Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як барномаи моҷароангези шабакаи Имедии Гурҷистон


Як намоиши танзомези шабакаи телевизионии Имедии Гурҷистон боиси тааҷҷуб ва вокуниш шудааст. Дар он гуфта мешуд, Русия ба қаламрави Гурҷистон таҷовуз карда ва раиси ҷумҳури Гурҷистон дар ин ҳамла кушта шудааст.

Ин намоишнома ғазаби мардумро ҳам барангехтааст ва нуктаи дигар ин аст, ки дар ин намоишнома раҳбарони мухолифони давлати Гурҷистон гӯё ба нируҳои Руссия пайвастаанд ва аз артиш даъват кардаанд, ки бар зидди давлати Саакашвилӣ бархезанд.

Дар як мусоҳиба бо Бидзина Рамишвилӣ, корманди бахши гурҷии радиои Озодӣ нахуст ҳамин суолро матраҳ кардем.

- Вокуниш хеле манфӣ буд. Тақрибан дар ҳамаи маҳофил, ҳам дар маҳофили сиёсӣ ва ҳам дар маҳофили иҷтимоӣ ва ҳатто намояндагони ҳукумат, ки ба таври ошкоро худашон фаъолияти шабакаи телевизионии Имедиро контрол мекунанд, бар зидди ин барномаи телевизионӣ изҳори назар карданд. Бо вуҷуди ин баъзе ақидаҳое низ садо доданд, дар ин бора, ки ҳадафи ин барнома ҷалби таваҷҷӯҳи маҳофили гурҷӣ ба хатаре буд, ки вуҷуд дорад.

- Оё аз ҷониби мақомоти расмии ҳукумат низ вокунише ба ин барнома мушоҳида шуд?

- Бале, президент Сааашвилӣ низ аз ин барнома интиқод кард, гарчӣ вай гуфт, ки чунин барномаҳо зарурианд ва чунин барномаҳо метавонанд дар мафкураи ҷомеа таъсири мусбат гузоранд. Вале вай изҳор дошт, ки ширкати телевизионии Имедӣ иштибоҳ содир кард, зеро дар поёни наворҳо бояд менавишт, ки ин пахши мустақим нест, балки намоишнома аст.

- Медонед Бидзина, тибқи хабарҳои матбуотӣ, мухолифони Гурҷистон ин барномаро ё намоишномаро як навъ PR компания ё таблиғи президент Cаакашвилӣ аз тарафи мақомот арзёбӣ кардаанд ва гӯё ҳадаф сиёҳ кардани мухолифон будааст? Коршиносону таҳлилгарон онро чӣ тавр арзёбӣ мекунанд?

- Яке аз ҳадафҳои ин барнома сиёҳ кардани мухолифон буд, зеро дар ин сюжет чунин гуфта мешавад, ки бораи таҷовузи Русия ва дуввум ва хеле муҳим, нишон дода шуд, ки гӯё раҳбарони мухолифон Нино Бурҷанадзе, раиси пешини порламон ва Зураб Нугайделӣ, нахуствазири пешин бар зидди давлати Гурҷистон муқовимати низомӣ ташкил кардаанд ва ба тарафи нируҳои Русия гузаштаанд. Ҳатто дар он ҷо гуфта мешуд, ки баъд аз куштори Саакашвилӣ ҳукумати нав ташкил шудааст. Дар ин сюжет Саакашвилӣ кушта мешавад.

- Оё тибқи қонунҳои мавҷудаи Гурҷитстон муаллифони ин намоишнома ба масъулият кашонда хоҳанд шуд ё ин як барномаи мазҳакавӣ буд?

- Ин барномаи мазҳакавӣ набуд. Ин барнома ба таври хеле ҷиддӣ тарҳрезӣ шуда буд. Агар муқаррароти қонун риоят шавад, муаллифон ба эҳтимоли зиёд ба масъулият кашонда мешаванд. Вале масъала ин аст, ки оё чунин хоҳанд кард?
Вале фишори ҷомеъа то андозае зиёд аст, ки эҳтимолан ҳукумат наметавонад чунин корро беҷвоб гузорад.


- Вокунишҳои байналмилалӣ ба ин амоишнома чӣ тавр аст?

- Расонаҳои хабарии байналмиллалӣ ба таври хеле шадид аз он инитиқод карданд. Баъзе аз дипломатҳои ғарбии муқими Тифлис роҷеъ ба он изҳори назар карданд. Масалан, намояндаи Иттиҳодияи Аврупо онро бемасъулиятии як расонаи хабарӣ арзёбӣ кард. Ман фикр мекунам, ки чунин кор дар арсаи байналмиллалӣ ба эътибори Гурҷистон таъсири бад мегузорад. Агар ин кор дар маҳфили ҳукуматӣ барномерезиӣ шуда буд, пас метвон ба истилоҳе гуфт, ки "онҳо ба дарвозаи худ гол заданд".
XS
SM
MD
LG