Ин нуқтаи назар ва мавқеи коршиносон ва таҳлилгарони ниҳодҳои вобаста ба давлати Тоҷикистон рӯзи чоршанбе дар як нишасти байналмилалӣ бахшида ба мақоми ҷуғрофиёиву сиёсии Тоҷикистон ва нақши кишварҳои абарқудрат дар Осиёи Марказӣ дар Душанбе ироа гардид.
Аммо коршиносони хориҷӣ мегӯянд, ҳанӯз дар ин кишвар дар равобити дин ва давлат мушкилот андак нест ва ниёз барои ислоҳ ва тағйирро дорад.
Матлуба Оқилова, устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, бар ин назар аст, ки Тоҷикистон дар тавозуни муносибат бо нерӯҳои исломӣ намунаест, барои кишварҳои дигари минтақа.
Хонум Оқилова дар бораи «Ҷаҳони секулярӣ, яъне низоми давлатдории дунявӣ, ислом ва Тоҷикистон» чунин ибрози назар кард: «Тоҷикистон бояд самтеро пеш гирад, ки амнияти гӯруҳҳои мухталифро таъмин карда тавонад, манфиатҳои эътиқодии онҳоро зери ҳимоя гирад. Ва ҳамин тавозуни муносибати ваҳдатофарро бо нерӯҳои исломи ҳифз кунад».
Абдуғаффори Камол, коршиноси масоили сиёсӣ бар ин назар аст, ки Тоҷикистон тавонист бо талошҳои дохилӣ равобит бо нерӯҳҳои исломиро ба роҳ монад. Оқои Камол меафзояд, Тоҷикистон нишон дод, ки ҳузур ва аз лиҳози қонунӣ ҷойгоҳ додан ба нерӯҳои динӣ, на таҳдид, балки омили офарандаи субот аст.
Ӯ гуфт, «беҳтарин намунаи бо ҳам омадани дину дунё дар Тоҷикистон аст. Ва тарҷибаи Тоҷикистон метавонад барои кишварҳое, ки мисли мо ҳастанд, намуна бошад. Чунки Тоҷикистон тавонист аз ҷойгоҳи қонуни ҳал кунад, ки дин дар ҷойи худ ва давлат дар ҷойи худ аст».
Аммо Масеҳои Қулизода, устоди Донишгоҳи улуми сиёсӣ ва дипломатии Ориёи Мазори Шарифи Афғонистон, ки дар ин конфронс дар мавзӯъи «Мавқеи ҷуғрофӣ ва сиёсии Тоҷикистон: фурсатҳо ва чолишҳо» сӯҳбат мекард, дар ин маврид назари дигар баён дошт.
Ба гуфти ӯ, шакл гирифтани исломи сиёсӣ дар Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ омилҳои хатарзо ба дунбол дорад. Вале агар давлатҳо битавонанд, ки динро аз давлат ҷудо нигоҳ доранду фазои муносиб ва солимро барои эътиқоди динии мардум фароҳам созанд, заминаи ифротгароӣ заъиф хоҳад шуд.
Оқои Қуллизода афзуд, «Тавсияи ман бархӯрд ба гӯруҳҳои исломӣ нест. Вале иҷоза додан ба онҳо, ба унвони як мусалмон, на ба унвони як ҳизби исломӣ, ки бихоҳанд низоми сиёсиро тағийр диҳанд ва табдил ба ҳукумати исломӣ кунанд. Ва дар айни ҳол низоми сиёсиро табдил ба як низоми сиёсии динӣ, дар ниҳоят барои озодиҳои иҷтимоӣ ва барои манофеи иқтисодӣ чизи хуб нест. Зеро дунё ба самте намеравад, ки Шумо давои идеоложӣ мекунед, хоҳ Ислом аст, хоҳ коммунизм. Дунё ба самти манофеъи иқтисодӣ рафта истодааст ва беҳтар аст, ки ин кишварҳо болои манифатҳои иқтисодӣ фикр кунанд».
Ба гуфти ин таҳлилгар, Тоҷикистон ҳарчанд дар сулҳофаринӣ таҷриба дорад, аммо ҳанӯз дар муомила бо исломи сиёсӣ таҷрибаи кофӣ надорад.
Таҳлилгари дигар, Абдуллои Раҳнамо мегӯяд, таҷрибаи Тоҷикистон нишон дод, ки исломи сиёсӣ хатар надорад. Худи ҳамин таҷрибаи исломи сиёсии Тоҷикистон модели нав аст. Исломи сиёсии ифротӣ танҳо дар қиболи сиёсати ифротии дунёвӣ вуҷуд дошта метавонад.
Ба боварии ҷаноби Роҳнамо, вақте ки солҳои охир сиёсати давлатии Тоҷикистон ба дин наздик шуд, боис он гардид, ки фаҳмиши мардум дар шинохти Ислом мусбат шуд. Ҷаноби Раҳнамо бо назардошти фазои сиёсӣ ва исломи сиёсии Тоҷикистон гуфт, ки ҳузури исломи сиёсӣ таҷрибаи назарияи китобӣ нест, балки аз таърихи воқеии Тоҷикистон берун омадааст.
Ӯ гуфт: «Инро қиёс кардан бо назарияҳо ғайриимкон аст. Модели хоси тоҷикӣ аст. Сарқонуни Тоҷикистон ҳам дунёвият, ҳам озодиҳои динӣ ва ҳам ҳизби сиёсии диниро кафолат медиҳад. Вақте давлат арзишҳои диниро, ҳамчун ҷузъи арзишҳои фарҳангии мардум эҳтиром мекунад. Аслан исломи сиёсии ифиротӣ ҳамчун падида аз байн меравад. Ва Тоҷикистонро зарур аст, ки ваҳдати дохилиро бо иштироки исломиҳои сиёсӣ мустаҳкам нигоҳ дорад, вагарна бо як дахолати хориҷи шӯълаи ин ваҳдат халалдор мегардад».
Зимнан гуфта шуд, ки беҳтарин роҳи субот ва пешгирӣ аз пайомадҳои ифротии дини ва исломӣ, ин эҳтироми арзишҳову эътиқоди динии мардум, аз тарафи ҳукуматҳо ба роҳ мондани муносиботи созишкорона бо нерӯҳои динӣ, мебошад.
Ва муносибати созандаву шафоф бо нерӯҳои исломӣ, заминаи ҳамагуна шубҳаву танишҳои эътиқодии мардумро барҳам медиҳад.