Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагиҳо ба интихоботи Тоҷикистон дар Русия


Тибқи ҳисобҳои тақрибӣ беш аз 30 дарсади раъйдиҳандагони тоҷик ё ҳудуди як миллион нафар шаҳрвандони Тоҷикистон дар берун аз кишвар, ба вижа дар Русия дар муҳоҷирати корӣ қарор доранд. Онҳо аз қисмати Аврупои шарқии Русия, аз каронаи Балтик гирифта, то Шарқи Дур ё Сибир дар вилоятҳову шаҳрҳо ва ҳатто дар деҳот ба таври пароканда кору зиндагӣ мекунанд. Оё фаро гирифтани ҳамаи онҳо дар интихобот имкон дорад ва масъулияти баргузории онро дар чунин шароит кӣ бар ӯҳда мегирад? Қисмати ин 30 дарсад райъ, ки дар Русия қарор дорад, чӣ хоҳад шуд?

Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Тоҷикистон Абдумаҷид Достиев, сафири кишвар дар Русияро раҳбари ҳавзаи ягонаи баргузории интихобот дар Русия таъин кард. Мусоҳибаи ихтисосии худ бо Озодиро Абдумаҷид Достиев аз омодагиҳо ба интихобот оғоз кард:

Абдумаҷид Достиев: "Қабл аз ҳама ташаккур ба шахсоне, ки то ман дар ин кишвар ба ҳайси сафиру кормандони сафорат кор карданд ва таҷрибаи хуби гузаронидани чунин интихоботҳоро пайдо кардаанд. Мо барои баргузории чунин интихобот омодагии хуб ҳам дида истодаем. Тибқи қарори Комиссияи марказии интихобот ва райпурсии ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Русия як участка, вале дар 8 шаҳри калонтарин, ки ҳамаи минтақаҳои Русияро дар бар мегирад, қуттиҳо гузошта мешаванд ва масъулин аллакай ба ин кор вобаста ҳастанд. Аз Екатеринбург сар карда, то Маскав. Ба унвони тамоми раҳбарони шаҳрҳо, вилоятҳо ва ҳавзаҳои федеролии Русия аз номи сафир мактуб фиристодем ва хоҳиш кардем, ки дар гузаронидани чунин маъракаи муҳими сиёсӣ ба мардуми мо, ба шаҳрвандони мо ёрӣ расонанд ва дастгирӣ кунанд. Аз аксарияти онҳо ҷавоб ҳам гирифтем. Онҳо омодаанд, ки дар ин кор ба мо дасти ёрӣ дароз кунанд ва ба шаҳрвандони мо дар он ҷойҳое, ки номнавис мешаванд, барои ширкат дар интихобот кӯмак кунанд.»

Суол: «Ҷаноби сафир, дар интихоботи гузашта низ ҳамин таҷрубаро сафорати Тоҷикистон бо мақомоти расмии вилоятҳо ва шаҳрҳои гуногуни Русия дошт. Онҳо аз ҷиҳати техникӣ ба нуқтаҳои райъдиҳии интихоботи Тоҷикистон дар минтақаҳои худ кӯмак хоҳанд кард ё кӯмаки дигаре дар назар дошта шудааст?»

Ҷавоб: «Ба ҳамаамон маълум аст, агар чанд нафар шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ дар ҷое ҷамъ шаванд ё рафту омад кунанд, масалан барои андохтани райъи худ дар қуттӣ, таваҷҷӯҳ ба онҳо ҷалб мешавад, ҳатто сокинони маҳаллӣ кам-кам хавф мебаранд. Барои ҳамин, мо бояд пешакӣ гӯем, ки 28-уми феврал интихобот дорем. Ёрии онҳо ба фикрам, аз бисёр ҷиҳат, ба ташкили амнияти қитъаҳои райъдиҳӣ, халалдор накардани ҷараёни райъдиҳӣ аз ҷониби баъзе одамони носолим вобаста аст. Худи кормандони ҳифзи ҳуқуқ ҳам мепурсанд, ки чаро шаҳрвандони мо беиҷозат ҷамъ омадаанд. Ба фикри ман, кӯмак ҳамин аст, ки амниятро таъмин кунанд ва имконият диҳанд, ки мардуми мо бемамониат омада, ин чорабиниро гузаронанд.»

Суол: «Чун медонем, ки ҷамъиятҳои тоҷикони муқими Русия ҳам нисбат ба солҳои аввали вурудашон ба ин кишвар хеле муташаккилтар шудаанд ва барномаҳои фаъолият ҳам доранд. Оё ҳамин ҷамъиятҳо дар вилоятҳову шаҳрҳои Русия омодаанд, ки барои баргузор кардани интихобот кӯмак кунанд?»

Ҷавоб: «Мо ба мақомоти расмии ин кишвар ба хотири он муроҷиат кардем, ки имконият диҳанд ва имконият фароҳам оваранд ва монеае аз тарафи мардуми маҳаллӣ ё мақомоти маҳаллӣ барои гузаронидани ин интихобот нашавад. Лекин барои ташкил ва даъвати шаҳрвандони Тоҷикистон ба райъдиҳӣ ва гузаронидани интихобот мо ҳамчунин ба ҳамаи ҷамъиятҳои тоҷикистониёни Русия, ба хусус дар вилоятҳову шаҳрҳои калон муроҷиат кардем. Мо бо онҳо робитаи хуб, мустаҳкам ва созанда дорем. Дар ҳама масъалаҳо, дар ҳама чорабиниҳое, ки дар ин кишвар мегузарад, мо бе дастгирии онҳо ё бе ҳамкории онҳо ба субут намерасонем. Ҳатто он масъалаҳое, ки сирф ҳукуматист, мо аз хизмати онҳо, аз маслиҳати онҳо, аз иштироки онҳо истифода мебарем. Мо ба ҳамаи 69 ташкилоти ҷамъиятии тоҷикистониёни Русия муроҷиат кардаем ва аксари онҳо шахсан ба ман ва ба аъзои комиссия тавассути телефону тавассути почтаи электронӣ маълумот ҳам доданд ва гуфтаанд, ки тайёранд барои бенуқсон гузаронидани интихобот кӯмак кунанд.»

Савол: «Дар Тоҷикистон салоҳияти аъзои комиссияи ҳавзаҳои интихоботӣ аз тарафи КМИР ба тасвиб мерасад ва салоҳияти онҳо ба таври расмӣ шинохта мешавад. Оё ононе, ки дар нуқтаҳои райъдиҳии шаҳрҳову ноҳияҳо ва вилоятҳои гуногуни Русия масъулияти баргузории интихоботро бар ӯҳда доранд, салоҳияти расмӣ гирифтаанд ё аз роҳҳои дигаре фаъолияти онҳо ба қонун мутобиқ карда мешавад?»

Ҷавоб: «Тибқи қарори Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Тоҷикистон, дар Русия як участка ва раиси он ҳам сафири Тоҷикистон аст. Аз рӯи таҷрибаҳои пешин дар 8 шаҳри бузург қуттиҳои райъдиҳӣ мегузоранд. Раҳбарони ташкилотҳои ҷамъиятиро масъул кардем, бо фармони сафир, яъне раиси комиссияи участкавӣ. Инчунин, аз марказ аз сафорат дар Маскав намоядагони дигари расмии давлатии Тоҷикистон, ки дар ин ҷо сукунат доранд, мувофиқи имкон 8-10 рӯз пештар ба он ҷойҳо мераванд ва то гузаштани интихобот бо интихобкунандагон кор мебаранд. Аз ҷамъиятҳои тоҷикони ҳар маҳал мо дархост кардаем, ки дар ин кор онҳо низ ширкат кунанд. Онҳо ба намояндагони аз Маскав рафта кӯмак мекунанд, чунки шаҳрвандони Тоҷикистонро дар шаҳру вилояти худ беҳтар мешиносанд. Инчунин, мо дар Екатеринбург, минтақаи Сибири Русия мо консулгарии генералӣ дорем ва онҳо ҳам муваззаф шудаанд, ҳамчун муовини раиси комиссияи участкаи интихоботӣ, онҳо ҳам дар он ҷо мешаванд ва дар интихобот ширкат меварзанд.»

Суол: «Абдумаҷид Салимович, яке аз масъалаҳои дигар он аст, ки дар Тоҷикистон ҳизбҳо ва номзадҳои интихоботӣ имкон доранд, ки бо интихобкунандагони худ мулоқот кунанд. Оё то ҳол барои мулоқот бо муҳоҷирони корӣ ё райъдиҳандагони тоҷик дар қаламрави Русия ягон номзад ё ягон ҳизби сиёсӣ ба мулоқот изҳори омодагӣ кардааст ва агар онҳо омаданд, то чӣ андоза имкон барои онҳо фароҳам мешавад?»

Ҷавоб: «Аз рӯи қонуни мавҷуда, то ҷое, ки ман медонам, бояд раҳбарияти ҳизбҳо ва номзадҳои алоҳида ҳангоми вохӯрӣ бо интихобкунандагони худ Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсиро дар ҷараён гузоранд. Ба ҳамин сабаб, аз рӯзе, ки фармони раисҷумҳури кишварамон дар бораи интихоботи Маҷлиси Намояндагони дар 28-уми феврал баромад, дар ин муддат касе аз номзадҳо ё касе аз раҳбарони ҳизбҳои сиёсӣ ба Русия омада, ба комиссияи мо муроҷиат накардаанд. Лекин агар биёянд, тамоми чораҳо андешида мешавад, ки онҳо имконият пайдо кунанд ва мо ҳам имконият фароҳам меорем, ки онҳо бо интихобкунандагон аз наздик шинос шаванд ва барномаҳои худро ба онҳо шинос кунанд ва аз онҳо хоҳиш кунанд, ки ин ё он ҳизб ва ё ин ё он номзадро дастгирӣ кунанд. То ҳозир касе наомадааст, агарчӣ ман рӯйхати ҳизбҳо ва намунаҳои варақаҳои райъдиҳиро гирифтаам.»

Суол: «Абдумаҷид Салимович, ҳамин ҷо як саволи дигари иловагӣ мехостам пурсам. Оё шаҳрвандони Тоҷикистон, масалан ононе, ки аз вилоятҳои Суғд, Хатлон ё Бадахшон ҳастанд, ҳар яке ба ҳамон номзаде, ки дар маҳалли худаш пешбарӣ шудааст, барои ҳамон овоз медиҳанд ё тартиби овоздиҳӣ дар Русия тарзи дигар аст?»

Ҷавоб: «Не, бюллетенҳои мо фарқ мекунад дар Русия. Ҳар овоздиҳанда метавонад, ки дар як бюллетен номи ҳар номзадеро, ки мепазирад, ҳамонро ишора кунад. Дар ин ҷо ҳама имконият доранд, кадом номзадеро, ки хоҳанд, ба тарафдории ҳамон овоз диҳанд. Ҳамин тавр, кадом ҳизберо ки мехоҳанд, ба тарафдории ҳамон овоз медиҳанд. Дар ин масъала шароит фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, ман имрӯз медонам, ки аз Уфа дар Бошқирдистон раҳбари яке аз ташкилотҳои фаъолтарини мо, ҳамватани мо номзадии худро дар як ҳавзаи ноҳияи Бохтари Тоҷикистон номнавис кардааст.»

Суол: «Ҷаноби сафир, ҳамин ҷо мехостам аз шумо як суол кунам, чун шумо худатон ин мавзӯъро боз кардед. Оё танҳо як намоянда аз Уфа худро номзади интихоботи порлумонӣ кардааст ё шахсони дигаре ҳам аз муҳоҷирони корӣ ҳастанд?»

Ҷавоб: «Ман то ҳол аз номзадии ҳамин як нафар хабар дорам. Ба таври расмӣ ҷонишинашон ба ман гуфтанд, ки раиси ҷамъияти тоҷикони Уфа ба ҳайси номзад номнавис шудааст дар яке аз ҳавзаҳои интихоботии ноҳияи Бохтар. Дигарон моро дар ҷараён нагузоштанд. Шояд бошанд. Воқеан дар қаламрави Русия беҳтарин фарзандони миллати мо кору зиндагӣ мекунанд. Бо амри тақдир дар ин ҷо олимони бузург дорем, аҳли фарҳанг, қаламкашони бузург дорем, воқеанигор ва рӯзноманигорони зиёде дорем, табибони беҳтарин дорем. Дар дигар соҳаҳо низ мутахассисони беҳтарин дорем. Ман тарафдори онам, ки дар сохторҳо ва дар таркиби мақомоти расмии Тоҷикистон, агар чунин шахсон кор кунанд ё интихоб шаванд, ба манфиати мардум ва ба манфиати ману шумо мешуд. Барои тасдиқи ин гуфтаҳо суханони президенти мамлакатамон ба ёдам меояд. Он кас ҳангоми вохӯрӣ бо ҳамватанонамон гуфтанд, ки ба қадри Ватан ононе мерасанд, ки дар берун аз Ватан ҳастанд.»

Суол: "Ташаккур ҷаноби сафир, чун шумо чанд сол аст, ки раҳбарии сафоратро дар Русия бар ӯҳда доред, чӣ тафовуте ба омодагиҳо ба ин интихобот аз чанд интихоботи гузаштаи Тоҷикистон дар қаламрави Русия мебинед? Фазои интихоботӣ дар миёни мардуми тоҷики муқими Русия чӣ гуна аст?»

Ҷавоб: «Ман интихоботҳои гузаштаро аз рӯи пешниҳодҳои сафорат ва протоколҳо, яъне аз рӯи коғаз мефаҳмидам, ки хуб мегузаштанд. Проблемаҳои хурду реза буданд, лекин ба он дараҷае, ки натиҷаҳои интихоботро халалдор кунад, набуданд. Вале ин дафъа бори аввал ман худам бо кормандонам бевосита бо ин кор машғул ҳастем. То ин дам аз фаъол будани ҳамватанонамон дар ин кишвар қаноатмандам, ки тақдири Ватан барои инҳо бетафовут нест. Ба ҷуз аз интихобот ҳам рӯзе нест, ҳафтае нест, ки гурӯҳҳои ҳамватанонамон аз рӯи дилсӯзӣ, аз рӯи ғамхорӣ нисбат ба якдигар бо як пешниҳоди ҷолибе, бо як хоҳише наоянд. Ба қадри Ватану пешравии Ватан мерасанд. Аз ҷумла интихобот ҳам. Имрӯзҳо таввасути телефону мактуб аз ҳамаи гӯшаву канори Русия бо мо дар тамос ҳастанд. Аз ин ҳамкорӣ чунин бармеояд, ки ба интихобот ҳам омодагӣ доранд. Масалан, дар як занги телефонӣ пурсиданд, ки номзади мо дар Тоҷикистон аст ва мо метавонем ба тарафдории вай аз Русия овоз диҳем? Ин нишонаи бедории ҳамватанонамон аст. Ман ба онҳо гуфтам, ки, бале метавонед. Бюллетенҳои мо ин имкониятро ба шумо медиҳад.»

Суол: «Яъне, ки имсол умед ба ширкати бештар ва фаъоли шаҳрвандони Тоҷикистон дар интихоботи порламонии Тоҷикистон дар қаламрави Русия вуҷуд дорад?»

Ҷавоб: «Аз нигоҳи ман, бале, вуҷуд дорад. Умед дорам, ки нисбат ба солҳои пеш имсол бояд беҳтар гузарад.»
XS
SM
MD
LG