Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аввалин иштибоҳ дар ҷараёни "Амалиёти муштарак"


Паймони низомии НАТО барои ҳалокати тасодуфии 12 нафари ғайринизомӣ дар Афғонистон маъзарат хост. Ин ҳодиса дар рӯзи дуввуми амалиёти густардаи НАТО алайҳи ҷангиёни толиб дар вилояти Ҳилманд рух дод.

Фармондеҳи НАТО генерал Стенлӣ МакКристалл гуфт, нирӯҳои паймон истифодаи он навъи мушакҳоро, ки боиси ҳалокати ғайринизомиён шуд, то анҷоми таҳқиқот муттаваққиф хоҳад кард. Раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай бо изҳори таслият гуфт, қурбониён ҳама узви як хонавода будаанд.

Паймони низомии НАТО, ки масъулияти фармондеҳии нирӯҳои байналмилалӣ дар Афғонистонро бар ӯҳда дорад, дирӯз дар як баёния тасдиқ кард, ки бар асари ду мушаки андохтаи нирӯҳояш дар ҷануби Афғонистон 12 нафари ғайринизомӣ кушта шудаанд. Фармондеҳи нирӯҳои НАТО дар Афғонистон генерали амрикоӣ Стенлӣ МакКристал барои ин рӯйдоди нохуш аз раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай маъзарат хостааст.

Ин дар ҳолест, ки дар маҷмӯъ 15 000 сарбози Афғонистону Амрико ва Бритониё рӯзи севвум аст, дар улусволиҳои Марҷо ва Надалии вилояти Ҳилманд алайҳи ҷангиёни толи амалиёти густардаеро бо исми “Амалиёти муштарак” ба роҳ андохтаанд. Ин амалиёт бузургтарин амалиёти зидди Толибон тайи 8 соли ҳузури нирӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон дониста шуда, бино ба хабарҳо, то кунун дар ҷараёни он 2 сарбози НАТО ва 27 чирикӣ кушта шуданд.

Зимнан раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай ҳанӯз қабл аз шурӯъи ин амалиёти густарда аз нирӯҳои НАТО ва урдуи Афғонистон даъват карда буд, аз камоли эҳтиёр кор бигиранд, ки мабодо ба мардуми ғайринизомии сокини минтақа осебе бирасад. Вале алакай дар рӯзи дуввуми амалиёт бар асари асобати ду мушак 12 ғайринизомӣ ҷони худро аз даст доданд.

XS
SM
MD
LG