Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбактаборон ба порлумон роҳ меҷӯянд


Ҷамъияти ӯзбактаборони вилояти Хатлон, бо номи «Дӯстлик», бо танқиди аҳзоби сиёсии Тоҷикистон, мегӯяд, ҳизбҳо дар пешбарии номзадҳои худ ба парлумон манофеъи ақаллиятҳои миллиро нодида гирифтаанд.

Созмони мазкур, ки аз ҷомеаи сернуфуз дар миёни ақаллиятҳои миллӣ маҳсуб мегардад, мегӯяд, барои таъмини адолат ва баробарҳуқуқии тамоми миллатҳо дар Тоҷикистон пешбарии номзадҳои миллаташон гуногун, аз ҷумла ӯзбактаборон ба вакилии парлумон ногузир аст. Салимҷон Шамсиддинов, раиси Ҷамъияти ӯзбактаборони Хатлон, бо номи «Дӯстлик», мегӯяд, дар ҳоле ки сеяки аҳолии Тоҷикистон аз, ба истилоҳ, «майдамиллатҳо», ғолибан ӯзбакҳо, иборат аст, дар парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони мардумӣ ҳам мебояд онҳо намояндагони худро дошта бошанд:

«Дар даврони Шӯравӣ 35-40 фоиз ӯзбакзабонҳо шомили ҳукумат буданд, вазир буданд, раиси ноҳия ва депутат буданд. Ҳоло бошад, аз ҷамъияти думиллионнафараи ӯзбактаборони кишвар нафаре дар мақомоти баландпоя кор намекунад. Мо мехоҳем, ки намояндагони забони мо ҳам ба парлумони кишвар роҳ ёбанд ва аз манфиатҳои ақаллияти мо ҳимоят кунанд…»

Изҳороти Ҷамъияти ӯзбактаборони вилояти Хатлон, дар маҳофили сиёсӣ, мақомоти ҳукумат ва ҳизбҳо вокунишҳои зидду нақиз ба бор овард. Маҳмуд Сараев, корманди шӯъбаи иттилоотиву таҳлилии маъмурияти раисҷумҳури Тоҷикистон, зимни як мулоқоти ахири аҳзоб бо интихобкунандаҳо дар шаҳри Қӯрғонтеппа гуфт, ишораи ангезаи сиёсӣ доштани ин мавзӯъ аз ҷониби созмони ӯзбактаборони Хатлон, хилофи қонун ва одоби сиёсист:

«Бисёр хоҳиш мекунам, ки ба масъалаи намояндагии миллатҳо дар парлумон таваҷҷӯҳи мардумро ҷалб накунед. Чунки ҳайати вакилони Маҷлиси намояндагон иродаи халқи Тоҷикистон аст ва иродаи мардуми Тоҷикистонро зери шубҳа гузоштан аз нигоҳи сиёсӣ ҳам нодуруст аст ва аз нигоҳи одоби сиёсӣ ҳам дуруст нест…»

Аммо ҳозирони мулоқот, ки дар миёнашон ӯзбактаборон низ кам набуданд, аз ин шеваи сӯҳбати ҷаноби Сараев чандон хуш истиқбол накарданд.

Дар ҳамин ҳол, масъулини Ҳизби ҳокими Халқии демократӣ дар Хатлон мегӯянд, иддаоҳои мақомоти созмони минтақаии ӯзбактаборон дар бораи адами намояндагии онҳо дар маҷлисҳои вакилони мардумӣ бепоя аст. Асадулло Шоев, раиси созмони Ҳизби халқии демократӣ дар Қӯрғонтеппа, дар ин робита мегӯяд:

«Вақте ки мо номзадҳои худро ба маҷлиси вакилони халқи шаҳри Қӯрғонтеппа пешбарӣ кардем, фаъолияти соҳаҳои гуногуни шаҳр ва номзадҳоро ба назар гирифтем, омӯхтем. Дар рӯйхати номзадҳои мо ба вакилии маҷлиси маҳаллӣ аз 32 нафар 4 нафарашон ӯзбактаборанд, ду нафар зан ва ду нафар мард. Мо дар рафти интихоби номзадҳо намояндагони ақаллиятҳои миллиро нодида нагирифтаем. Як номзади мо рус мебошад, нафаре дигар қирғиз аст…»


Дар феҳрасти ягонаи ҳизбӣ ҳам аз Ҳизби халқии демократӣ ду номзад – яке ӯзбак ва дигарӣ қирғизтабор ба вакилии парлумон пешбарӣ шудаанд.

Ин ҳама дар ҳолест, ки мақомоти ҳизбҳои сиёсӣ ба камфаъолии намояндагони миллатҳои гуногун дар умури сиёсӣ ва бемайлии онҳо барои шомил шудан ба узвияти аҳзоб таъкид мекунанд. Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, яке аз чунин афрод аст:

«Даъват мекунам аз мардуми ӯзбактабор ва миллатҳои дигар, ки агар ақидаҳои сиёсӣ доранд, биёянд ба аҳзоб шомил шаванд, худро нишон диҳанд, то ҳизбҳо ҳам онҳоро ба вакилӣ пешбарӣ карда тавонанд. Дар он сурат ин масъала, ки ақаллиятҳои миллӣ баррасӣ доранд, дигар хел ҳал шуданаш мумкин аст. Лекин имрӯз, масалан, дар ҳайати ҳизби мо ҳам агар ӯзбактаборон ҳастанд, аммо то он дараҷа фаъол нестанд, аз ин рӯ ба вакилии парлумон пешбарӣ кардани онҳо мушкил аст…»

Бо ин вуҷуд, пешниҳоди Ҷамъияти ӯзбактаборони Хатлон ба раисҷумҳури Тоҷикистон ин аст, ки шумори муайяни намояндагони ақаллиятҳои миллӣ, ҳудудан то 10 нафар, аз тариқи квота шомили Маҷлиси намояндагон гарданд.
XS
SM
MD
LG