Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паноҳҷӯии чаҳор ҷавони тоҷик дар Норвегия


Тазоҳурот барои додани ҳаққи паноҳандагӣ ба салафиёни қазоқ дар Ҷумҳурии Чех, 7 декабри соли 2009
Тазоҳурот барои додани ҳаққи паноҳандагӣ ба салафиёни қазоқ дар Ҷумҳурии Чех, 7 декабри соли 2009

Мақомоти умури муҳоҷират дар Норвегия машғули баррасии аризаи чаҳор ҷавони тоҷикистонӣ ҳастанд, ки дархости паноҳандагӣ дар ин кишварро кардаанд.

Ин ҷавонон дар яке аз марказҳои нигаҳдории нафарони ҷӯёи ҳаққи паноҳандагӣ дар беруни шаҳри Осло, пойтахти Норвегия ба сар мебаранд.

ҲУВИЯТИ ПИНҲОН

Сигурд Скефштад, яке аз масъулони Хадамоти муҳоҷирати Норвегия, дар сӯҳбати телефонӣ бо "Озодӣ" аз шаҳри Осло гуфт, ки бино бар қонунҳои Норвегия, фош кардани маълумоти марбут ба ҳувияти паноҳҷӯён мамнӯъст. Ба ин сабаб номи онҳо ва сабабҳои дархости паноҳандагӣ, яъне иллати дилсардии онҳо аз идомаи зиндагӣ дар ватанашон ифшо намешавад.

Ҷаноби Скефштад афзуд, танҳо дар моҳи январи имсол ба полиси Норвегия ду шаҳрванди Тоҷикистон муроҷиат карда, хостори дарёфти ҳаққи паноҳандагӣ шудаанд.

Як донишҷӯи тоҷик, ки дар Латвия таҳсил мекунад, мегӯяд, бо қазияи ин ҷавонҳо шинос аст. Вай гуфт, онҳо аз 18 то 22 сол дошта, худро пайрави фиқҳи салафӣ мешиносанд ва баъд аз манъ шудани ин гурӯҳ дар қаламрави Тоҷикистон, тасмим гирифтаанд, ватанро тарк кунанд. Онҳо ба хотири ҷилавгирӣ аз таъқиб ба Норвегия сафар карда, аз давлати ин кишвар ҳаққи паноҳандагӣ дархост кардаанд.

Ин донишҷӯ ба Радиои Озодӣ гуфт: “Як ҳафта пеш ман бо онҳо тавассути интернет сӯҳбат карда будам. Онҳо гуфтанд, ки аҳволашон, шароити зиндагиашон хеле хуб аст. Онҳо се дафъа дар рӯз хӯрок хӯрда, моҳе аз давлати Норвегия 600 доллар кӯмакпулӣ мегиранд ва бепул забони норвежиро меомӯзанд. Тавре онҳо ба ман гуфтанд, дар як рӯз онҳо ҳақ доранд ду-се соат аз компютери марказе, ки он ҷо нигаҳдорӣ мешаванд, истифода кунанд. Онҳо мегӯянд, ки салафӣ ҳастанд ва дар Тоҷикистон ҳам салафӣ буданд. Онҳо ба полиси Норвегия гуфтанд, ки дар Тоҷикистон барои салафӣ буданашон онҳоро ғам медоданд ва барои ҳамин ҳоло кори онҳоро давлати Норвегия баррасӣ мекунад.”

Се нафари ин ҷавонҳо пеш аз сафар ба Норвегия дар донишгоҳҳои Тоҷикистон таҳсил карда, як нафарашон тоза мактаби миёнаро хатм кардааст.

ДУРНАМОИ ЭҲТИМОЛӢ

Чандин созмони ғайридавлатӣ дар Норвегия аз ҳуқуқи паноҳҷӯён ҳимоят мекунанд. Яке аз онҳо созмони NOAS мебошад, ки дар баррасии парвандаи паноҳҷӯён бевосита ширкат ва бо мақомоти давлати Норвегия ҳамкорӣ мекунад.

Намояндагони ин созмон мегӯянд, бо парвандаи паноҳҷӯёни салафии тоҷик ҳанӯз ошно нашудаанд, аммо медонанд, ки аз Тоҷикистон шумори хеле ками паноҳҷӯён ба Норвегия руҷӯъ мекунанд.

Дар қиёс, шумори бештарини аризаҳо аз шаҳрвандони Афғонистон, Эрон, Сомалӣ, Эритрея, Ироқ ва аз ҷониби чечентаборҳои Русия меояд.

Агар қисми аъзами онҳо бо сабаби ҷангу низоъ фирор карда, аз Норвегия дархости паноҳандагӣ карда бошанд, шумори қобили мулоҳизаи онҳо бо сабаби ба дини дигар гаравида, мавриди таъқиб қарор доштанашон паноҳанда шудаанд.

Андреас Фурусет, мушовири ҳуқуқии созмони NOAS дар сӯҳбат бо "Озодӣ" аз шаҳри Осло гуфт: “Мавридҳои марбут ба парвандаҳои мазҳабӣ хеле мухталифанд. Ҳоло қазияҳои хеле зиёдро дидан мумкин аст, ки марбути аз дини ислом ба масеҳӣ гузаштани паноҳандагон дар кишварҳои Афғонистон, Эрон, Ироқ ва дигар давлатҳои мусалмоннишин мебошад. Аммо дар бисёр ҳолатҳо мақомоти Норвегия ба ин афрод мегӯянд, ки ҳатто агар ҳам онҳо динашонро дигар карда бошанд, беҳтар аст дар ватани худ зиндагиро идома диҳанд ва кӯшиш кунанд, ки ба хотири ҷилавгирӣ аз таъқибу фишор маросими мазҳабиро дар мазҳари ом анҷом надиҳанд”.

Оқои Фурусет афзуд, ки дар аксар ҳолатҳо ба ингуна довталабон ҳаққи паноҳандагӣ дода намешавад.

Дар ҳоле, ки қазияи чаҳор тоҷикистонии ҷӯёи ҳақи паноҳандагӣ дар Норвегия маълум нест бо чӣ меанҷомад, дар Тоҷикистон бо як ҳукми додгоҳи олӣ оғози соли гузашта фаъолияти гурӯҳи Салафия мамнӯъ шудааст.

Нахустин аъзои ин гурӯҳ бо шумули яке аз раҳбарони он – Эшони Сироҷиддин моҳи январи имсол ба мӯҳлати аз панҷ то ҳафт сол равонаи зиндон шуданд.

Додгоҳи Тоҷикистон ин афродро ба “ангезиши кинаву хусумати мазҳабӣ” гунаҳгор медонад, вале худи салафиро ин иттиҳомотро қабул надоранд.

"МАККА"-И ПАНОҲҶӮЁН

Норвегия ва дигар кишварҳои скандинавӣ барои паноҳандагон беҳтарин шароити иҷтимоиву ҳуқуқӣ фароҳам меоранд. Ҳатто ҳанӯз пеш аз гирифтани санади паноҳандагӣ, паноҳҷӯён дар шароити мусоид, дар марказҳои махсус ва ё ба таври инфиродӣ дар хонаҳои ҷудогона зиндагӣ мекунанд.

Ба онҳо сармояи камубеш кофии рӯзгор дода мешавад. Онҳо ҳақ доранд, дар кишвар озодона ҳаракат кунанд ва ҷои зиндагӣ интихоб намоянд. Пас аз як давраи омӯзиши забон ба онҳо чанд шуғл ё имкони таҳсил пешниҳод мешавад. Мӯҳлати куллии баррасии парвандаи ҳар паноҳюҷӯ аз 6 моҳ то 1-2 солро дар бар мегирад.

Бино ба маълумоте, ки Ҷаноби Скефштад дар ихтиёри мо гузошт, дар маҷмӯъ, бар тибқи омори ин хадамот, дар даҳ соли охир 142 шаҳрванди Тоҷикистон бо дархости паноҳандагӣ ба полиси Норвегия муроҷиат кардаанд.

Бештарин мавридҳои муроҷиати шаҳрвандони Тоҷикистон барои ҳаққи паноҳандагӣ дар Норвегия дар солҳои 2009 (26 маврид), 2002 (42 маврид) ва солҳои 2001 ва 2003 (дар маҷмӯъ 48 маврид) ба қайд гирифта шудааст.

Маъмулан ин афрод бо фирор аз ҷангу ноамнӣ, бо сабаби мавриди пайгарди сиёсиву амниятӣ қарор доштанашон, эҳсоси хатар баъд аз дигар кардани динашон ба кишварҳои аврупоиву ғарбӣ барои ҳимоят ва идомаи зиндагӣ муроҷиат мекунанд.
XS
SM
MD
LG