Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дидори нозирони САҲА бо Эмомалӣ Раҳмон


Артис Пабрикс, сарвари ҳайати нозирони САҲА бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар бораи интихоботи порлумонӣ, вазъи сиёсӣ ва равндҳои демократӣ дар Тоҷикистон сӯҳбат кардааст.

Вай афзуд, ба раисҷумҷур дар бораи натиҷаи кори ҳайати нозирон, ки то ин муддат дар ду гузориш кардаанд, маълумот додааст. Вай афзуд: «Рӯшан аст, ки кишваре бо демократияи комил вуҷуд надорад. Ин гузоришҳои миёндавраианд ва бархе далелҳоро бояд тафтиш кард. Аз ҳама муҳим барои дар роҳи демократия гом задан иродаи сиёсӣ мебояд, зеро мо ҳама меомӯзем».

Ҳайати нозирони САҲА дар интихоботи парлумонии Тоҷикистон рӯзи 19 январ ба кор шурӯъ кард ва то ба ҳол ду гузориш дар бораи фазои пешазинтихоботии Тоҷикистон омода кардааст. Дар ин гузоришҳо ниҳоди интихоботӣ ва қонунгузории Тоҷикистон мавриди интиқод қарор гирифтанд. Аз ҷумла дар гузориши дуввум бетафовутии Кумиссиюни Марказии интихобот ва раъйгирии Тоҷикистон нисбати баррасии шикоятҳои аҳзоби сиёсии кишвар таъкид мешавад.

Вокуниши КМИР ба гузориши нозирони САҲА


Камисиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон маълумот ва далелҳои ин гузоришро «носанҷида» ва «дурӯғпардозӣ» арзёбӣ карда, дар охир суол мегузорад: «Оё мумкин аст, ки чунин як созмони бонуфуз, ба истилоҳ факту далелҳои ҳамаҷониба носанҷидаро дар гузориши расмии худ ҷой диҳаду дар чунин сатҳи дасисаангезона қазоват бикунад?»

Артис Пабрикс, сарвари ҳайати нозирони САҲА аз ин вокуниши КМИР изҳори беиттилоотӣ кард ва гуфт, барои ҳар нуктаи гузориш далелҳои мӯътамад оварда шудаанд ва дар мулоқот ба ӯ раисҷумҳур гуфтааст, ки ҳар арзу шикоятро Додситонии кулли Тоҷикистон баррасӣ хоҳад кард.

Гузоришҳои муассир ва номуассир


Аммо коршиносон далоили баҳси ҳайати нозирони САҲА бо мақомоти интихоботии Тоҷикистонро дигаргуна арзёбӣ мекунанд. Абдуллоҳи Раҳнамо, коршиноси сиёсӣ дар мисоли ду гузориши миёндавраии нозирони САҲА мегӯяд, мухолифати ин ҳайат ва ниҳоди интихоботии Тоҷикистон танҳо ноогоҳии ширкатдорони интихобот - шурӯъ аз таблиғгарон то аҳзобу мақомот аст: «Мо ҳаргиз одат накарда будем, ки гурӯҳе аз ҷавонон коғазу брошюру бюлетенҳо дар кӯча ё дар ба дари мардум ва ҷойҳои ҷамъиятӣ тақсим кунанд. Он мақомот, ки бо онҳо бархӯрд доштанд, баъдтар изҳор доштанд, ки онҳо гумон надоштанд, ки ба ин чизҳо иҷозат ҳаст. Хулосаи куллии ман ин аст, ки аз як сӯ воқеан бо таъкиди пайвастаи раисҷумҳур як фазои имконпазир барои таблиғот ба вуҷуд омаааст, аз сӯи дигар ҳизбҳо он потенсиали таблиғотиеро, ки доштанд, истифода накарданд, зеро аз аввал чун боварӣ кам буд, омодагии зиёде ҳам дида нашуд».

Дар интихоботи парлумонии Тоҷикистон беш аз 500 нозири хориҷӣ, ба шумули 250 нафар аз САҲА ва бақия ИДМ ва Созмони Шанхай ширкат хоҳанд кард. Қаблан, аҳзоби мухолифи ҳукумати Тоҷикистон аз онҳо интиқод карда, нақши онҳоро дар интихоботҳо номуассир арзёбӣ карданд. Аммо нозирон, аз ҷумла ҳайати САҲА чандин маротиба изҳор доштанд, ки кори онҳо на таъсир расондан, балки назорат ва пешниҳоди тавсияҳо аст.
XS
SM
MD
LG