Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хатари басташавии корхонаи нобиноён


Ягона сехи симтӯрбофии мансуб ба ҷамъияти нобиноёни шаҳри Қӯрғонтеппа, ки 24 маълули нобиноро бо кор таъмин мекунад, феълан бо эҳтимоли корношоямӣ ва басташавӣ рӯ ба рӯ шудааст.

Холмат Давлатов, мудири сехи симтӯрбофии нобиноён, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, аксари дастгоҳҳои корхонаи мазкур кӯҳнаву фарсуда шудаанд ва биноан, ҳаҷми кор ҳам каму шумори кормандонаш низ аз ҳисоби афроди нобино коҳиш ёфтааст. Ҷаноби Давлатов мегӯяд:

«Таҷҳизоти мо қариб ки тамоман аз кор мондаанд. Мо танҳо ду дастгоҳи нисбатан коршоям дорем. Ба сабаби камбуди молӣ мо маҳсулотро аз худи фармоишгар мегирем, симтӯр мебофем ва ба фармоишгар бармегардонем. Танҳо ҳаққи коркардро мегирем. Ҳоло мавсими симтӯр аст, ҳама ҷо боғу ҳавлиҳоро симтӯр мекашанд, фармоишгар бисёр, аммо азбаски дастгоҳҳо фарсуда шудаанд, мо талаботи фармоишгаронро қонеӣ карда наметавонем…»

Мудири сехи симтӯрбофии нобиноёни Қӯрғонтеппа афзуд, ба сабаби набуди дастгоҳҳо ва зиёдии дасти корӣ кормандони ин муассиса дар се баст кор мекунанд, яъне ҳар корманд як рӯз сари кор асту, ду рӯзи дигар таътил дорад. Нобиноёни сехи симтӯрбофӣ барои ҳар рӯзи корӣ аз 21 то 35 сомонӣ ва моҳона беш аз 200 сомонӣ ҳақмузд доштаанд.

Ва аммо Бобишо Мирзоев, сармуҳандиси маркази иҷтимоӣ-эҳёкунии нобиноёни Қӯрғонтеппа, мегӯяд, соҳибкорони алоҳида бо таваҷҷӯҳ ба даромади хуби симтӯрбофӣ сехҳои худро таъсис дода ва қолаби кори сехи нобиноёнро дар кори худ истифода мекунанд, ки дар зимн, доираи харидорони молашон маҳдуд шудааст:

«Соҳибкорони сиҳатманде, ки ҳастанд, меоянд ба ҳар баҳона ба сехи мо, намунаҳои кори моро мегиранд бо худ, меомӯзанд ва дар сехҳои худ, ки ғайриқонунӣ сохтаанд ва аз даромадашон андозу молиёт намесупоранд, онро истеҳсол мекунанд. Кори мо агар ба 8 сомонӣ баробар бошад, онҳо бо истифода аз сими бесифат ва борик симтӯрҳои арзонтар: ба арзиши 7 ё 6 сомонӣ тавлид мекунанд. Ҳамин хел бозори моро ҳам «танг» мекунанд…»

Ҷамъияти нобноёни минтақаи Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон ҳоло наздик ба 950 узв дорад. Чориёр Донаев, раиси ҷамъияти мазкур, меӯяд, танҳо наздик ба 10 дарсади маълулони нобино дар водии Вахш бо шуғли доимӣ ё мавсимӣ таъмин будаанд. Онҳо асосан дар риштаи кишоварзӣ, соҳибкорӣ ва саноати сабук фаъолият мекардаанд.

Аммо бо ин вуҷуд ки бахши аъзами маълулони нобино тавони кор кардан дар корхонаву муассисаҳоро доранд, на ҳамеша барои худ ҷойи кор пайдо мекунанд:

«Азбаски дар паси маълумотномаи маълулони гурӯҳи 1 ё 2 менависанд, ки корношоям аст, муассисаҳо ба ҳар баҳона аз қабули онҳо ба кор худдорӣ мекунанд. Ҳарчанд аз дасти корхоҳон иҷрои ҳар шуғл меояд. Кордеҳон пеш аз пеш эҳтиёт мекунанд, «страховка» мекунанд худро, намехоҳанд, ки бо қабули кормандони маълул барои худ «мушкил» эҷод кунанд. Ҳарчанд мо маълулон ҳам ҳаққи кор кардан дорем…»

Чориён Донаев, раиси Ҷамъияти нобиноёни минтақаи Қӯрғонтеппа, афзуд, маоши бознишастагии маълулони нобино ҳадди ақалл 60 ва ҳадди аксар 120 сомониро ташкил медиҳад. Аммо ба гуфтаи ӯ, барои таъмини иҷтимоӣ ва муолиҷаи афроди нобино ин маблағ бисёр ночиз аст. Ба иддаои ҷаноби Донаев, як роҳи муассири беҳсозии вазъи иҷтимоии нобиноён таъсиси коргоҳҳои нав барои маълулони нобино аст. Коргоҳҳое монанд ба сехи симтӯрбофии нобиноёни шаҳри Қӯрғонтеппа.

Раҳбарони сехи мазкур мегӯянд, бо таҷдиди дастгоҳҳои корхонаи мазкур, имкон дорад оянда дар ин ҷо то 50 маълули нобино бо кори муздноки доимӣ таъмин шаванд. Умеди кормандони сехи симтӯрбофии нобиноёни Қӯрғонтеппа ҳоло танҳо ба сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон аст, ки ваъдаи кӯмаки беш аз 70 ҳазордолларӣ барои таъмиру таҷдиди ин коргоҳ супурдааст.
XS
SM
MD
LG