. Садои тирпаронӣ дар атрофи раёсати ҷумҳурӣ ҳамчунон шунида мешавад.
Як тири снайперҳо ба мошини ронандаи дафтари радиои Озодӣ дар Бишкек низ бархӯрдааст. Вале бар асари ин ҳодиса ронанда зиён надидааст.
Маъмурияти бемористонҳои Бишкек аз қабули ҳади аққал шаш нафар бо ҷароҳати бар асри силоҳи оштафишон бардошта, хабар медиҳанд. Дар маҷмӯъ аз маҷрӯҳ шудани 90 нафар хабар мерасад.
Бино ба хабари манобеъи дигар тазоҳургарон ҳамчунон дар талошанд бинои ҳукуматро тасарруф кунанд. Аз сӯи дигар аз ворид шудани нерӯҳои артиш ва техникаи низомӣ ба хиёбонҳои Бишкек хабар мерасад.
Гуфта мешавад, бисёре ҷузву томҳои милиса аз муқовимат ва тирпаронӣ ба сӯи тазоҳургарон худдорӣ мекунанд.
Мақомот то кунун ин хабарҳоро тайид накардаанд.
Латукӯби вазирон дар Талас
Тибқи иттилои хабарнигори радиои Озодӣ дар шаҳри Талас ноиби аввали нахуствазир Ақлбек Ҷабборов, вазири умури дохила Молдомӯсо Конгантиев, ҳамчунин раиси ҳукумати ин вилоят Бейшен Болотбеков мавриди латтукӯби эътирозгарон қарор гирифтанд.
Онҳо бар асоси амри Дониёр Ҳусенов, нахуствазири кишвар барои ба эътидол овардани вазъи ташаннуҷбор ба Талас рафтаанд.
Тазоҳургарон ба таври фаврӣ аз банд раҳо кардани Болот Шерниёзовро талаб кардаанд, ки баъди боздошт ба Бишкек интиқол ёфтааст.
Мавҷи эътироз дар вилоятҳо
Субҳи имрӯз садҳо тазоҳуротгари мухолифин дар вилояти Норини Қирғизистон бинои ҳукумати маҳаллиро забт кардаанд. Қаблан эътирозгарон дар вилояти Таласи ин кишвар бинои ҳукуматро ба тасарруф дароварда буданд.
Азимбек Бекназаров, ҳамоҳангсози гирдиҳамоиҳо дар вилояти Норин, гуфтааст, ки дар ин вилоят ҳукумати мардумӣ таъсис хоҳанд дод.
Сокинони вилояти Норин, воқеъ дар ҷанубу шарқи Қирғизистон, субҳи имрӯз ба тазоҳуроти мухолифини раисиҷумҳур Қурмонбек Боқиев пайвастанд. Ин тазоҳурот дирӯз дар вилояти Талас - зодгоҳи собиқ раисиҷумҳур Аскар Акаев шурӯъ шуд.
Рӯзи сешанбе ҳудуди 3000 нафар тазоҳуркунанда ба бинои ҳукумати вилояти Талас ҳамла бурданд ва истеъфои Қурмонбек Боқиев - раисиҷумҳурро тақозо карданд. Дар давоми рӯз нерӯҳои пулис бо истифода аз гази ашковар ва тирҳои резинӣ тазоҳуркунандагонро аз бино берун ронданд.
Вале бо фаро расидани торикӣ тазоҳуркунандагон дубора бинои ҳукумати вилояти Таласро ба тасарруф худ даровардаанд. Интизор меравад, ки имрӯз, 7-уми апрел, дар Қирғизистон тазоҳуроти бештар баргузор шавад.
Захмӣ шудани 48 нафар
Вазорати дохилаи Қирғизистон гуфтааст, ки дар ҷараёни задухӯрди рӯзи сешанбе байни эътирозгарони Талас ва кормандони умури интизомӣ 48 нафар ба бемористон интиқол дода шудаанд. Бино ба ин манбаъ 35 нафари онҳоро кормандони умури интизомӣ ташкил мекунад.
Як масъули бемористони вилояти Талас ба радиои Озодӣ гуфт, ки баъд аз задухӯрдҳо бештар аз 30 нафар маҷрӯҳ ба ин бемористон интиқол дода шудаанд.
Ба гуфтаи Нурлан Турсунқулов, додситонии кулли Қирғизистон, дар муқобили таъсисгарони беназмиҳо дар вилояти Талас парвандаҳои ҷиноӣ боз шудаанд ва онҳо тибқи қонунгузориҳои кишвараш муҷозот хоҳанд шуд.
Боздошти раҳбарони мухолифин
Бино ба гузоришҳо, раиси ҳизби "Ота-Макон" Омурбек Тикебаев, раиси Ҳизби «Ақ Шумоқор» Темир Сариев, собиқ раиси комиссияи марказии интихобот Элмира Иброимова, раиси пешини вилояти Ӯш Анвар Артиков, муовини пешини раиси парлумони Қирғизистон Болот Шерниёзов ва чанд нафари дигар боздошт шудаанд.
Алмазбек Атамбаев, нахуствазири пешини Қирғизистон ва раиси ҳизби оппозитсионии Сотсиал-демократ, ки аз рақибони аслии Қурмонбек Боқиев маҳсуб мешавад, дар Бишкек боздошт шудааст. Баъзе аз сомонаҳои мустақил дар ин кишвар баста шудаанд.
Дар ноҳияи Олойи вилояти Ӯш як гурӯҳ ҷонибдорони генерали маҳбус Исмоил Исҳоқов боздошт шудаанд. Дар вилояти Чуй низ ҳавлии як гурӯҳ намояндагони мухолифин аз тарафи кормандони милиса талошӣ шудаанд.
Вокуниши СММ
Дар робита ба нооромиҳо дар шаҳри Талас Бан Кӣ Мун, дабири кулли СММ изҳори нигаронӣ кардааст. Вай аз ҷонибҳо хостааст, ки хештандорӣ нишон диҳанд ва сари мизи музокирот нишинанд. Дабири кулли СММ таъкид кардааст, ки озодии ҳар гуна гирдиҳамоӣ ё тазоҳурот унсури ҳар ҷомеаи демократист, вале бояд қонун авлавият дошта бошад.
Бан Ки Мун 3-юми апрел дар ҷараёни боздидаш аз Қирғизистон ва мулоқоташ бо Қурмонбек Боқиев, раисиҷумҳури ин кишвар, аз мақомоти Қирғизистон хоста буд, ки озодиҳои башариро риоят кунанд.