Иноят Мухторова, як сокини Хуҷанд, мегӯяд, дар рӯзи 8 март бо дугонаҳояш ба сайругашт баромадааст, зеро онҳо дар ин рӯз аз кори хона озоданд ва таҳияи таъому анҷоми дигар корҳои хона дар ин рӯзро мардҳо бар уҳда гирифтаанд.
Аммо на ҳама чун хонум Иноят рӯзи 8 мартро таҷлил мекунанд. Барои бархеи дигари хонумҳо ин рӯз чун рӯзҳои муқаррарӣ буд.
Шарифаи 32-сола, ки дар яке аз чойхонаҳои Хуҷанд ба сифати пешхизмат кор мекунад, мегӯяд, барои ӯ, ки зиндагиаш аз даромади ҳаррӯзааш бастагӣ дорад, истироҳат кардан имконнопазир аст.
Шарифа чор фарзанд дорад. Шавҳараш ду сол аст, ки дар муҳоҷирати корист. Ӯ мегӯяд, ба хотири таъмини зиндагии осудаи фарзандонаш орзуву хостаҳои худро қурбон мекунад.
Мусабеҳсон, хонуми дигари хуҷандӣ, имрӯз чун Шарифа сари кор буд. Вай, ки дар бозори Панҷшанбе ба тиҷорат машғӯл аст, мегӯяд, кори бозор ва ташвиши зиндагӣ эҳсоси идҳоро аз дил бурда, танҳо ба як рӯзи пурмуштарӣ табдил додааст.
Рӯзи бонувон бозори тӯҳфаҳо ва гулҳои баҳорӣ дар Хучанд ҳам гарм мекунад. Абдурашид Маҷидов яке аз фурӯшандаи дӯкони гулҳо мегӯяд, «дар тӯлӣ ду се рӯз фурӯши гулҳо афзудааст. Бештар гулҳои садбаргу наргис ва лоларо харидорӣ мекунанд».
Дар барномаи таҷлил аз рӯзи Иди модарон дар Хуҷанд ба ҷуз аз консерти чанд санъаткор дигар ҳеҷ чорабиние аз сӯи мақомоти шаҳр ба мушоҳида намерасид.