Ин амалиёти густарда, ки шаби гузашта оғоз шудааст, дар минтақаи Марҷаи вилояти Ҳилманд, дар ҷануби Афғонистон, сурат мегирад. Шаҳри Марҷа бо 80 ҳазор нуфусаш тайи солҳои ахир комилан зери нуфузи Толибон будааст.
Шумори шӯришиёни Толибон дар минтақаи Марҷа ҳудуди ҳазор нафар тахмин мешавад. Пеш аз оғози амалиёти НАТО ҷангиёни Толибон гуфтаанд, муқовимати шадид хоҳанд кард.
Қабл аз ҳамлаи нерӯҳои НАТО ҳазорон нафар сокинони ин минтақа аз хавфи ҷон маҳалли зисти худро тарк кардаанд. Вале бархе аз сарчашмаҳо хабар медиҳанд, ки бахши зиёде аз мардуми маҳаллӣ боқӣ мондааст.
Амалиёти муштарак дар Ҳилманд таҳти раҳбарии нерӯҳои дарёии Амрико сурат мегирад ва дар он барои аввалин бор артиши Афғонистон нақши умда мебозад. Ҳадафи амалиёт берун рондани Толибон аз Ҳилманд ва таҳти контроли ҳукумати Афғонистон қарор додани ин минтақа аст.
Коршиносон ин амалиёт ва натоиҷи онро аз диди сиёсӣ низ хеле муҳим арзёбӣ мекунанд. Зеро он бузургтарин амалиёти низомӣ пас аз суқути Толибон дар Афғонистон ва ҳамчунин дар замони президентии Барак Обама аст.